ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳаммияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар ва тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гардад.
Қайд кардан зарур аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санаи тақдирсоз дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба Ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате, ки тайи 29 сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тули ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст, ки дастовардҳои бузургеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту Ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.
Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ин рӯйдоди таърихиро дар ҳаёти давлати навини тоҷикон борҳо таъкид кардааст ва онро дар радифи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ гузошта, воқеаи муҳимму фаромӯшнашаванда арзёбӣ намудааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар таҷлили даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат қайд намудаанд: «Баъди 21 вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиро дар Маскав доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем».
Чуноне маълум аст, давоми зиёда аз се сол нӯҳ даври музокирот гузаронида шудааст, ки баъзе даври онҳо ду се марҳаллаи алоҳидаро дарбар мегирифтанд. Дар лаҳзаҳои душвортарини раванди сулҳ Сарвари давлат бо роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон ҳафт маротиба дар мамолики мухталиф бевосита дидор кардаанд.
Воқеан, таъмини сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардум номумкин буд. Маҳз заҳмати бевоситаи Сарвари давлат боиси он гардид, ки сулҳ дар кишвар барқарор гардад.
Яъне аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи Ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он роҳбарияти кишвар ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона карданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузарондани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тољик мебошад. Мардуми тољик бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами худ зиракии сиёсиро аз даст надода, тавонистанд доман задани бозиҳои геополитикии доираҳои манфиатхоҳи хориҷиро пешгирӣ намуда, ба табдил шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба ноамнии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ надиҳанд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ гашт.
Дар воқеъ, ба шарофати сиёсати муваффақи Роҳбари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеашро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам намуда, ба доираи ҳамкорӣ давлатҳои бисёрро ворид карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатро таъмин гардонд.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи тољикон мебошад.
Ҳамин аст, ки бо шарофати сулҳу суботи комил Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дурдасти кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бояд гуфт, ки ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тољикистон аҳаммияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, ўро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналмилалӣ робитаи чандҷониба устувор кард.
Имрўз Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад. Вазъи ҷаҳони имрӯза моро ҳушдор медиҳад, ки раванди Ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобастааст. Омилҳои берунӣ, аз ҷумла кӯшишҳои барқарор намудани ҷаҳони бисёрқутба, таҳдидҳои замони ҷаҳонишавӣ низ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамояд. Омилҳои глобалии ба давлат ва Ваҳдати миллӣ хатаровар, аз қабили терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, афзоиши тундгароёни динӣ, одамрабоӣ, проблемаҳои экологӣ, бекорӣ, ки ҳаррӯз бештар мегардад, ба ҷомеаи Тоҷикистон, ки як узви ҷомеаи башарӣ мебошад, бе таъсир намемонад.
Зеро дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа зербинои иқтисодиву иҷтимоист ва шарти асосии пешрафту ободиии кишвар мебошад.
Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо мегардад. Бинобар ин вазифаи ҳар як шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.
Қодирова З. Б. ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФС-и АМИТ
