ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН
Доир ба марҳилаи такомул ва рушду нумуи ҷомеи Тоҷикистони муосир дар замони пурмоҷарои ҳозираи дунё ҳаминро метавон қайд намуд, ки ҷаҳони пуртазоди муосир басо ташвишовар ва нигаронкунанда аст. Солҳои зиёдест, ки фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии сайёраро моҷароҳои таҳлукаангез фаро гирифтааст. Ихтилофу зиддиятҳои абарқудратҳо, бозиҳои геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо аз ҷиҳати бовару эътиқод, ирқу нажодпарастӣ, миллатбадбиниву ҷудоихоиҳо омилҳоеанд, ки дар натиҷа нооромию гирифториҳои равонию маънавиро ба вуҷуд меоваранд.

Садоқат ба Ватан ва мардуми он барои ҳар миллату халқиятҳои ҷаҳон аз ҷумла, ориётаборони тамддунофар, бузургтарин шараф ва муқаддасоти зиндагӣ буда ва боқи хоҳад монд. Имрӯз ҳар миллат барои зиндагии шоистаи мардумаш талош меварзад, ки кишвари соҳиб истиқлол дошта бошад.
Бо камоли ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям