Skip to main content

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ БУНЁДИНИ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Ғанои маънавӣ, ҳамоҳангӣ ва пешравиҳои илмии ҳар миллатро танҳо истиқлол бо самараи пурфайзи ваҳдати миллӣ ранақ бахшида, замина фароҳам меоварад, то дар замири наслҳои шарафманд мафҳумҳои ҳувият, асолат ва рисолати хештаншиносиро эҳё, парвариш ва инкишоф диҳад. Ин сабки худогоҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ озодӣ ва ҳувиятсозиро бо қадамҳои устувору созанда ба тадриҷ густариш бахшидааст. Новобаста аз мушкилоти даҳаи аввали Истиқлол ва чолишҳои сатҳи байналмилалӣ идеяҳои ҳувиятсози ин миллат нагузошт, ки ба иҷтимоиёту иқтисодиёт, ҳифзи амнияти миллӣ ва мафкураи миллии ин мардуми куҳанбунёди тамаддунофар осеб расад, агарчи мақсадҳои нопоке дар ин самт тарҳрезӣ шуда буданд.

12Маҳз ҳамин виқору созандагиҳо ва асолатхоҳиҳо буд, ки имрӯз миллати тоҷик бо анъанаю суннатҳо ва арзишҳои миллии худ меболад ва низоми озодманишии худро дар заминаи ваҳдати миллӣ ривоҷ дода, бо ҳастии забон ва фарҳанг аз ҳувияти худ менозад. Ҳамин асолати воло гувоҳ аст, ки танҳо забон дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Марҳилаҳои силсилавии таърихӣ хеле зиёданд ва агар ба таври хос ба низоми муттаҳидкунандаи ҳувияти миллӣ таърихӣ дар замони Истиқлол аҳамият диҳем, саволе ба миён меояд, ки оё дарки мафҳуми ҳувияти миллӣ силсилаи таърихӣ дорад ва ё танҳо хоси замони Истиқлол аст? Вобаста ба таърихи давлатдориҳо ва арҷгузориҳо ба арзишҳои илмӣ меросбари куҳантарин низом дар таърихи башарият бо доштани маърифати ҳуқуқӣ, моликияти шахсӣ, ҳифозати марзӣ ва ғайра миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки такя бар мансубияту рисолати шахсияти худогоҳ дорад. Аз баракати замон ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб фароҳам омад.

Ҳамакнун мафҳуми ҳувиятсози худшиносӣ яке аз мавзуъҳои меҳварии замони Истиқлол ба ҳисоб рафта, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои ҳувиятӣ, масъалаи худшиносии миллӣ ҳамчун заминаи суботи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳаммияти нав касб мекунад.

Дар атрофи ин мавзуи мубрам донишмандону пажуҳишгарони соҳаҳои мухталиф назарияҳои гуногуни илмиро бо тарҳрезиҳои нав ба нав пешниҳод намуда, онро ҳамчун раванди эҳёи худӣ ва бозгашт ба асолати хеш баррасӣ карда, сарчашмаи пайдоиши онро ба ахлоқи накӯи инсонӣ нисбат медиҳанд. Агар ба динамикаи инкишофи ин мафҳум аз рӯйи қоидаҳои илмӣ назар кунем, маълум мешавад, ки он пайваста ҳамқадами тафаккури ташаккулёбанда буда, ҳамоно, мазмуни иҷтимоӣ ва сиёсии васеътарро касб намудааст. Ҳамин қаробатҳои ватандӯстона дар вуҷуди миллати тоҷик буд, ки бо руҳияи созанда ва тафаккури миллӣ суботу амнияти миллиро таъмин намуда, бо руҳияи бедору истиқрори комил побарҷо монда, далерию шуҷоат, матонату истодагарӣ, худшиносию худогоҳӣ ѓайрати баҳодурона ва паҳлавононаи он асоси ғалаба арзёбӣ гардида, таъминкунандаи бақои давлат ва якпорчагии Ватан ба ҳисоб меравад.

Маҳз, ба ҳамин хотир, мафҳуми ҳувиятсози худшиносӣ ва рушди онро наметавон аз истиқлол аз ваҳдати миллӣ ҷудо намуд, зеро ин ду гавҳари ноёб пайвандгари муқаддасоти миллӣ ва таҳкимбахши низоми давлатдорӣ дониста мешаванд. Аз ҳикмати амалии Конфутсӣ бармеояд, ки ӯ инсониятро ба муҳаббату садоқат ва эътибори баробарарзишӣ ташвиқ менамуд, Суқрот бошад, бо мафҳуми «Худро бишнос» низоми фалсафии худро тарҳрезӣ намуда, баъд аз солиёни зиёд Карл Маркс низ ин моҳиятро дар шакли каме дигартар – «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандӣ аст» дар масъалагузориҳояш иброз доштаст, ки албатта, ифодакунандаи худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дониста мешвад. Дар ин робита, мутафаккири тоҷик Ибни Сино андеша баён намуда, ҷойгоҳ ва рисолати инсонро бо эътирофи авлавиятҳо муқаддам шуморида, таъкид менамояд, ки ҳаройина сиёсати маданӣ дар ҷавҳари инсон нахустин иқдомест, ки сазовор аст инсон ба он таваҷҷуҳ намояд, зеро ҳамоно он сиёсати марбут ба нафси худи ӯст. Яъне, аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирро дар он бо амалу кўшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу неку созад.

Аз ин иқтибос чунин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин мафҳумҳо вобаста ба вуҷудашон доираи иҷрояшон васеъ гардида, асолату ҳувият ва худшиносии миллиро тақвият дода, унсурҳои миллатсозро дар байни ҷомеа ташаккул медиҳанд. Ҳамин аст, ки давраи таърихии ҳувиятсози миллати тоҷик шебу фарози зиёдро пушти сар намуда, вобаста ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ мазмуну шаклҳои мухталифро дар худ ҳазм намуда, ба ин васила, асоси иттиҳоду ягонагӣ ва побарҷоиу асли давлатмеҳварӣ дониста мешавад. Пешвои муаззами ммллат ин масъаларо дар маркази фаъолиятҳои сиёсии худ қарор дода, менависад: “Маҳз, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем”.

Дар ин ҷо мафҳуми ҳувияти миллӣ на ҳамчун мақулаи илмии хос, балки фаротар аз он, раванде дониста мешавад, ки бевосита ба ҳастии шахс марбут буда, фарогири мансубият, фазои фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ буда, ҳамчунин, ба забон, марз ва дар маҷмуъ, ба тамоми арзишҳои миллӣ ва давлату миллат мутааллиқ аст. Дар ин сурат, саволе пайдо мешавад, ки фоида ва арзиши амалии донишҳои мантиқӣ дар рушди ҳувияти миллӣ дар чист? Албатта, ҳамчун воситаи зеҳнӣ (интеллектуалӣ) истифода кардани ин мафҳумҳо дар фаъолияти назарӣ муфид аст. Инчунин, онҳоро ҳамчун натиҷаи ниҳоии таҳқиқи шаклҳои андеша низ баррасӣ кардан мумкин аст. Бо вуҷуди он, тафаккури тадриҷие, ки барои рушди ҳувияти миллӣ корбаст мегардад, на восита ва на натиҷа дониста мешавад. Он аз восита ва натиҷа мазмунан ғанитар буда, тақозо менамояд, ки пурра аз худ карда шавад ва танҳо дар ҳамин сурат, амалан, фоиданок гардида, тавони фикрронии шахсро бо инъикоси густардагиҳо назаррас мегардонад. Вижагии амалии ин мафҳумро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои ҳувиятсози худ мушаххасан чунин иброз медоранд: “Ман аввал тоҷикам ва баъд мусулмон”. Ин таъкиди Пешвои миллат ҳамчун заминаи ҳувиятсоз бар он далолат мекунад, ки ҳар шахси худогоҳ бояд дарк намояд, ки ин сарзамини биҳиштосо на ба хотири дину мазҳаб, балки ба хотири тоҷик будан барои мо созовар гардида, ҳамаи мо дар навбати худ бояд ба қадри ин арзиши олӣ расида, аркони низоми давлати миллиро вобаста ба меъёрҳои тоҷикона таҳким бахшем.

Агар доманаи ин раванди босуботи ваҳдатофар дар пиндору кирдори ҳамаи қишрҳои ҷомеа нақши меҳвариро касб намояд, ҳадаф ва вазифаҳои ҳувияти миллӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ имконияти исботи ақлонии ормонҳои худшиносии миллиро ба таври хеле густурда фароҳам меоварад. Фаротар аз ин, таҳкими асолату ҳувияти худшиносии миллӣ вазифаҳое мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти қонунбарор самташон тасдиқ гардида, моҳияташон оинҳои мардумӣ ва арзишҳои миллиро муайян намудан аст. Маҳз, ҳамин сабаб шуда метавонад, ки ҳувиятсозӣ ва худогоҳӣ ба унвони маншаи бунёдини худшиносӣ эътироф гарданд ва фазилатҳои накуи ҷомеаи ормониро дар фазои беғубори сулҳ татбиқ намоянд.

Равшан аст, ки асолат ва рисолати инсонӣ ба ваҳдат ва фаротар аз он ба ваҳдати миллӣ тавассути афкори ҳувиятсози маданӣ расида метавонад. Дар акси ҳол, аз даст додани ҳувияти фарҳангӣ ба бегонагии инфиродӣ ва иҷтимоӣ бурда мерасонад, ки ин албатта, дури аз худогоҳию худшиносӣ ва заминаи ваҳдатситезӣ дониста мешавад.

Назарзода Саъдуллоҳ Турахон – номзади илмҳои фалсафа, котиби илмии

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121