Skip to main content

БАЪЗЕ АНДЕШАҲОИ ЗИДДИИФРОТӢ ДАР ОСОРИ МИР САЙЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1314–1384) яке аз шахсиятҳои барҷаста ва намояндаи шинохтаи илму ирфони тоҷику форс дар асри XIV буда, бо осори ғаниву пурмуҳтавои худ дили чандин олимону орифони асрҳои миёна ва баъдро тасхир кардааст. Натиҷаи ин муҳаббат буд, ки олимону муҳаққиқони зиёд аз Эрону Ҳинду Покистону Тоҷикистон ва дигар манотиқ ба таҳқиқи осори Алии Ҳамадонӣ рў оварданд ва албатта ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.

Яке аз муҳаққиқони осори Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон Моҳирхўҷа Султонов қайд кардаанд, ки пажуҳишгарон ба Алии Ҳамадонӣ беш аз 170 асарро нисбат медиҳанд ва қисмати зиёди ин осор аз рисолаҳои хурде иборатанд, ки ба забони тоҷикӣ ва арабӣ навишта шудаанд. Инчунин М. Султонов навиштаанд, ки: «Асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ғолибан ирфонӣ буда, вай дар онҳо моҳияти таълимоти тасаввуфиашро баён кардааст».

Ҳақиқати бе баҳс аст, ки тамоми макотиб, фирқаҳо ва намояндагони алоҳидаи ҷараёнҳои тасаввуф муътақиданд, ки рисолати инсон ҳамчун хулосаи ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ, маърифати Ҳаққ ва бозгашт ба ҳақиқати мақсудаи хеш аст. Ва наздиктарин роҳи расидан ба ҳақиқатро дар тарбияи шоиста, одобу ахлоқи ҳамида, тафаккур ва тадаббур дар атрофи ҳастӣ мебинанд, ки боиси муҳаббати инсон нисбат ба Офаридгору офарида мегардад. Осори Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ аз ин андешаҳо холӣ набуда, меҳвари таълимоташ ба тарбияи инсони комил ва бунёди ҷомиаи фозила нигаронида шудааст.

Замони муосир, ки даҳсолаи сеюми худро аз асри XXI паси сар мекунад, бо хусусиёти хосе ҷараён дорад, ки тараққӣ дар модиёт ва таназзул дар маънавиёт яке аз ҷанбаҳои таркибии он гашта истодааст. Одобу ахлоқи ғаризии инсонӣ коста гашта, сарҳадоти ҳавову ҳавасҳои ҳайвонии ў аз байн рафта истодаанд. Гуиё табиати ҳайвонии инсон бар табиати инсонии инсон чира гашта, бо силоҳе ба унвони «маҳдудияти озодии инсон» музахрафоте болои ҳастии маънавии инсон пушонида истодааст. Саволе толиби ҷавоб аст, ки «оё матавонад ҷаҳони маънавии осори мутафаккироне ба мисли Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар боздоштани ин раванди номатлуб кумакрасон бошад?». Албатта бояд посух мусбат, вале бо шароитҳои хосе, ки мутобиқи замони муосир ва холӣ аз ифроту тафрит дар пазириши консепсия таълиму тарбияи ирфонии чунин бузургворон бошад. Чун ки ҷавонони асри XXI ғолибан дар таҳқиқи масоили рўзмарра умуман ва масоили эътиқодӣ ва амалии динӣ хусусан, ба таври назаррас камҳавсала гаштаанд ва ақоиду андешаҳои муҳдасаи ҷараёнҳо ва равияҳои ифротиро бе баҳс қабул мекунанд. Мақсади асосии ин ҷараёнҳо, ки дар олами ислом зуҳур кардаанд, на таълиму тарбияи ноби динӣ, балки сохтани мусулмонҳои суратии шефтаи неъматҳои дунё мебошад, ки ба вақти зарурат бо андак молиёту модиёти дунявӣ онҳоро асбоби бозиҳои геополитикии худ гардонанд. Пас, моддӣ бар маънавӣ, зоҳир ба ботин, нафс бар ақл ва шаҳват бар муҳаббат тарҷеҳ дода шуда истодааст ва ин хатари бузург барои инсоният аст, ки пайваста тамоюли афзудан дорад. Дар ин маврид Алии Ҳамадонӣ мефармоянд: «Ва басо мардумони ворунбахт ва шақӣ, ки осори асмои ҷалолияи Ҳаққ дар фитрату сиришти онон буруз кунад, монанди арвоҳи тира ва ашбоҳи касифа ва нуфуси хабиса ва колбадҳои торик, ки аз ашқиё ва маҳҷубинанд, аз маърифати Ҳаққ маҳҷуб мешаванд ва аз кофирони мардуде ҳастанд, ки кўшиши онҳо дар зиндагонии пасту фонӣ сарф шуда ва зиндагонии худро дар талаби лаззоти нафсонӣ ва таматтуоти маҳсуса ба кор бурда ва табоҳ карда ва ба мавҷудоти зулмонию торик ва захорифи моддӣ гароида ва гирифта шудаанд ва дар ин ҷаҳон амвоҷи ҳасрату андўҳи ҳаводиси замон ва фитнаҳои гуногун ва ошуфтагиҳо онҳоро фаро гирифта ва тўфони андўҳу осеб ба онон ба офоту мусибатҳои гуногун иҳота намуда. Ва дар охират низ бо шиканҷаҳои оташу тарси ҳалок муаззаб буда ва рашку ҳасрат аз ҷиҳоти хусрону зиёнкории онҳо гирифтор сохта ва талхиҳои ногувори расвоиро ба ком мекашанд. Албатта онҳо киштаҳои хешро медараванд ва подоши кирдори худро мебинанд ва барои ситамгорон ёру ёваре нест».

Мутафаккироне ба мисли Алии Ҳамадонӣ мукаммилони мактабҳои тасаввуфии қабл аз худ ва поягузорони равишҳои макотиби хешанд, ки иллатшиносӣ ва натиҷагирӣ аз он, яке аз рукнҳои асосии таълимоти онҳо мебошад. Онҳо иллатҳои фасоди ҷомеаро ҳам дар умури динӣ ва ҳам дар умури дунявӣ баён сохтаанд ва роҳҳои пешгирии фасодро ба қадри тавон пекаш намудаанд.

Алии Ҳамадонӣ яке аз роҳҳои наҷот аз палидиҳои сиришти инсонро дар тазкияи нафс ва тасфияи қалб мебинаду менигорад: «… солику роҳрав оинаи дилро аз зангори олоишҳо зудуда ва аз палидиҳои хўйҳои бад ва чиркинии авсофи накуҳида соф намуда ва сайқалӣ намояд. Ва сифоти худро дар сифоти Ҳаққ несту фонӣ созад ва тавсани сари худро дар фазои паҳновари ҷаннати афъолу сифот ба василаи пок кардани нафс ва тасфияи қалб дар ғайб ва сирри дараҷоти малакутии худ ба гардишу ҷавлон андозад». Чуноне ки аз гуфтаҳои Алии Ҳамадонӣ аён мегардад, дар асри XIV, ки ҷаҳони ислом бо ҷаҳони ғайри исломӣ робитаҳои на чандон хубе доштанд ва яке дор-ул-ислому дигарӣ дор-ул-ҳарб номида мешуд, равиш (метод)-и наҷоти дунёву охиратро ғолибан на дар ҷиҳоди печида бо ағрози дунявӣ ва такфири сросарии минтақаҳои ғайри исломӣ медиданд, балки бо сирати поку беолоиш ва хайрхоҳӣ ба тамоми мавҷудоти олам қавмҳои гуногунро ба исломи ноб моил месохтанд. Беҳтарин намунаи ин гуфтор сафари Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир ва ба воситаи ў ба ислом гироидани мардумони он диёр аст.

Намояндагони макотиби бунёнгарои исломӣ, ки аз бунёди ислом ҷуз расме беш надоранд, ва даъвои исломи садаҳои аввали зуҳури он мекунанд, аз ҳақиқати ботинӣ ва маънавиёти мадании исломи ноб бехабаранд. Зиёда аз ин, шунидан намехоҳанд, ки роҳи ташаккули фарди комил дуру дароз ва хатароти ин роҳ ҳалокатбор аст. Алии Ҳамадонӣ нисбат ба ин масъала чунин изҳори назар мекунад: «Эй азиз, бидон, ки Эзиди таоло навъи инсонро сафари бениҳоят ва роҳи хатарноки беғоят таъйин кардааст ва бештари халқ аз хатарҳои ин (сафар) ва маҳолики ин роҳ бехабарнд ва аз истеъдоди ин роҳи бепоён ва таҳсили асбоби наҷот аз маҳолики ин сафар ғофил». Яке аз асбоби наҷотро Алии Ҳамадонӣ дар бузург доштани амрҳои Худо ва шафқат ба халқи Худо медонад:

«Чун ту дар дунё накардӣ кори соз,

Дар қиёмат чун шавӣ аз аҳли роз?

Эй азиз, ақсоми ин навъ тоъоте, ки мувассили банда аст ба асли саъодати ухравӣ, бисёр аст, аммо маҷмуъи он ба ду асл бозгардад, ки иборат аз он: ат-таъзиму ли амри-л-Лоҳи ва-ш-шафқату ало халқи-л-Лоҳ (Бузург доштани (сар фуру доштан) амри Аллоҳ ва раҳму шафқат бар офаридаҳои Аллоҳ)». Ва ин ду амрро Алии Ҳамадонӣ чун ду боле медонад, ки бе яке аз онҳо парвоз муяссар нест. Қисми аввал ибодати баданӣ аст, чун намозу руза ва дигар ибодот ва қисми дуюм, тооти молӣ аст, ки он ба халқ тааллуқ дорад, чун закоту садақа ва иморати пулу тарбияти зуъафо ва ятимон ва амсоли ин. Яъне, метавон бо ин амалҳо, ки дар худ ягон шоибаи зуроварию таҳқиру тахриб надоранд, ба мақсадҳои олӣ ва ниҳоии хеш расид.

Чунин ба назар мерасад, ки аксари ҷавонони даврони муосир мақсади асосӣ ва рисолати инсониро на ба он гунае мефаҳманд, ки пешиниёни онҳо дарк кардаву бо тамоми роҳу усулу услубҳои мумкина ба мерос гузошта буданд. Ин раванд дар қаламрави Осиёи миёна ва Қафқоз аз солҳои 70-уми асри XX дар байни гуруҳҳое аз намояндагони ислом, ки аксарашон аз хонаводаҳое буданд, ки дар гузашта аз зумраи олимони обиду ботақво ва намунае аз мусулмонони суннатии пайрави мазҳаби Эмоми Аъзам Абўҳанифа ибни Нуъмон ба шумор мерафтанд. Вале фарзандони онҳо бо роҳҳои гуногун бозичаи дасти бозингарони сиёсии ҷаҳон гаштанд. Ба хусус дар қаларави Тоҷикистони имруза, сабаби аввалин ва асосии гароидани баъзе аз намояндагони ислом ба равишҳои муҳдасаи воқеъ дар хориҷи Ҷамоҳири Шуравӣ, ин норозигӣ ба услубҳои таълиму тадрисе ҳаст, ки аз мадрасаҳои Бухорои Шариф ба мо ба мерос монда буд ва инчунин мухолафат ба урфу одатҳои суннатии беш аз ҳазорсолае, ки дар ҳудуди Хуросон ва Мовароуннаҳри пешин роиҷ буд. Ин тоифа теша бар решаи худ заданро оғоз карданд. Масалан, онҳо бо шаклҳои махсуси садақот, ки ба арвоҳи гузаштагон равона буд мухолафат карданд ва мақбара сохтан бар болои қабрҳои шахсони шинохта ва инчунин зиёрати турбати бузургонро гуноҳи нобахшидани (ширк) ҳисобиданд. Аз ин миён зиёрати марқади Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ ҳам истисно набуд. Тудае аз ноқисони комилнамо, бо саводи аъзами арвоҳи бузургони ин миллат дар набарде ворид шуданд, ки оқибати ҳалокатбори онро барои худу пайравонашон муҳаё сохтанд. Мирзо Абдулқодири Бедил чанд садсола пеш дар шаъни ин тоифа фармуда буд:

Имруз ноқисон ба камоле расидаанд,

К-аз худсарӣ ба ҳарфи салаф хат кашидаанд.

Инкори комилон ҳамаро нуқли маҷлис аст,

То кас гумон барад, ки ба маънӣ расидаанд.

Боиси таассуф аст, ки ин тоифа дар тамоми дунё бо суръат паҳн шуда истодаанд ва бо пешниҳоди саҳлангорӣ дар ислом (онҳо ба мардум талаққӣ мекунанд, ки ислом соддаву осон аст, аммо олимони ботингаро ва суфиён онро ба шумо мушкилу тоқатфарсо карда нишон медиҳанд) ба дили мардум роҳ ёфта истодаанд. Ғофил аз он, ки на дар умури дунявӣ ва на дар умури ухравӣ чизе ба осонӣ ба даст намеояд. Амири Кабир дар шаъни онҳо гуфта буд: «Инчунин намозкунанда (муъмини комил), ки шунидӣ, кай баробар бувад ба ғофиле, ки (аз рўи) зулумоти ҳавоҷиси нафсонӣ ва кудуроти васвоси шайтонӣ сар ба замин ниҳад ва бармедорад ва аз сари расм қиёме ва рукуъе ва суҷуде орад ва фотиҳа ба ғафлат хонад». Мутафаккир чунин одамоне, ки ба сурати ибодат ва он ҳам аксаран барои худнамоӣ, пойбанданду аз ҳақиқати ботинии анвои ибодот ғофил, ба гуруҳи беморони рўҳиву қалбӣ нисбат медиҳад ва мегўяд: «Ҳамчунин нишони бемории дил он аст, ки ба воситаи шавоғили дунявӣ ва лаззоти нафсониву маълуфоти ҷисмонӣ аз лаззату ҳаловати зикр ва завқи асрори маърифат ва муҳаббати Ҳаққ маҳрум монад ва бо зикри Ҳаққ унс нагирад. Ва агар тоате кунаду номи Ҳаққ бар забон ронад, аз сари расму одат бошад ва аз анвори рўҳу сафои муноҷоти Ҳазрати Самадият, ки аз баводии карам ба ҷонҳои махсусони инояти азалӣ, ки муқаррабону содиқонанд мерасад, ҳеҷ баҳра наёбад».

Мушкили дагар сари он аст, ки ифротгарони исломӣ роҳи пешгирифтаи ботилаи худро, роҳи асосӣ ва гоҳо роҳи ягонаи расидан ба саодати абадӣ медонанд, ҳол он ки аз даврони нузули Қуръон ва субути суннати санияи Пайғомбари охиру-з-замон (с) роҳҳои расидан ба Ҳаққ ва саодати абадӣ пешниҳод гардидаанд, ки шумори онҳо дар ҳаср наояд. Ҳазрати Амирҷон мефармоянд: «Ва инро муҳаққақ дон, ки роҳҳои халоиқ ба ҳазрати Иззат бисёр аст ва ҳар касе ба роҳе, мувофиқи ҳоли ў бувад, бад-он Ҳазрат тақарруб тавонад кард». Дигар он ки муътақидони макотиби ифротӣ, кори дунёро мушкил қаламдод кардаанд, ки гуё наҷот аз ҳаводиси он қариб номумкин аст, илло ба роҳҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд ва аз он ҷумла инфиҷори худ дар байни тудаи мардумон, ки ғолибан мусулмононанду ин тоифа онҳоро кофир медонанд, гуиё чашидани шаҳди шаҳодат ва зиндагонии ҷовидона ва ризқ хурдан дар ҷивори Ҳазрати Ҳаққ бошад. Ин курдилони нохудогоҳ кори охиратро осон шумурдаанд, ки аз гумони ботилаи худ ҷараёне сохта, дар хидмати душманони ислому муслимин камар бастаанд. Алии Ҳамадонӣ дар муносибати кори дунёву охират мефамояд, ки: «Эй азиз, кори дунё аз он саҳлтар ва осонтару ҳақиртар аст, ки мардум гумон бурдаанд ва кори охират саъбтару душвортар ва мушкилтар аст, ки халқ тасаввур кардаанд». Ҷои дигар мефармояд, ки: «Эй азиз, яқин донӣ, ки баъд аз ҳар муроде номуродӣ хоҳад буд ва ақиби ҳар фаррохӣ тангӣ ва дар паси ҳар роҳате меҳнате ва дар паи ҳар давлате зиллате ва дар паи ҳар неъмате ниқмате. Пас, агарчи неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон бияндеш ва дар вақти фаррохӣ мўҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта муҷозот ва мукофот хоҳад буд». Таҳаммулпазирую сабр дар офоту балийёти дунё паҳлуи дигари таълимоти Алии Ҳамадонист, ки мавриди қабули аҳли ифроту тафрит намегардад. Ў баён медорад, ки: «Эй азиз ҳарчи пеш ояд, шокир бош, ки шукр мўҷиби зиёдатии роҳату неъмат аст ва агар шокир наметавонӣ буд, ҳарчи пеш ояд, розӣ бош, ки ризо аз Худо мўҷиби фараҳу кушоиш аст». Ва ин ақида аз партави ояи Қуръони Маҷид зуҳур кардааст, ки омадааст: «Ва он вақт ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, шуморо бештар диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳар оина азоби Ман сахт аст». Албатта дар замони муосир бисёриҳо метавонанд аз хислатҳои зикргардида сўйистифода кунанд, вале ба ҳар сурат доштани ин сифот дар ботин, омили пешгирӣ аз ифроту тафрит дар ҷомеъа хоҳад гашт.

Паҳлуи дигари масъала он аст, ки фирқаҳои навпайдои исломӣ худро ба «аҳли ҳадис» нисбат медиҳанд ва зоҳиргароиро ба тафрит мекашонанд. Дар воқеъ бояд пазируфт, ки аҳолии Хуросону Мовароуннаҳр дар таърихи беш аз ҳазорсолаи худ равиши «аҳли фиқҳ»- ро доштанд, ки ба онҳо «аҳли раъй» мегуфтанду пояи асосии ин мактаб бар таълимоти мазҳаби Эмоми Аъзам бунёд шуда буд. Аҳли ҳадис ва аҳли раъй дар садаҳои аввали ислом бо ҳам робитаи дустию якдилӣ доштанд, чунки онҳо танҳо дар масъалаҳои фиқҳие, ки ба фуруъот тааллуқ мегирифт ихтилофи зоҳирӣ, аммо дар масъалаҳои эътиқодӣ, ки ба усулиёт тааллуқ мегирад, иттифоқи назар доштанд. Чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бар як ақида буданд. Ва усулан сабаби асосии набудани ихтилофу бадбинӣ, ҷангу маҳкумияти якдигар, ҳамақида будани пайравони ин чаҳор мазҳаб буд. Онҳо ягон нафари аҳли қибларо такфир намекарданд ва ҳатто бо кофирон роҳи мудороро пеш мегирифтанд ва умед доштанд, ки онҳо ба ислом, ақаллан пеш аз маргашон мушарраф мешаванд. Аммо ҳазорҳо таассуф, ки ифротгароёни навпайдо ҳатто мусулмонони як мамлакатро ба як мартаба ва ба якҷоягӣ кофир эълон мекунанду рехтани хунашонро воҷиб медонанд. Онҳо ба далелҳое, ки дар худи Қуръону Суннат ва мафҳумҳои оёту аҳодисе, ки ба таъвил эҳтиёҷ доранд ва тафсиру тавҷеҳашон метавонад гуногун бошад, бовар надоранд. Алалхусус ба тафсироту тавҷеҳоти аҳли тасаввуф дар масъалаҳои гуногуни динию дунявӣ мутлақо зиданд ва онҳоро золлу гумроҳу ҳатто кофир медонанд. Ҳол он ки бузургони аҳли тасаввуф ба монанди Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ намояндагони макотиби тасаввуфанд. Масалан эшон мефармоянд: «Ва бидон, ки илмуляқин ҳосил ояд ба истидлоли оёт ва айнуляқин ҳосил ояд ба мукошифаи малакут ва сифот. Ва ҳаққуляқин ба зуҳури Зот». Бунёдгарон ин кашфу зуҳурро афсонае беш намедонанд ва пайравонашонро аз ин гуна улум барҳазар медоранд.

Ихтилофоти бунёдӣ байни аҳли суннат ва ҷамоат ва бунёдгарони ифротӣ аз баҳсҳое атрофи Зот ва асмову сифоти Худованд манша мегирад. Ифротиён, ки аз камоли маънавӣ орӣ буданд, бо ҳавову ҳаваси бе поя, бар ҷумҳури салафи солеҳ ба мухолифати ошкор бархостанд ва ақоиди ботилаи худро бо зоҳири оёту аҳодис оростанд. Алии Ҳамадонӣ дар мавриди ин тоифаи мутеи нафси аммора чунин менигорад:

«Сифати бад дар ў басе бошад,

Нафси аммора нокасе бошад.

Ва ин нафс дар вуҷуди одамӣ маъдани сифоти замима аст ва рўҳ манбаи ахлоқи ҳасана. Ва сифоти нафс бисёр аст ва яке убудияти ҳавост. Ва ҳамеша аҳли ҳаво бар мушаббаҳиёт ва лаззоти ҳиссӣ иқдом намоянд ва камари мутобиати ҳаво бар миён банданд ва ба ҷидди тамом ба хидмати душмани ҷонӣ машғул шаванд ва ҳаворо ба ҳаво парастанд. Ва ин сифот аз нафси аммора зоил нашавад, илло ба муҳаббати Илоҳӣ». Ва роҳҳои расидан ба муҳаббати Илоҳиро Алии Ҳамадонӣ дар рисолаҳои худ баён доштаанд, ки зуҳду тақво намунае аз онҳост: «Ва зоҳид он ки аз манҳиёт иҷтиноб намояд ва ба воҷибот имтисол фармояд. Ростиро шиори худ созад ва хидмати Ҳаққ созад. Карами хулқу оқибат ҷуяд». Вале бунёдгарони ифротӣ ахлоқи ҳамидаи инсониро пеши по зада, дар ҳайвоният аз бадтарин ҳайвон бадтар гаштаанд ва бо вуҷуди ин гумон мебаранд, ки хидмати Ҳаққ мекунанд ва ризои Илоҳӣ ба даст меоваранд. Шоҳи Ҳамадон ахборе аз Расул (с) оварда менависад: «Амалҳое бувад, ки эшон тасаввур мекарданд, ки он тоат аст, чун рўзи қиёмат назар кунанд, он чи эшон тоат мепиндоштанд дар киффаи маъсият бинанд». Ва ин ҳадис дар шарҳи ояи Қуръон аст, ки: «Бигу! Оё шуморо ба онон ки зиёнкортарини мардумонанд аз руи амал, хабар диҳем? Ин ҷамоат ононанд, ки саъйи эшон дар зиндагонии дунё барбод шуд ва эшон гумон мекунанд, ки дар амали худашон некукорӣ мекунанд». Ва ин ояро Алӣ ибни Абутолиб дар шаъни Хавориҷ тафсир мекард, ки аввалин фирқаи гумроҳи сиёсӣ дар ислом буданд ва аксари бунёдгарони ифротӣ бар асли ақоиди ин фирқа бунёд шудаанд.

Мебояд ҷавонони даврони муосир ба панду насиҳатҳои аҳли илму ирфон гуш диҳанд ва дубора ба гузаштаи хеш назар афкананд, ки масалан чаро дар Хуросону Мовароуннаҳр бо гузашти беш аз ҳазор соли даврони исломӣ ҷангҳои ақидавӣ вуҷуд надоштанд? Чун ки онҳо бар ҳидоят буданд, оқилу олиму фозилу комилро ҳурмат ба ҷо меоварданд ва онҳоро пешвову раҳномои хеш қарор медоданд. Чун ки онҳо медонистанд, ки ихтилоф дар ақида афроди як оиларо ба ҳам ҷанг меандозад, чӣ расад ба афроди қавму миллат. Онҳо умри хеш сарфи талаби илму маърифат, хидмати ватану миллат, тарбияи азпайомадагони инсоният карданд ва осори безаволи онҳо далели ин гуфтаҳост. Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид мефармоянд: «Эй азиз, дунё бозори тиҷорати толибони Ҳаққ аст ва сармояи ин тиҷорат умр аст. Пас, қадри манзили дунё мухлисон донанд ва қимати ҷавҳари умр орифон шиносанд, ки ба нури яқин донистаанд, ки ҳар ки ин ҷо касби саодат накард он ҷо маҳрум аст ва толибе, ки ин ҷо хилъати камол напўшид он ҷо маъдум аст. Ва ҳар ки ин ҷо дидаи дил ба куҳли ирфон равшан накард, он ҷо кўр аст».

Дар осори Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ ҷавонмардию футувват ҷойгоҳи хоссе дорад, ки агар бо вазъияти ҷавонони муосир қиёс карда шавад, мисле ки як мафҳуми ба онҳо бегона менамояд. Агар фаразан мардумони замони муосир аз аркони футувват дар зиндагии рўзмарраашон истифода мекарданд, ҷамъият муътадил, пешрафта ва ояндадор мегардид. Алии Ҳамадонӣ дар хусуси аркони футувват аз забони Алӣ ибни Абутолиб мефармояд: «Фармуд, ки аркони футувват чаҳор чиз аст: авф кардан бо тавоноӣ ва бурдборӣ дар вақти хашм ва некандешӣ бо душманӣ ва ийсор кардан бо вуҷуди эҳтиёҷ». Ва ҷои дигар аз забони эшон мефармоянд, ки: «Гуфт: Касе, ки мусибатҳои хурдро бузург тасаввур мекунад, Аллоҳ ўро ба мусибатҳои азим мубтало менамояд».

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки мутафаккироне ба мисли Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар ҳар давру замон метавонанд намунаи ибрат бошанд, чун ки осори пурмуҳтавои онҳо ҷавобгуи талаботи тарбияи ахлоқӣ ва махзани илму маърифат барои толибони содиқ мебошад. Чунки худи ин мутафаккирон илму маърифат ва тарбияи ҷисму рўҳро на аз пеши худ, балки назди олимону орифони комили замони худ гирифтаанд. Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ дар «Хулосат-ул-маноқиб» аз забони Алии Ҳамадонӣ ривоят мекунад, ки: «Ҳамчунин фамудаанд, ки ҳазору чаҳорсад валиро (қ) дарёфтаам. Чаҳорсад тан аз ин авлиёро дар як маҷлис, дар сиғари (хурдии) син дарёфтаам». Пас, бояд ин гуна ашхос мавриди иқтидои хосу ом бошанд ва ба осори онҳо бояд чанг зад, на бар осори олимнамоёни одамсурати шайтонсифат, ки девори ҳисори мавқеъашон ба мисли хонаи анкабуд заиф ва оянданигари ақоиди ботилаашон ба мисли хонаи гамбуск пур аз наҷосати касиф аст. Бар асли поку софу созгори хеш бояд руҷуъ кард, то аз вартаи ҳалокати маънавӣ раҳо ёбем ва ба илму дониши ояндасоз бояд чанг зад, то ворисонамон аз вартаи найранги бозиҳои ҳалокатбори ҷаҳони имрўзу оянда дар амон бимонанд.

Шамсов Муборакшо Саловудинович – номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121