ИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Вожаи ҳувият (идентичность) аз калимаи лотинии identicus гирифта шуда, маънои яксон донистан, шабоҳат ё мувофиқати чизе бо чизи дигареро дорад. Дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ-инсоншиносӣ идроки шахс аз худ тавассути маҷмуи сифатҳо ва меъёрҳои рафтор, ҷавоб ба суоли "Ман кистам?" мебошад.
Ҳувияти ego - истилоҳест, ки аз ҷониби ҷомеашинос Э.Эриксон таҳия шудааст, ки ба томияти шахс ишора мекунад; ҳуввият ва идомаи худи мо, сарфи назар аз тағйироте, ки дар раванди афзоиш ва рушд ба мо меоянд (ман ҳамонам). Бӯҳрони ҳувият ин аз даст додани шахсияти эго мебошад. Дар ин ҳолат томияти шахс ва эътиқод ба нақши иҷтимоии худ аз байн меравад ё кам мешавад. Ба маънои дигар, ҳувияти «Эго» (ego) ин қисмати шахсият аст, ки худро ҳамчун «Ман» дарк мекунад, бо ҷаҳони берунӣ тавассути қабул ва дарки худ алоқа мебардорад, нақши миёнаравиро байни ҷаҳони ботинӣ (ғаризаҳо, хоҳишҳо) ва воқеияти беруна (ҳадафҳо, қоидаҳо) иҷро мекунад ва ба инсон кӯмак мерасонад, ки дар зиндагӣ субъект бошад, на танҳо объект. Қисми мағз аст, ки моро ҳамчун як шахси алоҳида эҳсос мекунад. Ба олам тавассути ҳиссиёт ва фикрҳо иртибот барқарор мекунад ва ба мо кӯмак мерасонад, ки ба муҳити атроф худро мутобиқ гардонем, имкон медиҳад, ки ниёзҳои худро дарк ва амалӣ кунем ва худро аз хатарҳо ҳифз намоем. Он на танҳо аз ҳавасҳо ба вуҷуд меояд, балки онҳоро танзим карда, ба мо шоиста зиндагӣ карданро меомӯзонад.
Ҳувияти шахс, ҳувияти иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ ва динамизм ҷанбаҳои асосии ҳувиятро ташкил медиҳанд. Ин ҷанбаҳо чӣ мазмунро дар худ таҷассум медоранд. Масалан, ҳувияти шахс: сифатҳои беназир, хислатҳои инфиродӣ, эътиқод ва таҷрибаи ҳаётӣ, ки шахсро аз дигар афрод фарқ мекунонад, ифода менамояд. Ҳувияти иҷтимоӣ - ин ҳисси мансубият ба гурӯҳҳо, ба монанди миллат, дин, касб ё фарҳанг мебошад. Худшиносӣ - идроки худ ҳамчун як шахсияти том дар замон ва фазо, эҳсоси идомаи шахсияти худ. Динамизм - шахсият дар зери таъсири вазъиятҳои зиндагӣ ва таҷрибаҳои нав доимо инкишоф ва тағйир меёбад.
Аз ҷанбаи психологӣ ҳувият як ҷанбаи марказии худшиносӣ, асос барои қабули қарор ва худбаҳодиҳӣ мебошад. Дар доираи фаҳмиши ҷомеашиносӣ ҳувият як хислати фард ва гурӯҳест, ки онҳоро аз дигарон фарқ мекунад ва тавассути ҳамкории иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Умуман, ҳувият як сохтори бисёрҷанба ва таҳаввулшавандаи худ аст, ки ба шахс барои ҳис кардани худ ва пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
ҳувият ва худшиносии миллӣ вожаҳои ба ҳам мазмунан айниятдошта мебошанд. ҳар ду ба дарки мансубияти шахс ё гурўҳ, миллат, таърих, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ вобаста мебошанд. Ба фаҳмиши дигар ҳам ҳувият ва ҳам худшиносии миллӣ ҳисси ифтихор доштани шахсро аз миллат, мероси фарҳангӣ ва масъулиятро дар назди ҷомеа ва давлат тақвият медиҳад.
Умумияти ин падидаҳо дар он ифода меёбад, ки ҳар ду манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд, маншаъи ташаккулашон фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ мебошанд. Ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеаро таъмин мегардонанд, нақши меҳварӣ дар тақвияти тарбияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ мебозанд, барои ҳифз, таҷдид ва рушди арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд. Танҳо фарқият дар он аст, ки худшиносии миллӣ бештар ба огоҳӣ ва дарки шахс аз мансубияти миллии худ дахл мекунад, аммо ҳувияти миллӣ маҷмуи хусусиятҳо, ва арзишҳое мебошад, ки миллатро аз миллатҳои ғайр фарқ мекунонад.
Дар ибтидо мафҳуми ҳувият дар муҳокимаҳои файласуфон дар боби фаҳмидани табиати чизҳо ва моҳияти онҳо истифода бурда мешуд. Аз Замони нав шурӯъ шуда, мафҳуми мазкур барои тавсифи шахсият корбарӣ мегардад. Ҳувият маҷмуи параметрҳои инфиродӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, миллӣ ва тамаддунӣ аст, ки имкони ҷавоб додан ба саволҳои «Ман кӣ ҳастам?», «Мо кӣ ҳастем?» посух медиҳад.
Ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ маҷмуи хусусиятҳо, арзишҳо ва анъанаҳоест, ки як миллат ё гурӯҳи этникиро муайян мекунад ва онро аз дигарон фарқ мекунонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ ҳамчун омили муҳимми нигоҳдории фарҳанг ва худшиносии як миллат боқӣ мемонад. Ҳарчанд бо таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба тағйир рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамфарҳангӣ аз ҳамнажодӣ ва ваҳдати бештаре миёни афроди инсонҳо эҷод мекунад. Миллият, ки пуштибонии фарҳангӣ дошта бошад, аз «ман»-ҳо як «мо» месозад, аҳёнан барои ин «мо» фидокорӣ мекунад, аз пирӯзии «мо» эҳсоси ғурур ва аз шикасти он эҳсоси сарафкандагӣ мекунад. Яъне ҳувияти миллӣ ба ҳисси мансубияти шахс ба миллати мушаххас дахл дорад, ки бо таҷрибаи муштарак, фарҳанг, забон, анъанаҳо ва ривоятҳои таърихӣ шакл мегирад. Он робитаи эмотсионалии одамонро бо кишвари худ дарбар мегирад, ки ба арзишҳо, рамзҳо ва таърихи умумии он таъсир мерасонад.
Пас, ба саволи мо кистем: «тоҷик» ё «мусулмон»? – чӣ гуна посух метавон дод, то ҳувияти миллии моро муайян намояд. Мантиқан ба ин савол чунин ҷавоб метавон дод, ки тоҷик – халқи ориёиасл, фарҳангофар ва тамаддунсоз мебошад, ки таърихи қадима дошта, барои рушд ва таҳаввули фарҳанги ҷаҳонӣ нақши мондагор бозидааст. Забони тоҷикӣ як шохаи забонҳои эронӣ ба ҳисоб меравад, ки онро дар замони муосир ба номҳои гуногун (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ) мешиносанд. Ин забон дар тули таърих ҳамчун забони адабӣ, илмӣ ва давлатдорӣ хидмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолатро иҷро менамояд. Бахусус, тули мавҷудияти худ ҳамчун воситаи интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва таърих дар ҷомеа ҳисси ифтихор ва хосияти миллӣ фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, байни мафҳумҳои «тоҷик» ва «мусулмон» фарқиятҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад. Тоҷик ба миллат ва этноси одамон дар Тоҷикистон ва қисме аз кишварҳои мухталиф, ки он ҷо маскуният доранд, анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии худро ҳифз ва таҳаввул медиҳанд, бо забони тоҷики ҳарф мезананд, дахл дорад.
Мафҳуми «мусулмон» бошад, ба одамоне, ки дини онҳо ислом, яке аз динҳои паҳншудаи ҷаҳонист, иртибот дорад. Аз ин рӯ, мусулмонон метавонанд аз миллатҳои гуногун бошанд. Метавонанд тоҷик бошанд, вале на ҳама тоҷикон мусулмон мебошанд, зеро тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки ба динҳои дигар аз қадим (аз ҷумла, Будоизм, Зартуштия, Монавӣ, Маздак ва амсоли инҳо) эътиқоду боварӣ доранд.
Дар маҷмуъ, «тоҷик» ба ҳар паҳлуи этникӣ ва фарҳангӣ ишора мекунад, дар ҳоле, ки «мусулмон» ба дини одамон мансуб аст.
Муҳаққиқи тоҷик А.Раҳмонзода дар ин маврид низ барҳақ қайд мекунад, ки «миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое, чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад. Аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва «Қуръон»-ро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад».
Бояд қайд кард, ки баҳсҳо атрофи мавзуи «Ман кистам? Тоҷик ва ё мусулмон» дар давраҳои гуногуни таърихӣ хусусияти ба худ хос дошт.
Пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, ҳувияти миллии тоҷикон рӯ ба завол овард ва аз сабаби қудрати сиёсӣ надоштан аксарияти донишварони тоҷик ҳувияти худро аз маҳаллу динашон ифода мекарданд ва ҳамин раванди беҳувиятӣ то асри бист идома ёфта, ҳатто вақте намояндаҳои русияи подшоҳӣ ба сарзаминҳои тоҷикнишин меоянд ва бо эшон суҳбат мекунанд, аксарияти тоҷикон ҳувияти худро тариқи «миллати мо мусалмон» ё аз аҳли «Бухорову Фарғона ва Туркистон» ҳастем, зикр мекунанд. Бахусус, дар ибтидои асри XX бештари равшанфикрони тоҷик ба ҷуз устод С.Айнӣ ҳувияти худро туркнажодиву мусалмонӣ муаррифӣ карда, вуҷуди миллати тоҷикро зери суол мебурданд.
Барои тақвияти фикр ин ҷо чанд мисол меорем: Н.Ханыков андар боби омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои ҷудогонаи ҳаёти мардумони аморати Бухоро аз шахсиятҳои маъруф ва шинохта муаррифӣ мегардад. Зеро ӯ дар баробари дигар масоили таърихию фалсафӣ ба мавзуи муайян кардани ҳайъат ва шуғли аҳолии аморати Бухоро дар асри XIX аҳаммияти махсус дода, китоби бунёдие бо номи «Тавсифи хонигарии Бухоро» таълиф менамояд.
Бавижа, дар ин китоб дар мавриди тоҷикон ва кай ба ин сарзамин омада, онро обод намудани онҳо иттилоъ дода, менависад: сокинони таҳҷоии шаҳри Бухоро тоҷикон мебошанд. Кай ба ин ҷо омадани онҳо маълум нест. Аммо мувофиқи далелҳое, ки дар асоси такя ба маводи китоби Наршахӣ зикрашонро раво мебинад, маълумот медиҳад, ки вақти омадани онҳо аз Ғарб ба ин сарзамин, яъне водии Зарафшон як марзи нообод, қамишзор буда аст. Тоҷикон, ки мардуми кордида ва дар меҳнат таҷрибаи кофӣ дошта буданд, аввалин маротиба ба коркард, обод кардани атрофи соҳил, бунёди боғҳо пардохта, дар муддати мадид ин ҷоро ба як гулзор мубаддал карданд. Бинобар ин, эшон сокинони муқимии Бухоро мебошанд. Лек ин мардум бо вуҷуди дар фосилаи қарнҳо дар зери фишору таъқиби аҷнабиён мондан, сарчамини худро тарк накарда, шаҳрро ҳамчун як маркази илму фарҳанг ва тамаддуни ғании худ обод нигоҳ доштанд.
Аз ин рӯ, назар ба дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна дар Бухоро шумораи онҳо хеле зиёд мебошад. Шуғли асосии онҳо тиҷорат буда, аммо завқи дар ҷангҳо иштирок карданро надоштанд. Аз мардумони дигар бо сабурӣ, нармдилӣ, табиати ором доштан ва тааммул фарқ мекарданд. Хислати бади инсонро бошад, дар дурӯғ гуфтан, ба сухани худ вафодор набудан, медиданд. Симои зоҳирии зебо, қомати баланд дошта, ранги пусташон сафед, муй ва чашмонашон сиёҳ, аммо дар интихоби либос таваҷҷуҳ ба дигар мусулмонон мекарданд. Дар гуфтор, рафтор, муносибат, ҳаёти хонаводагӣ, қабул ва иззати меҳмонон назар ба ӯзбекҳо дар бораи онҳо сухан гуфтан зиёдтар аст.
Муҳаққиқи маҷорӣ, Армениус Вомберӣ низ ба ҳайси забоншинос, баҳри муайян кардани наздикии забони хуш бо забон ва шеваҳои мардумони Осиёи Миёна ба ин сарзамин сафар кардааст. Баьди бозгашт ба ватан хотираҳо, мушоҳидаҳо ва мусоҳибаҳои худро бо мардуми ин сарзамин китобат карда, онро «Саёҳати дарвеши дурӯғин дар хоноти Осиёи Миёна» унвон медиҳад. Муаллиф ба мисли Н.Ханыков таваҷҷуҳ ба масъалаи сохтори иҷтимоии Аморати Бухоро дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ин сарзамин гурӯҳҳои зерини этникӣ: тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, марвазиҳо, эрониҳо, арабҳо, яҳудиҳо, ҳиндуҳо зиндагӣ мекунанд. Ӯ дар бораи мақоми тоҷикон дар низоми иҷтимоии ин сарзамин маълумот дода, қайд мекунад, ки воқеан мардуми бумии тамоми шаҳрҳои минтақаи Осиёи Миёна тоҷикон мебошанд, аммо дар ҳеҷ ҷо ададашон бапои Бухоро намерасад. Ва танҳо дар ҳамин ҷост, ки метавонанд нисбат ба ватани аслии худ, яьне «Хуросон» бо камоли ғурӯр идаои худро бар курси биншонанд. Чунин изҳор мекунанд, ки сарҳадоти онҳо аз як тараф, ба Хутан ва Чин, аз самти марғиб ба дарёи Хазар, аз тарафи ҷануб ба Ҳиндустон муттасил аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки ин миллати таърихан қадим ва зиндагонии пурифтихори собиқ дошта, дар ниҳоят табоҳу фасод шуда аст. Бинобар онҳоро мардуми қадими Осиё фарз кунем, яқинан ҳувайдо мешавад, ки ин мардум дар асрҳои гузашта вазъияти бисёр ғамнокеро аз сар гузарондаанд.
Фитрат, ҳоҷи Муин, ки аз равшанфикрони онвақти тоҷик буданд баъд аз он, ки ба пантуркизим гаравиданд, барномаи амали худро тағйир дода, чун ҷадидони Туркия, Озарбойҷон ва Қрим бо мақсади бунёди давлати Туркистони Бузург дар Осиёи Миёна рӯҳияи мардумро ба муқобили барқарор кардани муносибатҳои тарафайн бо Россия парвариш медоданд. Намехостанд, ки Осиёи Миёна ҳамчун як кишвари пурсарват тобеъи русҳо гардад. Баръакс, барои амалӣ кардани ҳадафи худ ҳатто бо ифтихор мегуфтанд, ки «Мо аз миллати бузурги турк ҳастем». Хусусан, Хоҷӣ Муин, ки яке аз саромадони ҷадидони Самрқанд буд ба халқи худ бо хитоб чунин мегӯяд: «Он рӯзҳои хушбахтонаи ҳаёти ман, он замони таърихӣ, ки мамлакатро фарзандони ҳакиқии ҷасоратноки ман Чингиз ва Темур идора мекарданд, акнун барнамегарданд».
Тоҷики самарқандӣ бо номи А.Полвонзода дар мақолаи худ «Тоҷик ва маориф» бо ҷиддият таъкид мекунад, ки «Бародарон, ба худатон маълум аст, ки номи мо тоҷикон аз аввали инқилоб то ҳол (таъсиси ҶМШС Тоҷикистон 14.10.1924), яъне ҳафт сол дар ҶМШС Туркистон гум шуда буд. То дараҷае мо худро гум карда будем, ки бачагони худро бо забони ӯзбекӣ хонондем. Аз шумо тоҷикони тамоми Туркистон хоҳиш дорам фарзандонатонро бо забони тоҷикӣ хононед».
Ба маълумоти фарзанди ҷонфидои тоҷик А.Мунзим Абдурауфи Фитрат таҳти таъсир ва фишори пантуркистон баъд аз он ки аз Туркия ба Бухоро меомад такрор ба такрор мегуфт, ки мо бухороиён, аслан туркнажодем ва забони аслии мо туркист. Иллати тоҷикзабон шудани мо, аввалан таъсири идораҳои ҳукумати мо, ҳукуматдорони калон шудани порсимиллатон, дуюм, ғалаба ва таъсири адабиёти порсӣ мебошад. Ба ҳамин ду иллат мо забони туркии худро гум кардаем. Аммо лозим аст, ки забони туркии худро зинда ва нажоди аслии худро поянда гардонем... Ҳамин тариқ, аз ҳамин давра сар карда, ман ҳарчанд ки як калима ҳам туркиро надонам, бо туркӣ гап задан даромадам Ба ҳар кӣ вохӯрам, туркӣ гап мезадам. Онҳо тоҷикӣ ҷавоб медоданд ва ман онҳоро ба туркӣ гуфтан ташвиқ мекардам.
Аммо дар ин миён баръакси туркпарастон бо иродаи қавӣ, ҷассорату ҳувияти тоҷикӣ устод С.Айнӣ бо далелҳои боэътимоди илмиву таърихӣ аз миллату арзишҳои фарҳангии худ ҳимоят карда, исбот карданд, ки миллати тоҷик куҳантарин миллат аст ва дар сарзамини Осиёи Миёна аз мардуми бумӣ ба ҳисоб мервад, ки маҳз ин миллат кучманчиёнро фарҳанги зистану одоби муоширатро омӯзониданд.
Дар робита бо ин, устод С. Айнӣ аз аввалин нобиғаҳои илми тоҷик мебошад, ки аз рӯйи мадракҳои таърихӣ вожаи «тоҷик»-ро шарҳу тафсир карданд ва бар замми ин асари бузурги ифтихорзои миллӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишта, дар баробари инкоркунандагони миллат ва фарҳанги волои тоҷик ҷасурона миллати худрову ҳувияти милли худро ҳимоя карданд.
Минбаъд ин рисолати инсонию мондагори устод С.Айниро дар мариди худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳувият чеҳраҳои модагори дигар: Ш.Шоҳтемур, А.Лоҳутӣ, С.Улуғзода, Б.Гаффуров, М.Осимӣ, М.Турсунзода ва бахусус дар давраи истиқол Пешвои муҳтарами миллат бо ташаббусу ибтикороти созандаи худ иҷро карданд, ки корнамоию ҷоннисориҳои якоякашон таҳқиқоти мукаммали илмиро тақозо доранд.
Дар таърихи мавҷудияти миллати тоҷик дар давраи давлатдории ҳукумати Шўравӣ солҳои 1929-1991 кишвар ба муваффақиятҳо ва дастовардҳои зиёди назаррасе нойил шуд, ки инъикоси воқеии худро дар сарчашмаҳо, мадракҳои таърихӣ ва дигар маводи илмӣ ёфтаанд. Махсусан, шомил шудани ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати ҳукумати Шўравӣ ва татбиқ кардани сиёсати давлатдории он дар низоми идораи давлатии кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас нойил шуд. Аз ҷумла:
- низоми идораи монархии асримиёнагии давлатдориро, ки то давраи ҳукмронии сулолаи манғития идома дошт, бо тамоми тору пудаш аз байн бурд;
- шуури тақлидӣ, тафаккури таассубии то солҳои 20-уми асри XX, ки саросари қаламрави Осиёи Миёна, махсусан Аморати Бухороро фаро гирифта, дар зери таъсири идеологияи динӣ таълими илмҳои дунявӣ иҷозат дода намешуд, тағйир дод;
- дар низоми мактабу маориф, тағйиру такмили барнома ва нақшаҳои таълимӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, рушди илму фарҳанг, иқтисоду идора, дар маҷмуъ, соҳаи илму маориф ислоҳоти ҷиддиеро ворид намуд;
- дар тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси маҳаллӣ вобаста ба равия ва соҳаҳои барои ҷомеа эҳтиёҷдошта тариқи ба таҳсил ҷалб кардан, ташкили курсҳои бозомўзӣ, такмили ихтисос дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳуриҳои ҳудуди Иттиҳод нақши муассир гузошт;
- тавассути ташкили рўзҳои фарҳангии кишвар дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ,
намоишномаҳои театрию барномаҳои консертӣ ва ғайра барои муаррифӣ қардани дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар байни дигар халқиятҳо фазоро мусоид гардонид ва ғайра.
Дар қиёс бо низоми давлатдории ҳукумати Шўравӣ замони Истиқлол барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки мафҳуми Ватан, марзу бум, обу хок, ташаккули андешаи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайра пешорў гузошт. Соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллиро арзонӣ дошт. Он ба сифати неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда ва наҷотбахши миллат, ҳидоятгари эҳёи мероси ниёкон, бахусус, расму анъанаҳои аҷдодӣ, маншаи ташаккулёбии ҳувияти миллӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар, нақши бориз бозид.
Ташаккули тафаккур иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии падидаи худшиносии миллӣ дар давраи истиқлол ба ҳисоб меравад ва таҳаввули он ҳамаҷиҳата барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат намуд. Аз ин рў, ҷавҳари асосии Истиқлолро озодии шахс ташкил медиҳад. Чунки танҳо озодӣ метавонад инсонро ба олами эҷодкорӣ, офаридани арзишҳои асили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра водор намояд.
Ҳамин тавр, истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шўравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, бавижа тарзи гўишу савтиёти забонӣ тағйир дод. Мардумро барои ба таври интиқодӣ муносибат кардан ба арзишҳои бадеии фарҳанги гузашта, ки вобаста ба талаботи замон такмилро талаб мекарданд, ҳидоят кард. Хусусан, дар даврони шўравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муошират қобили қабул дониста намешуд. ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз сухан гуфтан ба забони модарӣ худдорӣ мекарданд. Идеологияи шўравӣ мағзи онҳоро дар ин самт то он ҳад мойили худ карда буд, ки ҳарф задан бо забони тоҷикиро дар маҷлису баҳсҳои илмӣ ё аз тарс бошад, ё аз сабаби аз мақом барканор шудан ё иллатҳои зиёди дигар бар худ ор медонистанд. Танҳо посдорандагон, ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ, филологӣ, омўзгорони фанни забони модарӣ, мардуми оддии меҳанткаш, ки дар муҳити хонаводагӣ, ҳангоми кор дар саҳро ва маъракаву таҷлили ҷашнҳо бо забони ноби модарӣ ба ҳам суҳбат меоростанд, ба ҳисоб мерафтанд.
Истиқлол андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ, забони таълиму тадрис табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ такмилу таҳаввул ёфта, ҳамчун унсури асосии фарҳанги миллӣ мақоми худро устувор кард.
Аз эълони Эъломияи Истиқлол то имрўз дар кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рух дода, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари рушдкунанда муаррифӣ намуданд. Баргузории ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авесто, 2700-солагии ш.Кўлоб, 3000-солагии ҳисори Шодмон, 1000-солагии Носири Хусрав, 680-солагии Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 645-солагии Камоли Хуҷандӣ, 960-солагии Умари Хайём, 545 - солагии Беҳзод, 1310-солагии Имом Абуҳанифа, 5500 солагии Саразм, ба рўйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид кардани ҷашнҳои миллӣ, мавзеъҳои фарҳангӣ ва ғайра намунаи волое дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар арсаи худсолорӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳар кадом барои худшиносӣ ва бедории мардум нақши мондагор гузоштанд.
Ё чӣ тавре Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, тоҷикон низ мардумони фарҳангсозу тамаддунофари дунёи қадим ба ҳисоб рафта, офаридаҳои моддиву маънавии онҳо на танҳо дар як минтақаи паҳновари ҷаҳон барои ташаккул ва рушди фарҳанги башарӣ мусоидат карданд, балки ҳамнажодонону ҳамзабононро ба ҳам наздик сохтанд. Барои ба ҳам наздик кардани қавму қабилаҳои мухталиф ва огоҳӣ ёфтан аз фарҳанги муошират, хоҷагидорӣ ва давлатсозию давлатдорӣ нақши бориз гузоштанд. Аз ин рў, ҳукумати тоҷикон аз оғози фаъолияти худ талош варзид, ки давлати тозабунёдӣ миллӣ бар асоси ҳамин расму анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангии гузаштаи мутамаддин роҳандозӣ карда шавад. Насли имрўз чун аҷдоди фарҳансолори гузашта барои равнақ ёфтани гуфтугўи тамаддунҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷомеаи имрўза нақши калидии худро гузорад. Сиёсати истеъмории то даврони Истиқлол барои мардуми тоҷик имкон надод, ки аз фарҳанги гузаштаи пурифтихори худ огоҳ шаванд. Танҳо бо донистани чанд асарҳои ахлоқию сиёсии гузаштагони худ иктифо мекарданд.
Бар асари сиёсатҳои тўлонии истеъморӣ ва зулму зўрии қавмҳои бегонаи ҳоким ба ин сарзамин дар бисёр маврид аз таъриху фарҳанги гузаштаи худ огоҳии комил надоштанд. То давраҳои наздик дониши таърихии онҳо, аслан бо номи чанд шоиру адиби маъруф ва як силсила ашъори таҳриршудаи онҳо хулоса мешуд ва ё ба истиснои як силсила асарҳои эътирофшудаи донишмандони тоҷик бештари осори дигари илмӣ доир ба таърих ва фарҳанги мо дар доираҳои илми муосири ҷаҳон бо дасти олимону муҳаққиқони хориҷӣ навишта шудаанд, ки миллати қадршиноси тоҷик номи онҳоро ба некӣ ёд мекунад. Бинобар ин, лозим буд, ки, пеш аз ҳама, сатҳи дониши таърихию сиёсӣ ва фарҳангии мардум баландтар бардошта шавад. Акнун аз файзи Истиқлолият мо имкон пайдо кардем, ки омўзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дўстон» ва бе ороишҳои дурўғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем.
Маҳмадизода Н.Д. – доктори илмҳои фалсафа, профессор директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Самиев Бобо Ҷураевич – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
