Skip to main content

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЕЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

«Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад».
Эмомалӣ Раҳмон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.

Мо бояд барои Модар-Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем. Ватан қимматтарин сарват ва волотарин Ватандӯстию ватандорӣ ва муҳаббат ба Ватан нишонаҳои имондорӣ мебошанд ва ҳамагон онро бояд аз дилу љон дӯст доранду чун гавҳараки чашм ҳимоя намоянд. Ва ин масъулияти баланду пурифтихор дар тамоми рӯйи олам ва дар ҳама давру замон бар дӯши Артиши миллӣ мебошад.

Ватани азизи мо – Тољикистонро низ Артиши миллиаш бо сари баланд ва ифтихору сарфарозӣ ҳимоя мекунад. Имсол ҳамватанони бонангу номуси мо 32-юмин солгарди таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизамонро бо як ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ љашн мегиранд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.

Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди Ватан қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».

Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст.

Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣ буда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад.

Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад. Афсарону сарбозони шуҷои мо пайваста дарк менамоянд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Барои таъмини шароити хуби адои хизмати ҳарбӣ, имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон - беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ буда, ҳамасола дар доираи ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ музди меҳнат ва маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.

Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони соҳибдониши ҳарбӣ мебошад.

Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки соҳиби Артиши миллии ҳифзкунандаи марзу буми кишвари азизамон ҳастем ва ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон, маҳз аз самараи хизмати софдилонаи ҳар як ҳизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд.

Хулоса, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои халқу давлатамон, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бигзор фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвари азизамон барои ҳамеша пойдор бошад ва лашкари тавонояш боз ҳам то қуллаҳои баландарини тараққиёт бирасад.

Идатон муборак афсарони шуҷои Ватан!

Раҳимова Шукрона корманди шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121