Skip to main content

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ — МАСЪУЛИЯТИ МУШТАРАКИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба раванди рушди устувори давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳурот на танҳо ба самаранокии идоракунии давлатӣ халал ворид мекунад, балки боиси заиф гардидани эътимоди ҷомеа нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ, коста шудани адолати иҷтимоӣ ва халалдор гардидани рушди иқтисодӣ мегардад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки коррупсия ҳамчун як падидаи мураккаб ва бисёрҷанба пурра аз байн бурда намешавад, аммо тавассути татбиқи сиёсати пайгирона ва механизмҳои муассири ҳуқуқию институтсионалӣ метавон сатҳи онро ба таври назаррас коҳиш дод.

Мубориза бо коррупсия иродаи қавии сиёсӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдор ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин раванд, мавҷудияти қонунгузории мукаммал, шаффофияти фаъолияти мақомот, таҳкими назорати ҷамъиятӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз ҷумлаи шартҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, нақши афкори ҷамъиятӣ ва мавқеи шаҳрвандон дар муқовимат ба коррупсия хеле муҳим аст. Танҳо дар шароите, ки ҷомеа нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ мавқеи оштинопазирро ишғол намояд ва принсипҳои қонунмандӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ дар шуури ҷамъиятӣ устувор гарданд, мубориза бо коррупсия метавонад натиҷаҳои муассир ба бор оварад.

Аз ин лиҳоз, муқовимат ба коррупсия бояд ҳамчун фаъолияти ҳамагонӣ ва масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа арзёбӣ гардад, зеро танҳо тавассути ҳамкории муназзами ҳамаи қишрҳои ҷомеа метавон заминаҳои рушди шаффоф, адолатнок ва устувори давлатро таъмин намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикисмтон мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва унсури калидии таъмини қонуният, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими идоракунии самараноки давлатӣ арзёбӣ мегардад. Шароити муосир ва воқеияти рушди ҷомеа нишон медиҳанд, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо талаботи имрӯз, балки вазифаи стратегӣ барои ояндаи давлатдорӣ мебошад. Коррупсия ҳамчун падидаи манфии иҷтимоӣ метавонад ба низоми идоракунии давлатӣ, фазои сармоягузорӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ таъсири харобиовар расонад. Аз ин рӯ, мубориза бо он ба яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро ҳамчун омили муҳими таъмини рушди шаффоф ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ мекунанд. Дар суханрониҳо ва паёмҳои роҳбари давлат пайваста таъкид мешавад, ки мубориза бо коррупсия бояд хусусияти фарогир дошта, ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро фаро гирад.

Аз охири солҳои 1990 ва махсусан аз соли 1999 оғоз гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва институтсионалӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия амалӣ карда шуданд. Дар ин замина, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар қонунгузории миллӣ ташаккул ёфта, санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия заминаи асосии ҳуқуқии ин самтро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, меъёрҳои зиддикоррупсионӣ дар дигар санадҳои соҳавӣ низ ҷой дода шудаанд, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ». Ин санадҳо ба танзими муносибатҳои хизматӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ равона гардида, ба коҳиши омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия мусоидат менамоянд. Бо вуҷуди ин, самаранокии мубориза бо коррупсия танҳо ба мавҷудияти қонунҳо маҳдуд намешавад. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас зарур аст, ки иҷрои қатъии таъмин гардида, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боло бурда шавад, масъулияти хизматчиёни давлатӣ тақвият ёбад ва назорати ҷамъиятӣ густариш ёбад. Танҳо дар сурати муттаҳид гардидани давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон дар муқовимат ба ин падидаи номатлуб метавон муҳити солим, шаффоф ва адолатноки иҷтимоӣ ва иқтисодиро таъмин намуд. Вобаста ба ҷиноятҳои иқтисодӣ мехоҳем хатари коррупсиониро, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, таъкид намоем. Коррупсия ҷиноятест, ки сади роҳи фаъолияти солими давлат ва мақомоти он гардида, омили боздошти инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба муқобили ҳамаи навъҳои ин падидаи нангин бо тамоми воситаҳо ва роҳу усулҳо мубориза барем. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ин кор вазифаи бевоситаи онҳост, барои аксуламали ҷиддӣ ва қатъӣ бар зидди коррупсия ҳамаи имкониятҳо ва пеш аз ҳама қонун ва дигар асноди дахлдори ҳуқуқиро дар ихтиёр доранд.

Ҳанўз чанд сол муқаддам Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳояшон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат ба Прокуратураи Тоҷикистон бо муборизаи беамон аз ин зуҳуроти нангини аср ёдовар шуда буданд.

Мутобиқи моддаи 93 –юми Конститутсияи ҶТ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ Прокурори генералӣ ва Прокурорҳои тобеъи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Аз муқаррароти ин модда бар меояд, ки мавҷудияти назорати прокурорӣ чун кафолати иҷрои якхелаи қонунҳост, кафил будани прокурор натанҳо дар конститутсия, балки дар қонунгузориҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст. Бо дигаргуниҳо дар сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ масъалаҳое ба вуҷуд меоянд, ки қувват додани ин намуди назорат боиси пешравии кор мегардад. Яке аз масъалаи мубрами рўз чуноне, ки дар боло қайд кардем ин масъалаи ҷинояткорӣ дар соҳаи коррупсия мебошад. Коррупсия на танҳо ҷиноят, балки ҳуқуқвайронкуни дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ ҳам мебошад. тавсифи ҷиноии маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии коррупсия боиси ба вуҷуд омадани илми нав, ки онро коррупсиология меноманд гардидааст. Зуҳуроти номатлуб коррупсия натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти нангини аср ба решаи давлатдорӣ табар зада, боиси сусту фалаҷшавии сохтору механизмҳои давлатӣ мегардад. Бо пешравии ҷамъият муносибатҳо ҳам инкишоф меёбад. Инкишофи ин муносибатҳо буд, ки дар асоси стандартҳои байналхалқӣ қонуни нав бо номи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия» қабул гардид ва қонуни пешина аз эътибор соқит дониста шуд. Ҳамаи ин равандҳо ва инкишофи қонунгузорӣ сабаби он гардид, ки мақомоти наве дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ташкил дода шуд. Бо талаботҳои қонунгузорӣ ва принсипҳои он назорати прокурорӣ аз болои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ паҳн мегардад.

Коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, коррупсия ба яке аз омилҳои асосии заифшавии низоми идоракунии давлатӣ, коста гардидани эътимоди ҷомеа ба ҳокимият ва халалдор шудани татбиқи принсипҳои адолат ва қонуният табдил ёфтааст. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки ба ин падида рӯ ба рӯ нашуда бошад, зеро коррупсия хусусияти фаромиллӣ дошта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Хатарнокии коррупсия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он метавонад ба амнияти давлатӣ, рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таҳдиди мустақим эҷод намояд. Паҳншавии ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси коҳиши самаранокии идоракунии давлатӣ, суст гардидани низоми назорат, афзоиши беадолатӣ ва ташаккули муҳити нобоварӣ дар ҷомеа мегардад. Дар чунин шароит мубориза бо коррупсия бояд ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва вазифаи умумимиллӣ баррасӣ гардад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки тамоми неруҳои солими ҷомеа — мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як шаҳрванд дар мубориза бар зидди коррупсия саҳми фаъол гузоранд. Танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ метавон ба коҳиши ин падидаи номатлуб мусоидат намуд.

Ҷомеаи муосири тоҷик низ вазифадор аст, ки дар муқобили ин зуҳуроти манфӣ муттаҳид гардида, муносибати оштинопазирро нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ ташаккул диҳад. Мубориза бо коррупсия на танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки уҳдадории ҳар як узви ҷомеа мебошад. Зеро танҳо дар шароити ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун метавон ҷомеаи адолатпарвар, шаффоф ва устуворро бунёд намуд.

Бедилзода Ҳ - мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121