ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ КАСБОМӮЗӢ ДАР КИШВАР
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин ҳуҷҷатҳои стратегӣ мебошад, ки ҳолат ва дурнамои самтҳои асосии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян карда, ҳолат, мушкилот, самтҳои рушди онҳо, саҳми ҳар як мақомоту мансабдор, ҷоема ва шохаҳои ҳокимиятро дар амалисозии он мушаххасу муайян менамояд. Вижатарин ҷузъҳои паём ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар равона шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ин рушди касбомӯзӣ, танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.
Рушди касбомӯзӣ ва талабот ба касбҳои коргарӣ дар шароити иқтисодии кишвар яке аз мавзӯъҳои асосии паёми имсола буд. Масъалаи касбомӯзӣ, ба маънои омодасозии кадрҳои коргарӣ ва мутахассисиони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024 қайд гардид.
Дар паёми имсола, чун паёмҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва касбомӯзӣ аҳамияти бештар доданд. Президент ба аҳамияти тарбия ва омодасозии кадрҳои баланихтисос ва мутахассисони соҳибкасб барои ҳама соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоии кишвар ишора намуданд. Таъкид гардид, ки «дар шароити ҷаҳони муосир, касбомӯзӣ ва омодагии мутахассисон барои рушди тамоми бахшҳои кишвар аҳамияти бассо муҳим дорад». Ин маънои онро дорад, ки рушди иқтисоди миллӣ ва бунёди як ҷомеаи муосир, ки дар он шаҳрвандони баландихтисос ва соҳибкасб ҳукмрон бошанд, ба омодасозии кадрҳои ҷавон ва таъсиси муассисаҳои касбомӯзӣ вобаста аст. Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 4 марказҳои хизматрасонӣ ва рушди малакаҳои касбӣ сохта ба истифода дода шуд ва ин иқдом минбаъд низ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аҳолияшон нисбатан зиёд аст, идома меёбад.
Рушди касбомӯзӣ ва таҳкими касбҳои коргарӣ на танҳо барои шахс, балки барои тамоми кишвар аҳамияти хосса дорад, қайд гардид зимни ироаи паём. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки агар як шаҳрванди Тоҷикистон касб ё ҳунари мувофиқро омӯхта, соҳибкасб гардад ва онро дар амал татбиқ намояд, он на танҳо боиси беҳбуди иқтисоди шахсӣ мегардад, балки барои рушди ҷомеа низ хеле муфид хоҳад буд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти дуруст омӯхтани касбу ҳунар дар ҷараёни тағйироти иҷтимоии кишвар ишора намуданд, зеро танҳо шаҳрвандони баландихтисос ва соҳибкасб метавонанд ба сохтмони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноат, тиб, сохтмон, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо мусоидат кунанд.
Пешрафти соҳаи маориф ва рушди касбомӯзӣ ба таъмини эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Дар паёми навбатӣ Президенти кишвар ба нақши касбомӯзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва бо истифода аз кадрҳои баландихтисос ба ташаккул ёфтани иқтисоди рақобатпазир таъкид намуданд. Тибқи таъкидҳои Пешвои миллат, ҳар як шахс, ки касби худро дуруст ва хуб омӯхта аст, метавонад ба саноат, бахши иҷтимоии кишвар ва инфрасохтори давлат хизмат кунад. Касбомӯзӣ ва омодасозии мутахассисон барои шеваи корӣ ва иқтисодии кишвар хеле зарур мебошад.
Важатарин нуқтае, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ин масъулияти ҷавонон дар омодасозии худ барои оянда мебошад. Президенти кишвар ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷаҳишҳо ва тағйироти босуръат дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасанд, бояд ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва ихтисос аҳамияти бештар диҳанд. Омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои ҷавонон як имконияти хуб аст, ки онро бо истифодаи дуруст метавон дар оянда барои пешрафти худ ва кишвар истифода бурд. Пешвои миллат, инчунин таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд бо технологиҳои муосир ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шаванд ва ҳунару касбҳои нави марбут ба рушди иқтисодиро омӯхта, ба тамоми ҷомеа хизмат кунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсионӣ» эълон карда шавад.
Дар паёми имсола аъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат як қатор барномаҳои давлатӣ қабул карда шавад, Аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани “Барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби ҷавонон”.
Ҳамасола, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани инфрасохтори таълимӣ ва касбомӯзӣ, таълими амалии муҳаққиқон ва мутахассисон ва тадбиқи барномаҳои махсуси касбомӯзӣ дар тамоми кишвар таваҷҷуҳ мекунад. Аз ҷумла, дар паёми худ, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб – Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби аҳли кишвар ба хушнудӣ пазируфта шуд.
Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ишора бар он намуд, ки ҳамоҳангсозии низоми маориф, пайвастани илм бо истеҳсолот ва омӯзиши касбу ҳунар бо ниёзҳои иқтисодии кишвар, омода кардани кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб барои кору фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ба рушди устувор ва муваффақияти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Назарзода Давлатхон – ходими
калони илмии шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ