Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Устодону донишмандони арҷманд, муҳаққиқони гиромӣ, кормандони содиқу заҳматпешаи Институт!

Бо эҳтироми амиқ ва самимияти хос фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба ҳар яки Шумо аз самими қалб табрик мегӯям.

Соли сипаригардида барои ҷомеаи илмии мо марҳалаи пурифтихор, пурмасъулият ва дар айни замон сарнавиштсоз буд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки илму маърифат ба омили асосии рушди давлату ҷомеа табдил ёфтааст, кормандони Институт бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба рисолати илмӣ ва масъулияти касбӣ фаъолияти пурсамар анҷом доданд.

Дастовардҳои илмӣ, корҳои таҳқиқотии бунёдӣ ва амалии анҷомёфта, иштироки фаъол дар баррасии масоили муҳими фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нишонаи равшани иқтидори баланди илмии Шумо мебошанд.

Имрӯз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими таҳлили фикрии ҷомеа рисолати басо муҳимеро иҷро менамояд мусоидат ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рисолат бидуни заҳмати софдилона, ҷаҳонбинии фарох ва садоқати Шумо ба илму маърифат ғайримумкин аст.

Соли нав барои ҳамаи мо на танҳо оғози тақвими нав, балки фурсати андешаи тоза, ниятҳои нек ва масъулияти бештар дар назди ҷомеа мебошад.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки дар соли 2026 низ мо бо такя ба анъанаҳои неки илмӣ, таҷрибаи ғанӣ ва ҳамкории созанда метавонем қадамҳои устувор дар роҳи рушди илм, таҳкими мактаби миллии фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ гузорем.

Орзу дорам, ки Соли нави мелодӣ барои ҳар яки Шумо соли саломатӣ, оромии руҳӣ, муваффақиятҳои нави илмӣ, дастовардҳои назаррас, шогирдони болаёқат ва эътирофи шоистаи заҳматҳоятон гардад.

Бигзор фазои Институт ҳамеша саршори ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром, андешаи созанда ва ниятҳои нек бошад.

Соли навӣ мелодӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123