ИСТИҚЛОЛ: НАҚШИ МУЗОКИРОТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
«Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду пояи устуворе мебошанд, ки ҳастии давлати муосири тоҷиконро таъмин мекунанд. Бидуни музокироти сиёсӣ ва созиши миллӣ мо наметавонистем соҳибихтиёрии кишварро аз нобудӣ наҷот диҳем,».
Эмомалӣ Раҳмон.
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин, омили асосии ҳастии миллат ва кафили рушди мустақилонаи ҷомеа ба шумор меравад. Истиқлол ба давлат имкон медиҳад, ки самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян намуда, муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии худро бар асоси манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад. Аммо роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ набуд.
Давраи аввали соҳибистиқлолӣ бо низои шадиди дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ гардид, ки сохтори давлатдорӣ ва ҳастии миллиро зери хатари ҷиддӣ қарор дод. Бояд гуфт, музокироти сулҳи тоҷикон (солҳои 1994–1997) ба як мактаби бузурги дипломатия ва сиёсатдории муосир мубаддал гашт. Ин таҷриба на танҳо амнияту суботи дохилиро таъмин кард, балки пояҳои мустаҳками соҳибистиқлолиро барои даҳсолаҳои оянда гузошт.
Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан нишон медиҳад дар шароити буҳронҳои сиёсӣ ва ихтилофҳо, ба ҳам овардани мавқеъҳои гуногун ва фароҳам овардани замина барои ризояти сиёсӣ мебошад. Зеро истиқлолияти воқеӣ танҳо дар шароити устувор мегардад, ки дар ҷомеа механизмҳои муассири ҳалли ихтилофҳо ва пешгирии низъоҳои сиёсӣ вуҷуд дошта бошанд.
Музокироти сулҳи тоҷикон аҳаммияти хоса дошт, зеро масъала танҳо дар бораи қатъи муқовимати сиёсӣ ё низомӣ набуд. Зарурати барқарор намудан эътимод, таъмини иштироки ҷонибҳо дар раванди сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти институтҳои давлатӣ низ дар маркази раванди сулҳ қарор дошт. Маҳз ҳамин ҷанба нишон медиҳад, ки музокироти сиёсӣ дар шароити буҳрон метавонад аз доираи гуфтугӯи, ба механизми муҳимми сулҳофарӣ ва давлатсозӣ табдил ёбад.
Раванди музокироти байни тоҷикон дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 оварда расонд, ки ин масъалаи хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Ин ҳама, бо ташаббусҳо, ва матонату фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Ба шарофати талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бар пояи музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфта буд, ҷанги бародаркушӣ хотима ёфт, садҳо ҳазор гурезагон ба ватани худ баргаштанд ва дар кишвар ваҳдати миллӣ барқарор шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз, вaќте ки дaр пaҳнои дaстовaрдҳо, рушду пешрaфт, оромию ободӣ, нaхустин сухaнони Сaрвaри дaвлaт дaр aйёми тағйирпазириҳо “Мaн бa Шумо сулҳ меорaм”-ро бa ёд меорем, мебинем, ки он пуррa aмaлӣ шудa, сулҳу вaҳдaти мо дaр пaртaви ин сиёсaти сулҳгaроёнa рӯз aз рӯз пойдор мегaрдaд. Бо заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар сартосари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам омад.
Хусусан, суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда, ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.
Аз ин рӯ, масъалаи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати таҳким ҳифз ва нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо, ки барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомада буд, даъват менамояд. Метавон гуфт, ки маҳз бо усули пешбурди музокироти фаъоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун иштирокчии фаъол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ шинохта шудааст. Дар маҷмуъ, роҳи Тоҷикистон аз музокироти сиёсӣ ба сулҳу ваҳдат ва аз ваҳдат ба таҳкими давлатдории соҳибистиқлол пайванди таърихию сиёсӣ дорад.
Аз ин ҷиҳат, истиқлоли миллӣ натанҳо дастоварди таърихӣ, балки масъулияти доимии ҷомеа барои ҳифзи сулҳу, ваҳдат, ва арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки Истиқлоли давлатии мардуми мо ин қуллаи баландарини озодӣ буда, дар мустакам намудани мақому манзалати он нақши музокироти сиёсӣ барои боҳам овардани мардуми мо хеле баланду боло арзёбӣ мегардад. Мо ба 35 солагии истиқлоли сиёсии кишварамон арҷгузор ҳастем.
Маҳмадова Ф.А. ходими илмии шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ИФС-и АМИТ

