АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТО ДАВЛАТДОРӢ Ё МАСИРИ ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ СОҲИБИХТИЁРИИ ТОҶИКИСТОН
Соҳибихтиёрӣ яке аз мафҳумҳои бунёдии фалсафаи сиёсӣ ва назарияи давлат ба ҳисоб меравад. Агар ба таърихи ташаккули ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки он дар давраҳои гуногун мазмун ва тафсири худро тағйир додааст. Дар назарияи классикӣ соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама ҳамчун ҳокимияти олӣ ва мустақили давлат дар дохили қаламрави худ ва озодии он дар муносибатҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд.
Дар ташаккули ин назария андешаҳои Жан Боден, Томас Гоббс, Гуго Гротсий ва дигар мутафаккирон аҳамияти калон доштанд. Аммо дар шароити ҷаҳони муосир соҳибихтиёриро дигар наметавон танҳо ба маънои ҳокимияти мутлақ ва бидуни маҳдудият шарҳ дод. Соҳибихтиёрии давлати муосир ҳам ҷанбаи дохилӣ ва ҳам ҷанбаи хориҷӣ дорад: аз як тараф, давлат дар ҳудуди худ ҳокимияти олиро амалӣ менамояд ва аз ҷониби дигар, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад мекунад. Ҳамзамон, соҳибихтиёрии муосир бо уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ имрӯз на танҳо нишонаи мустақилияти давлат, балки ифодаи қобилияти он барои мустақилона муайян намудани самтҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ мебошад. Дар мавриди Тоҷикистон низ соҳибихтиёрӣ маҳз дар ҳамин маъно бояд ҳамчун пояи давлатдории миллӣ ва шарти рушди мустақилонаи кишвар арзёбӣ гардад.
Соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро бояд ҳамчун як раванди таърихию сиёсӣ баррасӣ кард, на ҳамчун ҳодисае, ки танҳо дар як рӯз ба вуҷуд омадааст. Дар ин раванд қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 аҳамияти махсус дошт, зеро он барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқии соҳибихтиёрии минбаъдаи кишвар замина гузошт. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид ва 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Аз ин нуқтаи назар, истиқлолият оғози марҳилаи сифатан нави рушди соҳибихтиёрии Тоҷикистон гардид. Аммо соҳибихтиёриро танҳо бо эълони истиқлолият таъмин кардан имконнопазир буд, зеро барои он сохтори устувори давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, институтҳои сиёсӣ ва заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ зарур буданд. Мутаассифона, солҳои аввали истиқлолият ба давраи хеле мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ рост омаданд, ки масъалаи ҳифзи ягонагии давлат ва барқарор намудани сулҳу суботро ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил дод. Аз ҳамин ҷиҳат, рушди соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ташаккули институтҳои давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз муҳимтарин марҳилаҳои ин раванд қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ буд, ки заминаи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлолро таҳким бахшид. Бинобар ин, агар истиқлолият оғози ҳуқуқии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бошад, пас ташаккули институтҳои давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи миллӣ онро ба як низоми воқеии сиёсиву ҳуқуқӣ табдил доданд.
Бешубҳа, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз муҳимтарин заминаҳои ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлати миллӣ донистан мумкин аст. Қонуни асосӣ Тоҷикистонро мустақиман ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ мекунад. Ин меъёр танҳо эъломияи сиёсӣ нест, балки асоси конститутсионии тамоми низоми давлатдориро ташкил медиҳад. Конститутсия ҳамчунин халқро барандаи соҳибихтиёрӣ ва манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, шаклҳои амалӣ гардидани ҳокимияти халқро муайян кардааст. Аз тарафи дигар, дар он таъкид мешавад, ки ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир буда, давлат соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Ин маънои онро дорад, ки соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон танҳо ба мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ маҳдуд нашуда, бо ҳифзи ҳудуд, фаъолияти институтҳои давлатӣ, волоияти Конститутсия ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваст шудааст. Маҳз Конститутсия низоми тақсимоти ҳокимиятро ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян намуда, асосҳои фаъолияти мақомоти давлатиро муқаррар мекунад. Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994-ро метавон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки яке аз сутунҳои асосии ташаккул ва рушди соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон номид.
Ба назари ман, ин масъала бояд аз мавқеи воқеияти ҷаҳони муосир баррасӣ шавад. Давлати соҳибихтиёр имрӯз наметавонад аз равандҳои байналмилалӣ дар канор бимонад, зеро масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ, экологӣ, энергетикӣ, обу иқлим ва дигар мушкилоти муосир хусусияти фаромиллӣ пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ худ ба худ маънои аз даст додани соҳибихтиёриро надорад. Баръакс, иштироки фаъол дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ метавонад яке аз воситаҳои татбиқи соҳибихтиёрии давлат бошад. Соҳибихтиёрии муосир бо қобилияти давлат барои қабули қарорҳои мустақилона ва ҳамзамон бо омодагии он ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ алоқаманд мебошад. Дар маводи назариявӣ низ таъкид мешавад, ки мафҳуми соҳибихтиёрӣ дар шароити муосир аз шакли мутлақи худ дур шуда, бештар хусусияти нисбӣ гирифтааст ва бо ҳуқуқи байналмилалӣ пайванди бештар пайдо кардааст. Ҳатто принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид яке аз асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди муносибатҳои дипломатӣ набояд ҳамчун муқобили соҳибихтиёрӣ фаҳмида шавад. Баръакс, қобилияти ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрии воқеии давлати муосир мебошад.
Бале, маҳз ҳамин тавъамсозӣ яке аз хусусиятҳои муҳими рушди соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Соҳибихтиёрии давлатӣ маънои онро надорад, ки давлат бояд худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо созад ё танҳо дар доираи имкониятҳои дохилии худ амал кунад. Давлати соҳибихтиёр бояд тавонад манфиатҳои миллии худро муайян намояд, онҳоро ҳимоя кунад ва дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои умумӣ бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ намояд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ субъекти мустақил буда, ҳуқуқ дорад самтҳои сиёсати хориҷии худро муайян кунад. Дар айни замон, масъалаҳое чун амнияти минтақавӣ, терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои обӣ ва энергетика танҳо дар доираи як давлат ҳал намешаванд. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ барои Тоҷикистон на нишонаи вобастагӣ, балки яке аз воситаҳои ҳифз ва таҳкими манфиатҳои миллӣ мебошад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соҳибихтиёрии давлатӣ метавонад бо иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг бошад. Дар чунин шароит, қудрати соҳибихтиёрӣ на танҳо дар қобилияти «мустақил будан», балки дар қобилияти «мустақилона интихоб кардан, ҳамкорӣ намудан ва манфиати миллиро дар ин ҳамкорӣ ҳимоя кардан» ифода меёбад. Аз ин нуқтаи назар, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бояд ҳамчун соҳибихтиёрии фаъол ва ба ҳамкории байналмилалӣ нигаронидашуда арзёбӣ кард.
Пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии давлатӣ бе ташаккули давлатдории устувор ва институтҳои қавии давлатӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар Тоҷикистон ин раванд бо барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ пайванди мустақим дошт. Омили дигар қабули Конститутсия ва ташаккули низоми қонунгузории давлати соҳибистиқлол мебошад. Конститутсия барои танзими муносибатҳои асосии сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва рушди минбаъдаи қонунгузории миллӣ замина гузошт. Ҳамчунин, ҳифзи тамомияти арзӣ, фаъолияти самараноки институтҳои давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ҷузъҳои муҳими соҳибихтиёрии воқеӣ мебошанд. Соҳибихтиёрӣ танҳо вақте устувор мегардад, ки давлат қобилияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дошта бошад. Дар ин маъно, ҳуқуқу озодиҳои инсон низ аз масъалаи соҳибихтиёрӣ ҷудо нестанд, зеро Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Ба назари ман, хусусияти муҳимтарини рушди соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ҳамин аст, ки соҳибихтиёрии давлатӣ тадриҷан аз як мафҳуми сиёсӣ ба низоми фарогири ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти умумии ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар шароити муосир ҳифзи соҳибихтиёрӣ танҳо бо ҳифзи марзу бум ва истиқлолияти сиёсӣ маҳдуд намешавад. Соҳибихтиёрии давлати муосир ҳамчунин ба устувории иқтисодӣ, амнияти иттилоотӣ, рушди илм ва технология, ҳифзи захираҳои табиӣ ва иқтидори инсонӣ вобаста мебошад. Ҷаҳонишавӣ ҳамзамон имкониятҳо ва хатарҳои навро ба вуҷуд овардааст, бинобар ин давлат бояд қобилияти мутобиқ шудан ба тағйироти ҷаҳониро дошта бошад. Барои Тоҷикистон низ муҳим аст, ки дар баробари таҳкими институтҳои давлатӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва технологӣ, мавқеи худро дар низоми байналмилалӣ устувор намояд. Дар ин раванд худшиносии миллӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба Конститутсия низ аҳамияти махсус доранд. Агар шаҳрвандон моҳияти соҳибихтиёрии давлатро дарк кунанд, давлатдориро арзиши умумимиллӣ донанд ва ба қонун эҳтиром гузоранд, пояҳои соҳибихтиёрӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ бояд ҳамчун арзиши зинда ва пайваста рушдкунанда фаҳмида шавад, на ҳамчун дастоварде, ки як бор ба даст омада, дигар ниёз ба ҳифз надорад. Тоҷикистон имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр амал мекунад ва вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ин дастоварди таърихиро бо рушди устувори давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваст намоянд. Дар ниҳоят, қудрати воқеии соҳибихтиёрӣ дар он зоҳир мегардад, ки давлат метавонад роҳи рушди худро мустақилона интихоб намуда, ҳамзамон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтироми баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила ҳамкорӣ кунад.
Дар охир таъкид карданӣ ҳастам, ки бадаст овардани соҳибихтиёрӣ бамаротиб осонтар аст, аз он ки онро ҳифз намоем. Бояд соҳибихтиёриро ба ҳар роҳе ки набошад, нигаҳ дорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем!
Шамолов А.А. – д.и.ф., профессор, ходими пешбари Шуъбаи онтология, гносеология
ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

