УСТОД - РАВШАНГАРИ РОҲИ ИЛМИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(бахшида ба зодрӯзи доктори илмҳои ҳуққшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ)
Мақом ва мавқеи одамон дар ҷомеа гуногун аст. Хушбахту саодатманд, онњое ҳастанд, ки дар миёни мардум обурў ва иззати хосса доранд. Албатта, агар чунин обурў аз меҳнати ҳалол, хулқу атвори нек, масъулиятшиносию кордонӣ ба даст омада бошад. Зеро ҳастанд ҳамчунон нафароне, ки мардум онҳоро аз рўи мақому мартаба, ҷоҳу ҷалол, сарватмандиашон эҳтиром мекунанд, аммо чунин обурў рўзе аз байн меравад. Ва табиист шахсеро, ки бинобар хулқу атвори неку покниятӣ ва заҳматпешагиаш одамон самимона эхтиром мекунанд, мақоми шоиста дорад.
Профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич аз чунин шахсиятҳое аст, ки умри пурбаракати худро дар донишандўзӣ, илмомўзӣ, хизмати содиқона ба ватану миллат сарф намудааст. Соли 1968 ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омўзгории ш.Запороже (ҳоло Донишгоҳи миллии Запороже) дохил шуда соли 1972 онро бо дипломи аъло хатм намуда аст.
Солҳои 1972-1977 дар мактаби миёнаи №67 ба номи А.Ҷомӣ ба шогирдон аз забони англисӣ дарс дода аст. Ҳамзамон солҳои 1973-1974 дар қисми ҳарбии 91026 ҳавзаи низомии назди Карпат дар Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хидмати ҳарбиро адо намуда аст.
Солҳои 1977-1992 дар мактабҳои олии мақомоти амнияти давлатии ИҶШС таҳсил намуда, дар ш. Москва кор карда аст. Ҳамзамон солҳои 1987-1990 дар аспирантураи Мактаби олии Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ дар ш. Москва таҳсил намуда, соли 1991 рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқро дар мавзуи сирри давлатӣ ҳимоя намуда аст.
Баъди пош хўрдани ИҶШС устод Раҷабов С.А ҳамчун ватанпарасти воқеӣ моҳи июли соли 1992 аз ш.Москва ба ш.Душанбе баргашта, дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1998 дар мақомоти роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда аст. Дар ин муддат ба Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошта, ба ҳайси муовини раис оид ба таълим ва илм ва иҷрокунандаи вазифаи раиси мактаби мазкур хизмат кардааст. 25 августи с.1998 бо рутбаи полковник ба истеъфо баромада, аз 1 сентябри соли 1998 то 5 апрели с.2006 ба сифати дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ ва профессори кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2002 ба унвони илмии дотсент сазовор гашта аст.
Дар Тоҷикистон аввалин шуда рисолаи доктори илмҳои ҳуқуқро дар мавзуи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии инсондўстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ ва амалиявӣ» аз рўи тахассуси 12.00.10 - ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ дар Донишгоҳи Дўстии Халқҳои Русия дар шаҳри Маскав 5 ноябри соли 2008 дифоъ намуда, соли 2023 соҳиби шаҳодатномаи профессорӣ гашта аст.
Аз 6 апрели соли 2006 то соли 2011 ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз муттаҳид шудан аз соли 2011 то имрўз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба ҳайси мудири шуъбаи мазкур фаъолият мекунад.
Барои комёбиҳо дар фаъолияти оперативӣ ва илмӣ-таҳқиқоти бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавии зерин сарфароз гаштааст:
1) медали ҷашнии «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи CCCР» (1978);
2) медали ҷашнии «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи CCCР» (1988);
3) медали КБД СССР «Барои хизматҳои шоён» дараҷаи 3 (1986);
4) медали КБД СССР «Барои хизматҳои шоён» дараҷаи 2 (1990);
5) «Медали тиллоии сулҳ»-и Кумитаи сулҳи Шуравӣ (2021);
6) нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001).
Дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ таҷрибаи кории беш аз 27-сола дорад. Ба зиёда аз 100 конвенсияҳои байналмилалии бисёрҷониба, созишномаҳои дуҷониба, барномаҳои дарозмуддати созмонҳои байналмилалӣ ва минтаҚавӣ (СММ, ИДМ, СААД, СҲШ), созмонҳои махсусгардонидашудаи СММ, мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони байналмилалии меҳнат, МАГАТЭ ва ғ. хулосаву пешниҳодҳои шуъбаро таҳия намуда, ба маҚомоти болоӣ ирсол намудааст.
Дар ду лоиҳаи байналмилалӣ: лоиҳаи СММ “Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба навиштани гузоришҳои миллӣ”(2004-2005) ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Оид ба ислоҳоти соҳаи маориф ва ворид намудани низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ”(2006-2007) ба ҳайси менеҷер ва ҳамоҳангсоз муваффаҚона кор карда аст.
Муаллифи зиёда аз 400 асари илмӣ, аз ҷумла 25 монография, 10 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ, 3 луғати ихтисосӣ, 4 брошюра, боҚимонда маҚолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошанд.
Асарҳои муҳимтарини муаллиф: «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ». Қисмҳои 1-6 (Душанбе, 2019-2024), «Международные суды и трибуналы» (Душанбе, 2024, 173 с.) «Международное право» (Душанбе, 2022, 368 с.), «Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об» (Душанбе, 2018, 304 с.), «Универсальная юрисдикция в международном уголовном праве» (Душанбе, 2016, 184 с.), «Ҳуқуқи робитаҳои беруна» (Душанбе, 2013, 138 с.); «Международно-правовые аспекты урегулирования вооруженного конфликта в Таджикистане» (Душанбе, 2011, 176 с.); «Международное гуманитарное право в Республике Таджикистан» (Душанбе, 2007, 354 с.) «Имплементация норм международного гуманитарного права в Республике Таджикистан: проблемы теории и практики» (Душанбе, 2006, 295 с.), «Исламский фактор в СНГ» (Душанбе, 2006, 188 с.), «International Law» (Dushanbe, 2009, 290 р.); «Антология интерэкоправа» (Москва-Уфа, 2014, 678 с.), «Становление и развитие Международного уголовного суда» (Душанбе, 2005, 232 с.), «Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ» (Душанбе, 2012, 357 с.), «A Theoretical course of the English Grammar (Dushanbe, 2001, 90p.), «Исламский фактор и вооруженная оппозиция в Афганистане» (Москва, 1993, 215 c.), «Русско-дари контрразведывательный словарь» (Москва, 1985, 150 с.) ва диг. ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромаданд.
Асарҳои устод Раҷабов С.О. дар давлатҳои хориҷӣ, мисли Бразилия, ИМА, ҚазоҚистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Федератсияи Русия, Украина, Ўзбекистон, Эрон ва ғ. ба чоп расидаанд.
Дар давоми солҳои 1996-2007 устод Раҷабов С.О. дар донишгоҳҳои ҷаҳон, мисли Донишгоҳи Турин (Италия), Донишгоҳи Густав Штрассеман дар Бонн (Олмон), Донишгоҳи кушоди Брюссел (Белгия). Донишгоҳи Ясси (Руминия), Донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар Будапешт (Венгрия), Донишгоҳи Уммон (Иордания), Донишгоҳи Монтана (ИМА), Донишгоҳи Теҳрон (ҶИЭ) ва Донишгоҳҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Новосибирск ва ғайра аз ҳуқуқи байналмилалӣ лексияҳо ва семинарҳо гузаронида, дар конференсияҳо ва симпозиумҳо баромад кардааст. Устод дорандаи ҷоизаи ба номи академик О.Е.Кутафин (Донишгоҳи давлатии юридикии ба номи О.Е.Кутафин ш.Москва (2023) мебошанд. Чи тавре ки аён аст, устод на танҳо дар доираи ИДМ, балки дар кишварҳои ҷаҳон низ чеҳраи машҳуру эътирофшуда дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Профессор Раҷабов С.О. раиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-076 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рисолаҳои номзадӣ ва рисолаҳои доктори PhD аз ихтисосҳои 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ ва 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ (аз 5.07. с.2024 то имрўз), узви Шурои муттаҳидаи дифои диссертатсияҳои номзадӣ ва доктории назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ ва ДСРТ (аз соли 2011 то с.2015) аз рўи ихтисоси 12.00.03, узви Шурои диссертатсияҳои номзадӣ ва доктории назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз с.2016 то имрўз) аз рўи ихтисоси 5.5.4, узви гурўҳи кории Комиссияи татбиҚи ҳуқуқи байналмилалии башардўстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз с.1999 то имрўз) ва узви Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба таълими фанни ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (аз с.1998 то имрўз) мебошад. Таҳти роҳбарии ў 7 нафар рисолаҳои номзади илмҳои ҳуҚуҚ дифоъ намуда, ҳоло мушовири илмии 1 доктори илмҳои ҳуҚуҚ (ҳимоя рўзи 15 .10.2025 таъин шудааст), роҳбарии 2 унвонҷўи номзади илмҳои ҳуҚуҚ ва 4 нафар магистрантони соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро ба зимма дорад.
Ҳамзамон ба ҳайси узви таҳририяи «Московский журнал международного права» (аз с.2003 то 2020), муовини сармуҳаррири "Маҷаллаи академии ҳуқуқ" (аз соли 2012 то имрўз), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (аз с.2006 то имрўз), узви ҳайати таҳририяи «Паёми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон» (аз с. 2023 то имрўз) фаъолият мебарад.
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар байни аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун олими соҳибмактаб дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва аврупоӣ соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст. Раҷабов С.О. ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ соли 2024 аз нав интихоб гардида, фаъолияти худро бомуваффаҚият анҷом дода истодааст.
Воқеан Раҷабов С.О. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, аз зумраи чунин фарзандоне мебошад, ки дар замони маҳз соҳибистиқлолии кишварамон саҳифаҳои хуберо ба ёдгор монда талошҳои ҷавонмардона кардааст. Ҳаёту фаъолияти ин марди оҚил пурмуҳтаво, рангин, босамару заковатпеша буда, дар сипаришавии ҳаёташ аз марҳилаҳои гуногун бархурдор шудааст.
Таърихи миллати тоҷик аз чунин фарзандон ҳамеша огоҳ аст, ҷониссорӣ, ҷасорату матонат, ақлу заковати онҳоро ба қалам дода, размандагони онҳоро сипос менамояд. Ҷонфидоии онҳо қадру қимматашонро боло бурда бо арзу сипоси мардум, ҷомеа ва давлат сазовор гардонидааст.
Инсоне, ки бо фаъолияти мақсадноки ҳосилбораш худ ба шахсияти комил табдил ёфтааст, воҚеан манзалату ҷойгоҳи баланде дар зиндагӣ дорад. Шахсе, ки чунин сифатҳоро пайдо менамояд воқеан, салоҳият ва вазифаҳои ғайриодиро доро аст ва чунин хислатҳо ўро дар раванди инкишофи ҷомеа дар Қатори аввалин баргузидаҳо ҷой медиҳад.
Раҷабов С.О. ахтари дурахшонест дар самои бекарони илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалӣ истеъдоди худододи ў аз назарҳо пинҳон намондааст ва аз донишмандонест, ки доираи тадқиқоташ доманадору гуногунпаҳлуст ва муамову масълаҳои илмӣ иҷтимои ва сиёсиву ҳуқуқии давлатшиносӣ; дар самти «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтаҚаи Осиёи Марказӣ» (Қисмҳои 1-6) хеле васеъ мебошад.
Раҷабов С.О. на танҳо худ дар баҳри бекарони самти омўзиши «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ҳадафҳои пургуҳар меҷўяд, балки шогирдонро низ ба масъалаҳои давлатдорӣ, пайдоиш, рушд, мафҳум, моҳият, сохтор ва ниҳодҳои он ташвиқу раҳнамун менамояд.
Ҳаёти устод Раҷабов С.О. ниҳоят гуногунрангу гуногунҷабҳа буда, дар тўли ин қадар солҳо кору фаъолият заҳматҳои беназири худ софдилонаву содиқона гиромидошти одоби касбӣ, эҳтирому маърифату маданияти баланди муошират, одоби ҳамида, инсофу имондорӣ, ҳақиқату адолатпарварӣ, заҳмату эҷодкорӣ, меҳру вафо, сабру таҳаммул, заҳмату эҷодкорӣ, фурутанию хоксорӣ саховатманду хештаншинос мебошад. Чунин шахсиятҳо дар тарбия намудани шогирдони худ, дар руҳияи дўст доштани ватан-модар, боварӣ доштан ба ояндаи ин сарзамин, далеру ҷасурӣ, Қавииродагӣ ва маърифати баланди инсондўстиро дар замири шогирдон ҷойгузин менамоянд.
Нақши устод дар ҷалби ҷавонон ба роҳи илм, дар тарбияи олимони ҷавон ва равшан гардонидани таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ва давраи муосири илми ҳуқуқ бениҳоят бузург ва хотирмон аст. Устод нерўи аҚлонии насли наврасро дар эҳё кардани арзишҳои ҳуқуқии ниёгон самаранок истифода намуда, дар тайи солҳои истиҚлолият мактаби илмию назариявии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистонро барпо намудаанд.
Устод бо шогирдони дурбину донишмандони хеш Идизода Ф.Ф., Маҳмадуллозода Н.Р., Ҷабборов Ф.Н., Раҷабов Ф.Н., Назарзода Д.Қ., Одиназода Н.Ҳ., ва дигарон чун чароғи тобон илми ҳуқуқи байналмилалиро аз саҳифаҳои таърихи миллат ҷустуҷў ва таҳқиқ намуда, ба муаммоҳои илмӣ ва назаривии ҳуқуқи муосири байналмилалӣ ҷавобҳои объективӣ ва арзанда додаанд.
Бидуни шак метавон гуфт, ки ҳалқаи илмии устод Раҷабов С.О. дар таърихи ватанамон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳайси нахустин мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон пойбарҷо ва устувор боқи хоҳад монд.
