НАКӮҲИШИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР АНДЕШАҲОИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ
Файласуф, мутафаккир, олим ва табиби машҳур Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ 28 августи соли 865 дар шаҳри Рай (насабаш ҳам аз ҳамин ҷост) тавлид ёфтааст. Розӣ аз он шахсиятҳои муътабар ва фарзонаи таърих аст, ки дар ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Ў бо эҷоди фикрӣ ва маънавии худ ба ҷараёни минбаъдаи ташаккулу такомули илмҳои зеҳнӣ, махсусан табиатшиносӣ ва тиб, чӣ дар Шарқу чӣ дар Ѓарб такони муассире бахшидааст.
Розӣ аз овони ҷавонӣ ба илму дониш мароқи хосае дошт ва хусусан ин шавқу ҳаваси ў дар илми кимиё хело барвақт зоҳир шуда буд. Шояд дониши Розӣ нисбат ба илми кимиё ба заргарии ў алоқаманд бошад. Мувофиқи гуфтаи Берунӣ, Розӣ дар ибтидо ба кимиё шавқ дошт ва дар натиҷаи таҷрибаҳояш чашмонаш осеб диданд. Ў бо мақсади табобат борҳо ба табибон муроҷиат намуд.
Закариёи Розӣ яке аз донишмандони пуркори асрҳои миёна аст, ки дар фалсафа, кимиё ва тиб шуҳрати беандоза дорад. Ӯ аз нахустин табибонест, ки аҳамияти илми кимиёро дар муолиҷаи беморон дарк карда, онро дар хидмати тиб қарор дод. Натиҷаи инро дар кашфи алкул (спирт) ва зайтузоҷ (кислотаи сулфат) дидан мумкин аст, ки барои илми кимиёро аз хурофоти динӣ пок ва ба маҷрои дурусти илмӣ равона намудан мусоидат менамуд.
Фаъолияти энсиклопедии ў ҳамаи соҳаҳои илми замонашро фаро мегириф. Имрўз чанде аз осори табиатшиносии ў дар даст аст. Вале, мутаассифона осори фалсафии ў хеле кам боқӣ мондааст. Ин осори боқимонда соли 1937 аз ҷониби Пол Краус дар китобе бо номи «Расоил фалсафия музоф илайҳо қитаъан мин кутубиҳи ал-мафқуда» ба забони арабӣ ва форсӣ ба табъ расид. Дар ин китоб осори боқимонда ва иқтибосот гирдоварӣ шудааст. Асли пурраи он китобҳо, ба сабаби ихтилофи назар бо идеологияи онрўза, аз тарафи хурофотпарастон нест карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Розӣ ба маънои имрўза воқеъбин ва реалист аст. Ў андешаҳои хурофотию ифротиро қабул надорад. Заминаҳои фалсафаи Розиро таркиби (синтези) фикри фалсафии Эрону Юнон ташкил медиҳад. Ҳарчанд Розӣ дар асарҳояш ба афкори бостонии Эрон ва Юнон муроҷиат мекунад, вале идеализми ў аз қабили идеализми Афлотун ва афлотуниён нест.
Дар масъалаи ифрот, Розӣ тамоми амалҳое, ки аз ҳадди эъдидол берун меравандро ифрот меномад, ӯ ҳатто ишқро ҳам як навъе аз шаҳват дониста, онро накўҳиш мекунад ва онро ифрот дар ҳавои нафс ва таслим шудан ба он медонад. Ошиқон ва шоирони ориф аз он сабаб нафсҳои худро дар азобу машаққат мегузоранд, ки намехоҳанд аз он чӣ моил бар онанд даст кашанд, ҳатто дар ҳоли ноил гаштан ба он, зеро ин барои онҳо ҳамчун чизи табиие мешавад. Ва ў муътақид аст, ки ҳар кас, агар молики чизе бошад ва онро қадр кунад, ин боиси заифии ў мешавад ва ба зудӣ орому сокин мешавад. Дар ҷои дигар бисёр гуфтаи ба ҳақиқат наздик дорад, ки «ҳар мавҷуде мамлул асту ҳар мамлуле матлуб». Аз ин рў, Розӣ пайваста панд медиҳад, ки инсон бояд дар ноил гаштан ба талаботи ҷисм ба ифрот роҳ надиҳад.
Закариёи Розӣ дар “Сирати фалсафӣ” зикри онро кардааст, ки дар ҳаёташ корҳои баде аз ў зоҳир нашудааст, чӣ дар ҷамъ намудани молу чӣ дар истеъмоли таому шароб, ва ин корҳоро то ҳадди ифрот нарасонидааст.
Дар умум, омӯзиши осори илмӣ, хоссатар осори Закариёи Розӣ ҷавонони имрӯзаро аз гаравидан ба ҳар гуна хуолфлӣ ва ифрот бозмедорад ва ҳамон таъкиди Пешвои миллат аст, ки “танҳо илм пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад”. Агар ҷавонони имрӯза бештар ба илм рӯ биёранд ва аҳли мутолиа шаванд, ҳеч гоҳ фирефтаи андешаҳои хурофотию ифротӣ намегарданд.
Рамазониён А.Б. – ходими илмии Маркази синошиносии ИФС АМИТ
