МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО ИДОРАКУНИИ САМАРАНОК ВА ТАКМИЛДИҲИИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛИРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД
Проблемаи такмилдиҳии шаклҳои ташкилӣ ва заминаҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз проблемаи мубрам ва муҳими идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳолати мавқудаи муомилот бо партов, яъне чораҳои партовпартои, партовғункунӣ, кашонидани партов, гуронидан ва безарар гардонии партов дар маҳалҳои аҳолинишини кишвар ташвишовар мебошад Вазъи номусоиди идоракунии партовҳо талаб менамояд, ки баҳри самаранок гардонидани идоракунии ин соҳа «дар ҳамаи самтҳои идоракунии партовҳо ислоҳоти куллӣ гузаронида заминаи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ мукаммал гардонида шавад»[1].
Сарчашмаи асосии ифлос гардонии ҳудуди аҳолинишинро қамъшудани партовҳои саноатӣ, ки дар қараёни истеҳсолот пайдо мешаванд ва партовҳои сахти маиши, ки аз натиқаи зиндагонии аҳолӣ ҳосил мегарданд, ташкил медиҳанд. Ҳамчун ифлоскунандаи муҳити зист, инчунин обҳои партови шаҳрӣ, ки обҳои саноатӣ, маишӣ ва боронро якқоя менамоянд, арзи вуқуд доранд
Баҳри идоракунии самараноки партовҳо дар давлатҳои пешрафтаи қаҳон стратегияҳои коркарди партовҳо қабул карда шудааст, ки самтҳои зерини чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқиро дар бар мегирад:
а) кам кардани миқдори партовҳо дар натиҷаи истифодаи маводи босифати технологӣ, ки суръати баланди утилизация (несту нобудкуниаш содда) дорад ё барои такрор истеҳсолкунӣ истифода карда мешавад,
б) таҳияи чораҳои муосири нест кардани партовҳо ва кам кардани гуронидани онҳо, аз ҷумла бо роҳи фароҳам овардани шароите, ки партовҳо аз ҷиҳати иҶТисодӣ фоиданок мегарданд. Масалан сохтани корхонаҳои махсус, ки аз партовҳо маҳсулоти дигар истеҳсол менамоянд (нуриҳои минералӣ, тугмаҳои либосӣ, шиша, коғаз, маводҳои сохтмон ва ғайра).
Партовҳои маишӣ инсониятро дар тамоми роҳи хаёти худ ҳамроҳӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар даҳсолаҳои охир, мушкилоти партовҳои маишӣ, махсусан дар шаҳрҳои калон, хеле шадид шудааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ таъкид мекунанд, ки афзоиши солонаи партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ 4-6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба суръати афзоиши аҳолӣ 3 баробар зиёд аст. Чунин вазъият дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ низ қайд карда шудааст, ки дар замони имрӯза рушди бемайлони иҶТисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва дигар омилҳои таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки аз қумла идоракунии самараноки партовҳоро талаб менамояд.
Барои ташкил намудани идоракунии босуботи ҳар як соҳа пеш аз ҳама заминаҳои ҳуқуқӣи танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии марбута зарур аст. Ҳамзамон бояд дар хотир дошт, ки доираи муносибатҳои ҳуқуқӣ марбут ба партовҳо хеле васеъ буда соҳаҳои зиёд ва мухталифи низоми ҳуқуқии кишварро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ проблемаи гузаронидани ислоҳоти комплексии такмили қонунгузории ватанӣ марбут ба партовҳо пеши кор омадааст. Аз қумла мушкилотҳои қонунгузориро дар Консепсия хеле равшан ва возеҳ оврда шудааст, ки инҳоянд: а) гузаронидани ислоҳоти куллии идоракунии партовҳо; б) мукаммалгардонии муқарарот оид ба истифодабарии маҷмӯавии тамоми механизмҳои идоракунии партовҳо ва нигоҳ доштани захираҳои партовҳо; в) такмили қонунгузории экологӣ, махсусан дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ; г) қиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва экологии шаҳрвандон, бо таври васеъ амалӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ, ва дар мавриди зарурият, пурзур намудани қавобгарии маъмурӣ; д) мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳифзи муҳити зист дар доираи санади ягона – Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; е) такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешбурди кадастри давлатии объектҳои ҳифзи муҳити зист; ё) мониторинги давлатии экологӣ; ж) назорати давлатии экологӣ; з) аудити экологӣ ва экспертизаи экологӣ; и) таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ; к) ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва арзёбии стратегии экологӣ; л) такмил додани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими муносибатҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувор ва дигархо[2].
Стратегияи рушди давлатдории миллӣ тақозо менамояд, ки вазифаи умумии ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ аз идома додани кор барои солимгардонии муҳити зист иборат мебошад. Онҳо бояд барои ворид намудани иҶТидорҳои нави истеҳсолии аз ҷиҳати экологӣ тоза, такмил додани системаҳои тозакунӣ ва кам кардани партовҳо чорақуӣ намоянд. Ин кор сарфи назар аз сабабхои берунию дохилй бояд бемайлон давом дода шавад.
Заминаҳои ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои қамъиятиро марбут ба муомлот ва идоракунӣ бо партовҳо танзим менамоянд аз Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва сандаҳои меъёрӣ ҳуқуқию маъмурӣ ҳуқуқӣ иборат мебошанд.. Ба ғайр аз ин, муносибатҳои муомилот бо партовҳо бо санадҳои зерқонунӣ, аз қумла бо: а) дастурҳои техники; б) меъёр ва қоидаҳои санитарӣ; в) меъёр ва қоидаҳои сохтмон; г) стандарт ва шартҳои техникӣ; д) меъёр ва қоидаҳои идоравӣ; е) санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳал, аз қумла мақомоти худидораи давлатӣ ва дигарҳо, танзим карда мешаванд.
Инчунин талаботҳои солимдории экологӣ дар кодексҳо ва қонунҳои зерини соҳавӣ пешбинӣ карда шудаанд: Кодекси замини ҶТ аз 13 декабри соли 1996 дар мод.21 муқарар намудааст, ки заминистифодабарандагон бояд замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиқаи фаъолияти хоқагидорӣ роҳ надиҳанд. Агар ин талаботҳо риоя карда нашавад, мутобиқи мод. 147 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои бо партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов, организмҳои бактериологию паразитӣ ва зараррасон ифлос кардани замин ҳангоми набудани аломати ҷиноят, қавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар мод.139 Кодекси манзили ҶТ аз 12 декабри соли 1997 муқарар карда шудааст, ки шаҳрвандон вазифадоранд, муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба тақҳизоти санитарию техникӣ ва дигар тақҳизот эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаи истиқоматӣ ва минтақаҳои атрофи бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панқараи зинаҳо ва дигар қойҳои мавриди истифодаи умумӣ қарордоштаро таъмин кунанд. Дар ҳолати вайрон кардани ин талаботҳо, аз қумла барои вайрон намудани қоидаҳои истифодаи хонаҳои истиқоматӣ, қоидаҳои санитарии қойҳои таъминоти истифодаи умумӣ, панқараҳои зинаҳо, лифт, даромадгоҳҳо, рӯи ҳавлии бино, мутобиқи қ.3 мод.152 –и ҳамин кодекс қавобгарии қиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.[3]
Масалан, барои партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ба манзил, хоқагии коммуналӣ ва ободонӣ дар мод.452 КҲМ ҶТ қавобгарии маъмурӣ муқарар карда шудааст, ки тибқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад[4].
Ҳамин гуна қавобгарӣ барои ифлос кардани об, аз қумла барои бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об воқеъ буда - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (мод.177 КҲМ ҶТ);
Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, қойгиркунӣ, истифода, нест кардани (гӯронидани) партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо дар мод.232 КҲМ ҶТ қавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳамин гуна қавобгари дар мод.239 КҲМ ҶТ низ пешбинӣ шудааст.
Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ, ки дар боло қайд намудем заминаи мавқудаи рушди ҳуқуқи экологии кишварро қайд намуда роҳнамоӣ менамояд, ки дар замони имрӯза рушди бемайлони иҶТисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва дигар омилҳои таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки ба ташаккул ва инкишофи соҳаи ҳуқуқи экологӣ мусоидат менамояд. Дар самти мазкур як қатор мушкилоти зерин мавҷуд аст, ки барои ҳалли онҳо, аз қумла, зарур аст: доимо таҳлил (мониторинг) намудани вазъи идоракунии партовҳо, вобаста ба натиқаҳои он гузаронидани ислоҳоти экологӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои марбута ва соҳавӣ, истифола намудани мақмуи тамоми механизмҳо баҳри ба даст овардани муҳити зисти аз қиҳати экологӣ тоза, дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии ҳифзи муҳити зист, пурзӯр намудани фаъолияти милитсияи экологӣ, назорати прокурорӣ ва назорати давлатии истифода ва ҳифзи муҳити зист ва инчунин, ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва арзёбии стратегии экологӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба ҳифзи муҳити зист ва ҷорӣ намудани принсипҳои «иҶТисодиёти сабз».
Дар ҳамин радиф, қайд намудан бомаврид аст, ки аз 10 маи соли 2002 таҳти №44 Қонуни ҶТ «Дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ» қабул карда шудааст. Қонуни мазкур муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд[5].
Қонуни мазкур мафҳуми расмии партовҳоро додааст, ки онҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд[6].
Қонуни баррасишаванда дар қатори дигар мафҳумҳо таърифи муомилот бо партовҳоро муайян намудааст, ки онҳо - тамоми шаклҳои фаъолият мебошанд, ки ба ҳосилшавӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гуронидани партовҳо вобастаанд. Ба андешаи мо қонунгузор ин қо, пеш аз ҳама, шаклҳои ташкилӣ ва ҳуқуқиро дар назар дорад, ки мақомоти ваколатдори марказиву маҳаллӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар фаъолияти худ аз онҳо истифода мебаранд. Қонун мафҳумҳоеро мавриди истифода ва пешниҳод қарор додааст, ки хусусияти софи маъмурӣ-ҳукуқӣ доранд, зеро барои истифода ва риоя намудани онҳо фаъолияти ташкили ҳуқуқии хусусияти амрдиҳандагӣ ва иқроия бояд зуҳур ёбад. Масалан, барои нигоҳ доштани партовҳо, (аз руи мафҳуми расмӣ- С.И) аввалан - захирагоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда ташкил намудан зарур аст, сониян, партовҳоро то лаҳзаи аз он ҷо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардан, нигоҳ доштан зарур аст, ки ин ҳам чорабиниҳои муайяни ташкилию ҳуқуқии мақомоти ваколатдорро талаб менамояд.
Ба ҳамин мазмун, мафҳумҳои гуронидани партовҳо – яъне ҷудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад. Истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) ё ҳосил намудани неру (энергия) ва безараргардонии партовҳ – яъне, коркард (аз ҷумла сӯзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад, фаҳмида мешавад.
Ваколатҳои мушаххаси маъмурӣ – ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар мод.51 Қонуни баррасишаванда пешбинӣ карда шудааст.
Яке аз масъалаҳои доғи руз марбут ба партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳо мебошад, ки дар шаҳрҳои калон мубрамияти хоса дорад. Дар мод.11 Қонун муқарар карда шудааст, ки ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бояд мунтазам аз партовҳои сахту моеъи истемолӣ тоза карда шавад. Барои иқроиши ин меъёр зарур аст, ки маҳалҳои аҳолинишинро аз партовҳо тоза карда, партовҳоро ғун карда, онҳоро ба қойҳои муайяни партов партои кашонида шавад. Мутаасифона ҳар як қисмати чорабиниҳои номбурда (яъне: тозакунӣ, ғункунӣ, партовбардорӣ ва кашонидан) дар воқеъ мушкилотҳои худро доранд. Барои дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои номбурда Қонун талаботҳои зеринро муқарар намудааст:
- аввалан, оқилона ташкил ва ҷамъовари намудани партовҳо, ки ҷамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коғаз ва ғайра), нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараркунии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологи мутобиқ бошад;
- сониян, риояи намудани меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро бояд мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва ҳифзи табиатро амалӣ мегардонанд, назорат кунанд;
- назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал амалӣ мегардонанд.
Бояд тазакур дод, ки дар Қумҳурии Тоқикистон қонунгузориҳое қабул карда щудааст, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист, аз қумла, аз партовҳо алоқамандии бевосита дошта, дар меъёрҳои мухталиф муносибатҳои қамъиятиро марбут бо партовҳо мавриди танзим қарор додаанд. Зеро партовҳо ифлоскунандаи муҳити зист мебошанд. Масалан, Қонуни ҶТ «дар бораи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011 таҳти №760. Мутобиқи дебоча ин қонун асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иҶТисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи илонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст[7].
Муносибатҳои ҳуқуқӣ марбут ба идоракунии партовҳо ва талабот оид ба чунин фаъолият дар қонунҳои зерини соҳавӣ, аз қумла дар қонунҳои ҶТ: «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (с. 2011), «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» (с. 2003), «Дар бораи иқозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (2004), «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақ-лиёти автомобилӣ» (с. 2015), «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» (с. 2009), «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» (с. 2012), Кодекси замини Қумҳурии Тоқи-кистон (с. 1996), Кодекси оби Қумҳурии Тоқикистон (с. 2000), Кодекси қангали Ҷумҳурии Тоқикистон (с.2011), Кодекси қиноятии Қумҳурии Тоқикистон (с. 1998) ва дигарҳо мавриди танзим қарор дода шудааст.
Ба ғайр аз санадҳои қонунгузории номбар намуда масъалаи идоракунии партовҳо бо шумораи зиёди санадҳои маъмурӣ ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Масалан, бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе (№186 аз 1 апрели соли 2010) «Қоидаҳои баровардан, қамъоварӣ, ҳамлу нақл, бе-зараргардонӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе» қабул гардидааст. Қоидаҳо тартиб ва қадвали муваққатии баровардан (аз тарафи истеъмолкунандагон) ва бурдани (аз тарафи корхонаҳои махсусгардонидашуда) ПСМ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамаи тарафҳо дар соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва дигар нишондодҳои меъёриро ба танзим медарорад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон аз 03.03.2011 № 97 «Қоидаҳои қамъоварии лампаҳои аз истифодабаромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин санад аз 7-июни соли 2011 таҳти №301-2 Қарори Раиси ш.Душанбе «Оид ба чорабиниҳо доир ба системаи безараркунӣ, қамъоварӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи партовҳои лампаҳои симобдошта дар ҳудуди шаҳри Душанбе» қабул карда шудааст. Масъулият оид ба иқрои қоидаҳои мазкур ба мақомоти иқроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва КВД «ХМК» вогузор гардидааст».
Новобаста аз мавқуд будани заминаҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо проблемаҳои халталаб мавқуданд. Масалан бо сабаби бемасъулиятӣ ва надоштани дониши зарурии экологӣ шаҳрвандон аксар ваҶТ тартиботи муқараршудаи муомилот бо партовҳоро риоя намекунанд, аз қумла: партовҳоро қудо карда ба қутиҳои партов, ки қудо андохтани пластикҳо, шиша ва партовҳои сахти маиширо талаб мекунанд риоя карада намешавад. Ҳоло ҳам дар кучаҳо, хиёбонҳо, қуйборҳои канори роҳҳои шаҳр мушоҳида карда мешавад, ки дар халтаҳои полиэтилени партов партофтаанд. То он даме, ки рубандаҳои хоқагии коммуналӣ онҳоро нагиранд, партовҳо боқи мемонанд, ки чунин муомила ба партовҳо ба қоидаҳои шаҳрдорӣ ва маърифати экологӣ мухолиф мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи «Консепсияи ислоҳоти хоқагии манзилию коммуналӣ дар Қумҳурии Тоқикистон барои солҳои 2010-2025» давра ба давра сохтани партовгоҳҳо ва қойҳои қамъоварии партовҳо, аз қумла сохтмони корхонаҳои коркарди (сузонида, безаракунӣ ва ғ.) партов пешбинӣ шудааст. Мутаасифона то имруз дар ш. Душанбе корхонаи коркади партовҳо сохта нашудааст. Дар ш. Кулоби вилояти Хатлон ҳоло соли 2013 аввалин корхонаи коркарди партовҳо аз қониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои сомонаи расмии ҳукумати ш. Душанбе соли равон мутахасисони Чин дар ш. Душанбе корхонаи коркарди партовро месозанд. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ аз 14.09.24с. хабар доданд.[8]
Ба ин нигоҳ накарда ҳукумати ш.Душанбе баҳри идораи самаранок бо партовҳо чораҳои зарури ва таъқилӣ меандешад. Масалан, тибқи иттилои АМИТ «Ховар» аз 14.09.2024 муовинони Раиси шаҳри Душанбе А. Абдураҳмонзода ва Т. Раҳимзода бо роҳбарияти ширкати чинии Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD» вохури гузаронида масъалаи сохтмони коркарди партовҳоро баррасӣ намуданд. Роҳбарияти ширкати чинӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳоро пешниҳод карда, зарурати чунин корхонаҳоро барои коркарди дуюми партовҳои сахти маишӣ таъкид намуд[9]. Моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории намояндагони гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии муҳокима, беҳтар намудани ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар доираи ҷузъҳои пешбинишудаи лоиҳа буд[10].
Иброҳимов С.И. – д.и.ҳ., професор,
сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи
давлатии ИФСҲ АМИТ
.