Skip to main content

ПАРТАВИ МАЪРИФАТ ВА АҚЛГАРОӢ

Паёми имсола монанди паёми соли гузашта аввалин таъсире, ки ба шунаванда ва хонанда мегузорад, ин аст, ки руҳияи бисёр баланди ободкорӣ, эҳсоси сарбалндӣ аз натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ эҳсос мешавад.

213123Қисмати аввал ва дуввум, ки омори иқтисодиро ироа мекунад, бешубҳа як бахши бисёр руҳбаландкунанда аст. Маҳз ҳамин тантанаи оморҳои рўҳбахш ҳақиқатан соли таърихӣ будани соли 2025-ро бо ҳуҷҷату далел тасдиқ мекунад.

Акнун, ки рўи сухани мо ба қисмати фарҳангиву маърифатии Паём аст, аввалин ва ба назари мо бисёр муҳимтарин нукта он аст, ки дар Паёми имсола боз ҳам равшантар шудани андешаҳои маърифатпарварӣ, ақлгароӣ, кўшиши ҳамқадами замон кардани Тоҷикистонро мушоҳида мекунем.

Як дафъа ба ёд биёрем, ки ҳанўз соли 2009 дар сатрҳои аввалини «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (Иборат аз 4 китоб. – Душанбе: Ирфон, 2009. С.5.). Пешвои миллат, Президенти мўҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда муроҷиат карда, навишта буданд: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?» андешаи моро ба масъалаҳои бунёдии хештаншиносӣ ҳидоят карда буд.

Ҳамин нукта аз оғози фаъолияти Президенти мўҳтарами мо дар мақоми олӣ равшану возеҳ намоиш медиҳад, ки Пешвои дурандеши мо дар гузоштани мақсад, ба амал овардани он бисёр ҳадафманд, қадам ба қадам устувор аст. Пас аз ин китоб, аз асар то асар, ҳамин ақида, яъне пурқувват кардани хештаншиносии миллат, хусусан ҷавонон дар маркази андешаҳои маорифпарварӣ ва фарҳангпарварии ў ҳастанд.

Кадом асаре, ки кушоем ин андеша ба монанди як хати сурх аз асарҳои сиёсии Ҷаноби Олӣ мегузарад. Дар ин раванд, яъне мушаххасан шинохтани асолати миллат, решаҳои миллат, хусусан дар китобҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» ва дар «Чеҳраҳои мондагор» бисёр равшану дастрас матраҳ мешаванд.

Китоби «Чеҳраҳои мондагор» боз як сифати барҷастаи дигар дорад, ки он барои ҳама табақаҳои ҷамъият фаҳмо ва дастрас иншо шудааст. Мо пештар ҳам пешниҳод карда будем, ин китоб, хусусан барои ҷавонон бояд расонида шавад…

Дар Паём, ин масъала дар раванди ояндабинӣ ва ояндасозӣ матраҳ мешавад, яъне мубрам будани масъалаҳои хештаншиносӣ, соҳибмаърифатӣ, соҳибфарҳангӣ, ақлгароӣ дар шакли як ҳидояти бисёр муҳим омадааст:

«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандўсту ватанпараст ва дорои ҳисси баландӣ худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Чуноне мебинем ҳар кадоме аз ин сифатҳо ҳам ба алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмўъ дар марҳаллаи имрўзаи рушду тараққии Тоҷикистон аҳамияти на танҳо муҳим, балки ба назари мо аҳамияти ҳалкунанда доранд. Баъд аз як чанд ҷумлаи ин иқтибос дар Паём боз ишора ба бесаводӣ, таассубу хурофот ва ҷаҳолат мешавад «ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Ин роҳнамоии Пешвои мўҳтарам ба назари мо бисёр мубрам ва дар ҳамин марҳилаи рўзгори мо зарур аст. Сарфи назар аз ҳама кўшишҳои Ҳукумат дар самти маориф ва фарҳанг, фароҳам овардани шароитҳои рушду равнақи ҷаҳонбинӣ, фароҳам сохтани тамоми шароитҳо, чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар хориҷӣ кишвар омўхтани илму фарҳанги муосир, ҳамоно мушоҳида мекунем, ки хурофоту ҷаҳолат пеши роҳи рушду равнақи на танҳо маърифат, балки иқтисоди моро ҳам мегирад.

Муносибат бо ин масъала ҳақиқатан ҳам бисёр назокат ва эҳтиёткорӣ мехоҳад, бо вуҷуди ин чуноне, ки дар Паём ҳам омадааст, обод кардани масҷидҳои зиёд, нашр кардани тақрибан тамоми осори динии исломӣ ( яъне осори муҳими ҳанафӣ) ва дигар тадбирҳо, ки мақсади онҳо таъмини талаботи қонуни «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ». Сарфи назар аз ҳама ин кўшишҳо дар доми найрангҳои хурофотӣ афтидани ҷавонон, як падидаи бисёр ҳайратовар аст, ки бо ин рўйдод албатта муросо кардан мумкин нест.

Аз ҳамин ҷост, ки дар Паём гўё бо оҳанги махсус қайд карда шуд, ки «бо хурофот давлатсозӣ намешавад». Ҳарчанд дар Тоҷикистон тибқи қонун, виҷдон, диндорӣ озод аст, дар айни замон ба назар чунин мерасад, ки табақаҳои дахлдорӣ ҷомеа бояд фаромўш накнунад, ки Тоҷикистон на давлати атеистӣ аст ва на давлати теократӣ. Ин нукта, яъне риоят кардани на теократӣ ва на атеистӣ, балки дунявӣ будани ҷамъияти мо маълум мешавад ва тарбияту муносибати махсусро тақозо мекунад. Мо мушоҳида мекунем, ки қисмате пайдо шудаанд, комилан анъанаҳои динии миллати моро инкору таҳқир мекунанд ва қисмати дигар дар раванди диндориашон ба хурофоту тундравӣ роҳ медиҳанд.

Дар назари муаллифи ин сатрҳо, вақте дар пажўҳиши ин масъала, яъне таносуби атеизм ва диндорӣ рў ба рў мешавем, ман ҳатман, беихтиёр он тадбирҳое, ки Президенти Тоҷикистон барои боз гардорнидани шаҳрвандони тоҷик аз майдонҳои ҷангу ҷидоли Сурияву дигар нуктаҳои даргир кардаанд, ба ёд меорам. Аҷиб, ки ин тадбири бисёр муҳим, бисёр омўзанда дар байни мардум ҳеҷ ташвиқ намешавад, дар сурате, ки таҷрибаи ин бозгаштагон, ки аксаран кўдакон, наврасон ва модарони онҳо ҳастванд, таҷрибаи равшану раднашавандаи касофати хурофоту ҷаҳолат ҳастанд. Як ҳақиқати бисёр сола, ки дар Паёмҳои дигар такрор ба такрор омадааст, ин аст, ки «Ҳеҷ кас Ватани моро обод намекунад» ободии Ватани мо, некуаҳволии миллати мо, субботу оромии Ватани мо, танҳо аз худи мо вобаста аст, Хусусан он қисмати ҷомеа, ки аҳли маърифат, ақлгаро, ҳамқадами замон ҳастанд.

Баргардем ба масъалаи ҳадафмандии андешаҳои сиёсии Пешвои муаззаму хирадманд. Дар ин Паём он саволе, ки соли 2009 гузошта буданд, яъне мо аз «кадом дудмонем ва ба куҷо равонаем» дар ин Паём гўё ба як марҳилаи муҳими худаш мерасад. Дастури роҳбари давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе дар бораи «… бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷўи намоянд». Ин қисмати Паём ҳадафмандии андешаҳои давлатсозӣ ва фарҳангсозии Пешвои миллатамонро ба решаҳои амиқи таърихӣ мебарад, зеро раванди барқарор кардани фарҳанги миллӣ, шинохти асолати миллӣ, акнун ба дараҷае расид, ки мо бояд ѓами солимӣ ва бенуқс карданӣ решаҳои фарҳанги миллатамонро хўрем ва албатта решаҳои ориёнии тамаддуни мо ҳарчанд оѓоз аз соли «Бузургдошти тамаддуни ориёнӣ», аз соли 2006 қадам ба қадам сурат гирифтааст. Дар ин раванд, боз ҳам асари Ҷаноби Олӣ аз «Ориён то Сомониён…», ба нашр расонидани тамоми осори то исломии миллат, ки ин ҳам дар 5 ҷилд бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ сурат гирифт ва чандин тадбирҳои дигар, хусусан ҷаҳонӣ кардани Наврўз, хештаншиносии миллат, шинохтани асолати миллӣ хеле боло рафтааст.

Дар ин раванд қайд кардан ҳам зарур аст, ки баъд аз пош хўрдани шуравӣ, эҳсоси хештаншиносии миллатҳо (на танҳо миллатҳои собиқ шўравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон) эҳсоси хештаншиносӣ ба як суръати бисёр шаддит боло рафт. Дар ин раванд ҳам падидаҳои миллатгароӣ, миллатчигӣ, нартсисизм ва монанди инҳо авҷ гирифтаанд, то ҳадде, ки яке аз ин миллатҳо даъво кард ва чандин китоб навишт, ки фалон баҳрро аҷдодони мо кандаанд. Боз ҳам дар ҳамин раванд хусусан дар 4-5 соли охир мешоҳида мекунем, ки ба мероси ориёнӣ натанҳо ҳамсояҳо, ҳатто баъзе аз қавмҳои славянӣ ҳам даъво мекунанд…

Албатта ин падидаҳо як равандҳои даргузар ҳам хастанд, аммо он қисмате, ки тақрибан зиёда аз 100-сол аст, даъвои Ибни Синову дигар бузургон мекунанд, моро маҷбур мекунанд ба ин гуна даъвоҳо ҷавоб диҳем, яъне хоставу нахоста як майдони набарди фарҳангиву пажўҳишӣ сурат гирифта истодааст, ки мо ҳаргиз даъвои чунин майдону чунин набардро надорем, зеро худи гузоштани ин масъала бебунёд ва ѓайриилмӣ аст, аммо дар айни замон (чуноне, ки давраи таҷлили бузургдошти «Тамаддуни ориёнӣ») маҷбур будем, ба чунин даъвоҳо ҷавоб диҳем, акнун ҳам ҷавоб хоҳем дод, аммо табиист, ки ҷавобҳои мо ҳамеша истидлолӣ, илмӣ буданд ва хоҳанд монд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳам барои соли 2026 ва ҳам барои оянда як ҳидояти партавафкан, ҳидояти дилро пурқувват кардан, моро ба ояндаи боз ҳам осудаву шоистатар расидан, роҳнамои мекунад.

Назри Яздонӣ ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121