БАХШИДА БА 2550 - СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР
Эъломияи Куруши Кабир санади калидии фарҳанги ҳуқуқӣ ва
давлатдории ориёӣ-тоҷикӣ
Пеш аз ҳама кулли хонандагонро ба чорабиниҳои илмии «Ҳафтаи муаррифии илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки ба Рӯзи илм, ба 700 - солагии Ҳофизи бузургвор, 20-соли рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ табрик гуфта, хотиррасон мешавем, ки соли ҷорӣ Президенти кишвар боз як санаи муҳимтаринро дар пайдоиш ва рушди ҳуқуқии кишвар қайд намуданад, ки он ҳам бошад, пешниҳоди ҷашни 2550 - солагии Эъломияи Куруши Кабир аст.
Ба андешаи мо, Эъломияи Куруши Кабир муҳимтарин санади ҳуқуқии дунёи қадим аст, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ин ташаббуси Тоҷикистон бояд дастгирӣ шавад.
Барои мо, ва умуман мардуми тараққихоҳи ҷаҳон ин санаи бузурги таърихӣ аст, санае ҳаст, ки ҳуқуқи инсон аз он оғоз меёбад. Ин санаи фархундаро ба кулли мардуми тоҷик табрику муборакбод гуфта, хоҳони он ҳастам, ки фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва умуман ҳар як саҳифаи таърихи фарҳанги тоҷик таҳлилу таҳқиқгари худро ёбад ва ба таври мунсифона омухта шавад то маърифати объективонаи илмии он ба даст омада, сабақи таърихӣ аз он гирифта шавад.
Эъломияи Куруши Кабир, Маншури Куруш, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз намунаҳои барҷастаи хиради азалии мардуми ориёии тоҷик аст, ки дар қаъри таърихи бостонии ҷаҳон таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Дар Эъломия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсону шаҳрванд, махсусан барои давраи муосири Эъломия қайд гардида, яке аз омилҳои рушди босуръати инсоният гаштааст.
Ба андешаи мо, ташаккули оила ва якканикоҳӣ агар ба худшуурнокии инсон роҳ кушода, инсон ба дарки шинохти масъулияти худ дар назди оила ва ҷомеа расида, таърихи инсоният аз ин лаҳза оғоз гардад, пас, бегумон таърихи ҳуқуқии инсоният бо қабули ин Эъломия оғоз мегардад.
«Таърихи тамаддуни ҷаҳон аз таърихи Ирон оғоз мегардад», гуфтаи Гегел ба гузаштагони мо эътирофи ҳақиқати таърихӣ аст, чунки агар инсоният ҳадафмандона ва ё ноогоҳ то Куруш ва дар Аврупо то оғози асри миёна таълимоту тафаккури худомеҳварона дошта бошад, пас, Куруш ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба он ҳамроҳ сохта, сароғози омузиши илмии ҳуқуқ ва мавқеи инсон дар ҷомеа мегардад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин андешаи объективонаро инъикос кардаанд: “Шояд дар таърихи аҳди қадим ин Эъломия нахустин иқдомест сӯи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардустонаро падид овард”.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон»-и худ чунин навиштааст: «Ҳахоманишиҳо, бар хилофи дигар подшоҳони пешинзамони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳуд) дубора барқарор намуданд. Барои ҳамин, асосгузори давлати Ҳахоманишӣ Курушро форсҳо Ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номидаанд».
Профессор А.Ғ. Холиқзода Куруши Кабирро чунин васф менамояд: «Куруш ба таърих ҳамчун сарлашкари додрас, ҳукмдори инсондӯсте, ки ба ҷангҳо аз рӯи зарурат ворид шуда, дар рафти он адолатро риоя мекард ва ба халқу қабилаҳо озодӣ ва хушбахтӣ мебахшид, дохил шудааст... Куруш шароит фароҳам овард, ки қавмҳои кӯчак дар баробари халқҳои бузург дар пешбурди мубодилоти байналхалқӣ бо ҳаққи баробар ширкат варзида, ба омезиши анъанаҳо ва фарҳангҳо ва шаклгирии тамаддунҳои бостон саҳмгузор бошанд».[1]
Пеш аз он ки оид ба Эъломияи сухан гуем, бояд муаллифи онро шиносем. Куруши Бузург (600-530) асосгузори давлати Ҳахоманишӣ мебошад, ки сулолаи мазкур дар Форс аз соли 705 то 330 пеш аз мелод ҳукмронӣ дошт. Падараш Камбуҷия ва модараш Мандона духтари шоҳи охирини Модҳо - Астиаг мебошад.
Бо ҷанг бар зидди Модҳо империяи муқтадиреро (солҳои 550 то соли 330) таъсис дода, солҳои 550-539 онро бо унвони «Шоҳаншоҳ» роҳбарӣ мекард. Куруши Бузург солҳои 559 то 530 на танҳо асосгузори империя гашт, балки ҳудуди онро то сарҳади Мисру Чин ва полисҳои юнонии Осиёи Хурд васеъ намуд.
Яке аз махсусиятҳои ин давлат таҳаммулгаройи буда, Ҳахоманишиҳо аз мардуми маҳалл тобеият ба ҳокимият ва риояи тартиботи ҳуқуқиро талаб намуда, қабул кардани фарҳангу дини зардуштиро талаб намекарданд, ки ба қавли муаррих Алфред Олмстед барои устуворӣ ва ваҳдати империя мусоидат менамуд.[2] Посоргод ё Пасаргад аввалин пойтахти Ҳахоманишиҳо буда, ҳамроҳ бо Ҳамадон (Экбатан), Шуш (Суз аз калимаи савсан-сусан), Персепол (Тахти Ҷамшед, Чиҳил Манор, Садсутун) ин вазифаро иҷро мекарданд.
Оид ба фарҳанги баланди инсондӯстонаи ин подшоҳи бузург муносибати ӯ ба шоҳони дигар кишварҳо аз ҷумла Крёз шоҳи Лидия ва Набонид шоҳи Бобул шаҳодат медиҳад. Куруши Бузург соли 547 артиши шоҳи Лидия Крёзро шикаст дод, вале ба Крёз раҳм карда, ӯро накушт.
Соли 539 ба Бобулистон ҳуҷум намуд, шоҳ Набонид 26 октябри соли 539 таслим шуд ва Куруши Бузург ӯро ба Кирмон равона сохт, ва Набонид бо марги худ дар он ҷо вафот кард.
Куруши Бузург 29 октябри соли 539 ба Бобул қадам ниҳод ва дар ҳамин шаҳр Эъломияро қабул ва эълон кард.
Ҳангоми фатҳи Бобул, ки аз ҷониби сарвари артиши Ҳахоманишӣ Угбару (Ғубор) рух дод, чораҳои фаврӣ андешида шуд, то дар шаҳр қатлу роҳзанӣ рух надиҳад.
Сухан дар бораи он меравад, ки тӯли солҳои дароз Куруши Бузург ҳамчун як лашкаркаш ва фотеҳ, муассиси империяи бузургтарин дар аҳди қадим аз хислатҳои бузурги инсонӣ бархурдор буд, тавонист ҳамчун шахсият дар таърих номи худро ба некӣ бимонад. Яҳудиён ӯро ба некӣ ёд мекунанд, ӯро фиристодаи Худованд мешуморанд ва дар китоби дини яҳудӣ номи Куруш ду маротиба омадааст. Куруш 42 ҳазор яҳудӣ, аз ҷумла 7 ҳазор ғулому канизро барои таъмири ибодатхонаи Байтулмуқаддас аз асирӣ озод ва барои таъмири он раҳнамун сохт. Мардуми Бобул ӯро фиристодаи Худои Мардук мешуморанд. Куруш на танҳо дар ҷанг фотеҳ буд, балки ба халқи худ муносибати башардӯстона мекард ва аз ин хотир форсҳо ӯро Ҷадди Бузург (Падар) мехонданд, менависад Диодори Сисилӣ[3]. Ксенофорт дар китобаш Киропедия навиштааст, ки Куруш ҳар як ҷанговари худро бо ному насабаш мешинохт.
Шахсияи Куруши Бузург, ки дар оилаи ҳоким тавлид шудаву даҳҳо ҷангу саҳнаи муҳорибаҳоро дидааст, ба фарҳанги таҳамулпазирии ӯ таъсир надоштааст, ки инро муносибати Куруш ва афсаронаш бар аҳолии шаҳру мавзеҳои ғасбшуда нишон медиҳад. Аз фалсафаи зиндагӣ ва давлатдории Куруш Маншури Куруш иттило медиҳад, ки дар марҳилаи рушди давлатдории ӯ таҳия гаштааст.
Эъломия аввалин сарчашма ва санади ҳуқуқи инсон аст, ки дар қаъри асрҳо таҳия гардида, минбаъд ба рушди таълимоти фалсафиву ҳуқуқии ориёӣ роҳ кушодааст.
Қайд намудан лозим аст, ки юнониён на танҳо аз илми Бобулу Миср таълим гирифтаанд, балки аксаран ва ғолибан дастовардҳои фарҳанги Ориёӣ онҳоро барои омӯзиш ва хулосабарорӣ ҷалб мекард. Аз ин сабаб, дар гузариши эллинҳо ба инсонмеҳварӣ, яъне рӯ овардан ба масоили инсон, зиндагии ҳаррӯзаи ӯ, манфиати инсон ва муносибати давлату ҷомеа дар осори мутафаккирони юнонӣ нақши Эъломияи Куруши Кабир хеле бузург ва ба андешаи мо ҳалкунанда аст. Он ҳамчун чароғи тобон роҳи мутафаккирони юнониро барои пешрафт дар заминаи ин принсип равшанӣ андохт.
Қайд намудан лозим аст, ки дар қатори Эъломия, инчунин «Авесто» ва дар заминаи он, таҳия гардидани даҳҳо сарчашмаҳои нави диниву ҳуқуқӣ аз хиради ҳуқуқиву давлатдории тоҷикон шаҳодат медиҳад. Ахлоқу одоби зардуштия то имрӯз аҳамияти бузурги худро гум накарда, то ҷаҳон ҳаст шиори ахлоқии зардуштӣ «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» мавқеи худро гум намекунад.
Шароит ва аҳамияти қабули маншури Куруши Бузург на танҳо барои имрӯз, балки барои замони худ низ ҳодисаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Аввалин маротиба дар таърих, шоҳи ғолиб ва артиши он мардуми мағлубро бо супориши афсарону сарлашкарашон ғорат накарданд, товони ҷанг нагирифтанд. Баръакс кушиш намуданд, ки ибодатхонаҳои онҳоро обод, ашхоси асирбударо ба Ватан баргардонанд. Анъанаву мазҳаби маҳаллиро эҳтиром бигузоранд. Дар баробари ин ҳуқуқ ва озодиҳои муайянеро нисбат ба мардуми маҳалл ва мағлубшуда эътироф намоянд.
Аҳамияти рафтори Куруши Кабир ба халқи мағлубшуда аз таъсири Маншураш кам набуд. Ин рафтор асари бузурге дар аҳволу муносибати мардуми мағлуб дар шаҳрҳои гуногуни Шарқ мегузошт. Муносибати башардӯстона ба мардуми маҳалл заминаи эътирофи на танҳо Куруши Бузург, балки ҳокимияти нав ва қабули артиши Ҳахоманишӣ ҳамчун қувваҳои озодибахш гардида, яке аз сабабҳои ҳокимияти устувори империя давоми садсолаҳо дар сарзамини паҳновари он аст.
Куруши Бузург фалсафаи нави ҷанг ва муносибат ба мардуми мағлубшударо ба миён овард. Он аз як тараф, забти ҳудуди навро таъмин менамуд, аз ҷониби дигар, заминаи ба дӯст табдил додани душманро таҳия мекард. Азбатта, барои Куруш амали намудани ин фалсафа, ба ҷо овардани чанд талаботро талаб мекард. Яке аз онҳо: эътироф намудани Худои маҳаллӣ масалан Мардук барои Бобул, худро фиристодаи он эълон кардан.
Вонамуд кардани ҳадафи озоди додани мардуми мазлумро доштани ҷангҳо;
Таъмиру обод кардани ибодатхонаҳои маҳаллӣ.
Эътироф намудану дастгирии табақаи руҳониёни маҳаллӣ.
Аз ҳама муҳимаш, озодии эътиқоду мазҳабро муқаррар кардани Куруши Бузург буд. Дар ин замина Куруши Кабир ва дигар намояндагони сулола маҷбур намекарданд, то мардуми тобеъ фарҳангу дини зардуштиро қабул кунад. Ин раванд ихтиёрӣ буда, касоне, ки мехостанд, дини зардуштиро қабул мекарданд. Дар ин масъала маҷбур кардан мушоҳида намешуд.
Хулоса, Куруши Бузург на танҳо бо қабули маншури машҳураш, балки бо сиёсати бузурги давлатдорӣ ва фалсафаи нави ҷанг ва муносибат ба мардуми ғайр, рафтори башардӯстонааш дар қалби мардуми ҷаҳон ҷо гирифта, мумкин аввалин ва ягона шоҳи таърихии бостонии ориёӣ бошад, ки на танҳо аз ҷониби мардуми ориёӣ, балки аз ҷониби душманонаш мавриди ситоиш ва ёдоварии мусбат гаштааст.
Албатта, яке аз омилҳои муҳим, ки мо бо он Куруши Бузургро ёдовар мегардем, Маншур ва ё Эъломияи Куруш аст. Эъломия як механизм дар фалсафа ва сиёсати давлатдории Куруш аст, ки он сиёсатро ба хатми мантиқӣ мерасонад ва дар дараҷаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ муқаррар месозад.
Пайдоиши санади ҳуқуқӣ дар шакли Эъломияи ҳуқуқи башар худ як навоварӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ аст, ки минбаъд баъд аз 17 аср санади меъёрӣ-ҳуқуқии шабеҳи он дар таърихи ҷаҳон қабул мешавад, ки он Хартияи Бузурги Озодии соли 1215 дар Англия буд.
Агар аз ҷанбаи манбаи қабули ин Санадҳо гирем ҳам, Маншури Куруш бартарият дорад, чунки он бо озодона бо ихтиёри сарвари давлат қабул шуда бошад, пас, чи тавре маълум аст, Хартияи мазкур на бо хоҳиши шоҳи Англия, балки аз ҷониби Генрихи 1, фарзанди хурдии Вилгелми 2, ки бо вайронкунии ҳуқуқи бародари калониаш Роберт қабул шуд, ҳадафи ба даст овардани такягоҳ аз ҷониби руҳониёну заминдорон, аҳолиро дошт.
Дигар афзалияти маншури Куруш аз он иборат аст, ки дар он аввалин маротиба озодии эътиқод дар асри 6 то мелод муқаррар шуд (баъд аз 17 асри қабули маншур ин принсип дар Хартияи бузурги Озодӣ дар Англия эътироф карда шуд).
Махсусияти дигари Маншур аз он иборат аст, ки Куруши Бузург дар Маншури худ ба масоиле рӯй овард, ки то Куруш онҳоро расман давлат кафолат надода, баръакс дар ҷараёни зиддият ва ҷанги давлатҳо пеш аз ҳама онҳо мавриди вайроншавӣ қарор гирифта, мардум вобаста ба дин таъқиб мешуд, озодии ҳаракат маҳдуд карда мешуд, ашхосро ба асирӣ мегирифтанд ва ба ғуломӣ мефурухтанд, ки ин амалҳо бар зидди озодии инсон равона шуда буданд.
Аз ин нуктаи назар, Эъломия як табаддулоти бузурге дар мақоми инсон ва эътирофи арзиши баланди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи тамаддуни башарӣ ба вуҷуд овард.
Бо қабули Эъломия самти нави амалияи ҳуқуқӣ, минбаъд инчунин илми ҳуқуқшиносӣ – механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон, кафолати ҳуқуқи инсон ва илми ҳуқуқи инсон дар мисоли Эъломия сарчашмаи аслии худро ба даст меоварад.
Бо қабули Эъломия давлат расман кафолати озодӣ ва ҳуқуқи инсонро ба зимма мегирад. Кафолати давлатӣ минбаъд ҳамчун механизми муҳимтарини амали шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мегардад.
Агар ба Эъломия руй оварем, пас дар он пеш аз ҳама ҳуқуқ ва озодиҳои инсон номбар шудаанд. Ҳуқуқ ба озодӣ яке аз принсипҳои муҳимитарине аст, ки Эъломия онро инъикос мекунад. «Ҳар шахс ҳуқуқ ба озодӣ дорад» муайян шудааст дар Эъломия.
Дигар ҳуқуқи муҳим принсипи озодии эътиқод ва дин ба шумор меравад, ки Эъломия онро борҳо таъкид мекунад. Ҳар кас ҳуқуқ ба эътиқод кардан ва ё накарданро дорад», яке аз қавоиди асосии фаъолияти давлат дар муносибат ба дин аст. «Ҳар кас озод аст, ҳар динеро, ки майл дорад, баргузинад, ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад» як инқилобе дар афкори ҳуқуқшиносӣ буд.
Ҳуқуқи озодона ва ба ихтиёри шахс мусофират кардан дар Эъломия муқаррар шудааст. Дар Эъломия муқаррар шудааст, ки ҳар кас «ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд».
Ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба адолати судӣ, ҳуқуқ ба интихоби касб, озодии касбу кор ва манъи шиканҷа аз муҳимтарин ҳуқуқҳои муқарраркардаи Эъломия ба шумор мераванд.
Дар заминаи Эъломияи мазкур фарҳанги ҳуқуқии мардуми ориёӣ ба вуҷуд омада, Эъломияи мазкур заминаи ҳуқуқии давлатдории миллии ориёӣ –тоҷикӣ мегардад. Таҷрибаи аксарияти давлатҳои ҷаҳон баёнгари он аст, ки фарҳанг асосан дар заминаи эътиқод, дину мазҳаби мушаххас ба вуҷуд меояд. Ба ин мисол шуда метавонад, фарҳанги исломӣ, фарҳанги буддоӣ ва ғайра. Дар мисоли мардуми ориёӣ фарҳанги ҳуқуқии мо ба ду поя такя мекунад: дини авестоӣ ва Эъломияю қонунгузории давлатӣ «Дат». Таносуби ин ду пояи фарҳанги ҳуқуқиро мушаххас кардан таҳқиқоти илмиро талаб мекунад.
Агар фарз намоем, ки дини давлатии Ҳахоманишӣ дини зардуштӣ буд, пас, таълимоти динӣ-ҳуқуқии он метавонист сарчашмаи Эъломия гашта бошад. Андешаи дигаре вуҷуд дорад, ки Ҳахоманишиҳо то қабули Эъломия ҳанӯз зардуштияро дини давлатӣ эътироф накарда буданд. Яъне, зардуштия дар Осиёи Марказӣ пайдо ва паҳн гашта, Ҳахоманишиҳо онро аз ин сарзамин қабул кардаанд. Дар ин сурат низ Эъломия то қабули зардуштия аз ҷониби Ҳахоманишиҳо сурат мегирад. Дар ин ҳол Эъломия манбаи муҳимтарини фарҳанги ҳуқуқии ориёӣ ба шумор омада, таълимоти мазҳаби минбаъд ин фарҳанги дунявиро устувор месозад. Қайд намудан лозим аст, ки таълимоти Монӣ ва Маздак дар заминаи зардуштия ва дигар динҳо, азҷумла фарҳанги ҳуқукии ниёгон ташаккул меёбад, ки баробариву бародариро тараннум мекарданд, озоди ва ҳукуқҳои инсон, махсусан ҳуқуқҳои иқтисодии онро эътироф мекарданд.
Ҳуқуқшинос Ф. Мирзозода ба он андеша аст, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бештар аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос менамояд:
- Шоҳ кафили ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ мебошад. 2. Шоҳ кафили амнияти раият мебошад. 3. Шоҳ кафили тартибу низом дар ҷомеа мебошад. 4. Шоҳ кафили ҳуқуқу озодиҳои раият мебошад. 5. Шоҳ кафили дахлнопазирии манзили раият аст. 6. Шоҳ кафили ҳифозати шаклҳои гуногуни моликият аст. 7. Шоҳ дахлнопазирии ибодатгоҳҳо ва шоҳҳоро таъмин менамояд. 8. Шоҳ кафили таъмини ҳуқуқ ба эътиқодҳои динӣ мебошад. 9. Шоҳ дар мамлакат пуштибони асосии расму оинҳо мебошад. 10. Кас ҳақ дорад манзилашро тарк кунад ва ба он баргардад. 11. Шоҳи золим бояд ба ҷазои сахт гирифтор карда шавад. 12. Шоҳ бояд зулмро дар мамлакати хеш аз байн бардорад. 13. Шоҳ набояд нисбат ба халқ худсарона рафтор кунад. 14. Ҳоким ва шоҳ бояд адолатпеша ва бо раҳму шафқат бошанд. 15. Мардук ба вазифаи шоҳ адолатпешаро интихоб мекунад. 16. Муқаддасгоҳҳо бояд дар зери ҳимояи давлат бошанд. 17. Шоҳи ҳақиқӣ касест, ки сазовори эҳтироми раият шудааст. 18. Мардуми Бобул баробарҳуқуқ мебошанд. 19. Ҳокимияти шоҳ на барои он аст, ки халқ аз он тарсад. 20. Ёдгориҳои таърихиро бояд шоҳ ҳимоя кунад. 21. Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати ғуломӣ қарор дошта бошад. 22. Ҳар кас ҳуқуқи истифода аз ёдгориҳои маданиятро дорад. 23. Касе ҳақ надорад раиятро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум созад. 24. Мардум ҳақ доранд ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд. 25. Куруш ҳимоятгари манфиатҳои мардуми Бобул мебошад. 26. Қонунҳо бояд баробарҳуқуқии ҳамаро таъмин намоянд. 27. Артиш аз ҷумлаи кафилони таъмини осудагии раият мебошад. 28. Давлат кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум мебошад. 29. Шоҳ ҳақ надорад дар давлати худ ба қонуншиканӣ роҳ диҳад. 30. Шоҳ ҳақ надорад касеро маҷбуран аз як ҷо ба дигар ҷо кӯчонад. 31. Шоҳ ҳақ надорад раиятро аз мамлакат пеш кунад. 32. Шоҳ бояд арзу шикояти раиятро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд. 33. Шоҳ бояд дар назди худоҳо ва раият масъулият дошта бошад. 34. Шоҳ бояд барои раият аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошад. 35. Шоҳ бояд ба корҳое машғул шавад, ки халқро ба некрӯзӣ биёранд. 36. Шоҳ кафили асосии ҳуқуқу озодиҳо ва беҳдошти зиндагии раият аст. 37. Шоҳ бояд амнияти мардуми давлатҳои истилокардаро таъмин намояд. 38. Шоҳ бояд ғамхори беҳдошти зиндагии мардуми давлати истилошуда бошад. 39. Қонунҳо бояд дар пояи адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дошта бошанд. 40. Дар муносибатҳои байналмилалӣ на ҷанг, балки дипломатия афзалият дорад. 41. Зарурати ба назар гирифтани нақш ва мақоми эътиқодоти динӣ дар ҷомеа. 42. Инсон ҳуқуқҳои азалӣ дорад ва онҳоро касе ҳақ надорад шиканад. 43. Пуштибони олии ҳуқуқҳои азалии инсон дар Бобул худоҳо ва махсусан Мардук мебошад. 44. Ҳамаи нажодҳо баробарҳуқуқанд. 45. Ибодатгоҳҳо ва моликияти онҳо дахлнопазиранд. 46. Хориҷиён дар Бобул ҳуқуқи ҳимоят доранд. 47. Бобул моликияти хориҷиро аз они худ намекунад 48. Ҳамаи халқҳо ҳуқуқи истиқлолияти худро доранд. 49. Касе ҳақ надорад инсонро ба қатл расонад. 50.Ҳар кас ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад.[4]
Чунон ки аз таҳлили тезисҳои пешниҳоднамудаи Ф. Мирзозода бармеояд, Эъломия на танҳо сарчашмаи ҳуқуқи халқҳо ва инсон, балки сарчашмаи салоҳиятҳои сарвари давлат ва умуман вазифаҳои давлат низ мебошад, чунки он кулли ҳуқуқ ва озодиҳои номбаршударо бояд кафолат диҳад, кафили риоя ва амалӣ шудани онҳо бошад.
Аз ҷониби дигар, Эъломияи мазкур баёнгари он мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳо мафҳумҳои универсалӣ мебошанд, ки ҳар як тамаддуни пешрафта онҳоро эътироф ва мавриди амал қарор медиҳад. Дар баробари ин, гуногунрангии ҳаёти иҷтимоӣ берангиву яксониро намепазирад. Универсалӣ будани ҳуқуқ ва озодиҳо, тавофут ва гуногуниро инкор намекунад. Баръакс ҳар як ҷомеа бо таърихи хоси худ, анъана, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи худ хусусиятҳои хоси ҳуқуқ ва озодиро таҳия намуда, заминаи гуногунрангӣ ва таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуну хоси ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегарданд.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод оид ба ҷашни 2550 солагии қабули Эъломияи Куруши Бузург ташаббуси саривақтӣ буда, ба манбаи бузурги ҳукуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии ниёгон, таҳлилу таҳқикот сурат мегирад ва саҳифаи холии таърихи давлатдории мо комил мегардад. Ба андешаи ман, мо бояд бо ҷашни соли қабули Эъломия қаноат нанамоем, балки ҷашни 2625 солагии ин давлатсолори ориёӣ - Куруши Кабирро эълон ва таҳқиқотҳо анҷом диҳем, чунки Куруши Кабир аввалин нафарест, ки империяи бузурги ҷаҳонӣ ташкил намуда, сиёсати нави давлатдориро ба роҳ мондааст. Аз Куруши Кабир ташаккули давлати типи нав оғоз мегардад, ки он бо принсипи соҳавии идоракунӣ, сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, роҳҳо, сиккаи пули тиллоиву нуқрагин, ба роҳ мондани алоқаи давлатӣ, мақомоти амниятӣ, роҳу пулсозӣ барои ҳадафҳои сиёсиву давлатӣ оғоз мегардад.
Эъломия танҳо як ҷузъ ва лаҳзаи муҳими фаъолияти ин шоҳи бузурги ориёӣ мебошад, ки дар ҷаҳон тағйироти куллиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба вуҷуд оварда, таҳаввулоти давлатдории ориёӣ заминаи таҳаввулот ва рушди бесобиқаи давлат дар ҷаҳон гаштааст. Таҷлили ин санаҳои фархунда, ифтихор аз ниёгон ва давлатдории сиёсатмадорони ҷаҳонии форсу тоҷик мисли Куруши Кабир, Дориюши Кабир, Исмоили Сомонӣ заминаи устувор гардидани давлати миллӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва рушди меҳанпарастӣ дар кишвар мегардад.
Буризода Эмомалӣ Бозор - д.и.ҳ., профессор, Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] https://tnu.tj/index.php/tj/inikosi-oja-oi-jelomijai-kurushi-kabir-dar-jelomijai-umumii-u-u-i-bashar/дата обращения01.04.2025
[2] A. T. Olmstead. History of the Persian Empire. — London: The University of Chicago Press, Ltd, 1948. — ISBN 0-226-62777-2.
[3] Диодор Сицилийский. Историческая библиотека. Книга IX (фрагменты), 22, 24. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9A%D0%B8%D1%80_II_%D0%92%D0%B5%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D0%B9. Дата обращения.01.04.2025.
[4] Мирзозода Ф. Инъикоси ғояҳои Эъломияи Куруши Кабир дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар //https://tnu.tj/index.php/tj/inikosi-oja-oi-jelomijai-kurushi-kabir-dar-jelomijai-umumii-u-u-i-bashar/Санаи мурољиат01.04.2025

