Skip to main content

АФКОРИ СИЁСИЮ ҲУҚУҚИИ САЙИД ҶАМОЛИДДИН АФҒОНӢ

            Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ (солҳои ҳаёташ 1838-1897) яке аз мутафаккирони бузург, сиёсатшинос, маорифпарвар ва муборизи роҳи озодии мардуми мусалмон аз мустамликадорони англису рус, франсузу олмон, ислоҳгаро дар тафаккур ва таомул, суннату фиқҳи ислом нимаи дуюми асри XIX умр ба сар бурда, ҳаёти худро барои озодӣ ва шукуфоии мардуми мусалмон бахшидааст.[1]

            Оид ба таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷамолиддини Афғонӣ дар адабиёти илмӣ қайд кардан лозим аст, ки таҳқиқоти пурарзиши Ҳақназар Назаров бо номи «Сайид Ҷамолидин Афғонӣ ва мактаби иҷтимоӣ-сиёсии ӯ»  бо забони русӣ соли 1993 нашр гардидааст.[2] Дар сарчашмаҳои дигар аз қабили китоби дарсии "Таърихи таълимотҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ", зери таҳрири В.С. Нерсесянс (чопи Москва) якчанд ҷумла ба таълимоти ислоҳгароёни ислом азҷумла Ҷамолиддин Афғонӣ бахшида шудааст.  Вале таълимоти ҳуқуқӣ ва махсусан таълимоти сиёсии мутафаккири бузурги Машриқзамин то имрӯз ба таври ҷиддӣ таҳқиқ нашудааст. Иллати муҳимтарин ба ақидаи банда, аз як тараф шинос набудани муҳаққиқони русу тоҷик бо фаъолияту эъҷодиёти мутафаккир бошад, аз тарафи дигар, таҳқиқот ва фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ намунаи инқилобхоҳии мардуми мусалмон будааст ва аз ин сабаб барои мустамликадорони кӯҳнаву нав ва сиёсати бузургдавлатии Ғарб таҳдиде доштааст.[3]

            Оид ба маҳалли таваллуди Ҷамолидин Афғонӣ муҳаққиқон ақоиди мухолиф баён кардаанд. Қисмате аз муҳаққиқон ӯро зодаи Асадободи Ҳамадони Ирон ва қисмати дигар Асадободи Кунари Афғонистонро макони таваллудаш мешуморанд.

            Ба ақидаи гурӯҳи аввал Ҷамолидин пайрави равияи шиа дар ислом буда намехостааст ин омил монеае дар роҳи муттаҳид намудани мусалмонон гардад, аз ин сабаб  Ҷамолиддин худро шаҳрванди Афғонистон муар-рифӣ менамуд. Афғонистон дар он давра бо давлатҳои Шарқу Ғарб робитаҳои зич надошт ва ӯро наметавонистанд дар давлатҳои дигар таъқиб намоянд. Вале тарафдори ақидаи дуввум бо истинод ба навиштаҳои мутафаккир макони ҳақиқии таваллуди ӯро Афғонистон мешуморанд ва азҷумла олими шинохтаи тоҷик  Ҳақназар Назаров дар тадқиқоти муфассали худ, ки ба ҳаёт ва мактаби иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккир бахшидааст ин ақидаро бо далелҳо исбот ва дастгирӣ намудааст.

Таҳлилу таҳқиқи афкори ҳуқуқӣ ва сиёсии Сайид Ҷамолидин Афғонӣ мавзуи рӯзмарра аст ва то он замоне, ки мардуми пайрави дини ислом дар забуниву пасмондагӣ ва дучори ғасбу ғорат аст, аҳамияти худро гум намекунад.

Мавзуъ аз он ҷиҳат низ аҳамияти хосро касб намудааст, ки Ҷамолидин аввалин шахсияти мусалмон аст, ки барои ислоҳи тафаккур  ва сарчашмаҳои шариат кӯшиш намудааст ва пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммади Абдо зери таъсири ақоиди ислоҳгароёнаи мутафаккир афкори сиёсию ҳуқуқии хуро тавонистанд ба таври комил пешниҳод намоянд. Ғайр аз ин, Ҷамолидин Афғонӣ аввалин касест на танҳо дар эъҷодиёт, балки дар амалия ақоиди худро дифо ва барои амалӣ шудани он мубориза бурдааст.[4]

Ҷамолидин Афғонӣ таълими комили исломӣ ва аврупоӣ гирифта дар давоми умри бобаракати худ доимо дар таҳқиқу омӯзиши масоили сиёсӣ, геополитика ва масоили ҳуқуқӣ буд.

Ҷамолидин Афғонӣ чанд муддат дар дарбори шоҳи Афғонистон Азамхон ба вазифаи сарвазир тайин мегардад. Дар давоми мӯҳлати Сарвазир буданаш кӯшиш менамояд, ки барномаи тағйироти куллии давлатдориро амалӣ намояд, вале аз сабаби пайдоиши мухолифон ва зиддият аз ҷониби вазирон ва ҳамрайӣ пайдо накардан дар Ҳукумат аз вазифа даст мекашад.

Ҳангоме, ки сухан оид ба Ҷамолидин меравад нисбат ба мутафаккир борҳо метавон калимаи аввалинро истифода бурд. Аввалин шахсе аст, ки нашри рӯзномаро дар Афғонистон, барои мусалмонони Ҳинд, Миср, Франсия ба роҳ мондааст. Аввалин шахсе аст, ки англисҳо ҳангоми дучор шудан ба душвориҳо дар Мисру Судон миёнаравии ӯро хостанд. Ҷамолиддин шахсе аст, ки аз як тараф, афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии ӯ сарчашмаи назарии инқилобиёни эронӣ шудааст ва аз тарафи дигар, муносибати байни Ирону Русияро ба вазъи мӯътадил баргардонидааст. Ӯро дар миқёси байналмилалӣ бо мубаллиғону пайравони ақидае мубориза бурдааст, ки исломро сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои мусалмонон мешумориданд ва бо ин роҳ мехостанд аҳолиро аз тамаддуну фарҳанги қадимаю ғании худ маҳрум ва ҳамчун манқуртон истифода баранд. Ӯ идеологияи атеизмро ҷиддан маҳкум намуда, идеяи эҳёи исломро ба миён гузоштааст. Ба ақидаи мутафаккир тафсири дурусти Қуръон ва сарчашмаҳои дигари ислом манбаи идеяҳои ҷомеаи ормонӣ шуда метавонанд.[5] Мутафаккири машҳури иронзамин М. Таботабоӣ менависад, ки "Ин алломаи бузург дар тағйирот ва инкишофи афкори ҷамъиятии давлатҳои Шарқи Миёна таъсири мустақим дошт. Оғози ҳамаи ислоҳот ва тағйироти ин минтақа бо фаъолият ва ҷаҳонбинии ӯ алоқаманд мебошанд". Аз ин сабаб, бештари таҳқиқот оид ба таълимоти сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ ба қалами муҳаққиқони арабу Ирон таалуқ дорад.

Дар замони Шуравӣ  афкори ӯ  оид ба "иттиҳоди мусалмонон" ақидаи буржуазӣ ва хатарнок баҳо дода мешуд ва аз ин сабаб мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифт.

Барои давлатҳои ғарб ба истилоҳ буржуазӣ, ки бештар тибқи принсипи "ҷудо созу сарварӣ намо" амал менамуданд ин ақида дар худ таҳдиде барои ҳокимияти онҳо дошт.

Дар шароити муосири рушди ҷаҳон, ки куллигароӣ бештар хусусияти ғарбпарастӣ дошта, барои ислом, махсусан исломи сиёсӣ мавқееро дар ояндаи наздику дур қоил нест, афкори Ҷамолидин Афғонӣ, ки бештар барои мутобиқ намудани ислом ба шароити муосири ҷамоаи мусалмонон ва давлатҳои исломӣ, рушди мустақил ва озодонаи мардуми мусалмон мувофиқи талаби замон равона шуда аст, аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Афкори фалсафӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва таърихии Сайид Ҷамолидин Афғонӣ дар асарҳояш "Инкори материализм", "Таърихи афғонҳо", "Гузида осор", "Урват ал-Вусқо" ва дигар мақолаву баромадҳо инъикос ёфтааст.

Андешаҳои мутафаккирро асосан чунин гуруҳбандӣ намудан мумкин аст:

Илм сарчашмаи пешрафти ҷомеа, давлат ва миллат. Ҷамолидин яке аз маорифпарварони бузурги Шарқ ба шумор меравад ва нақши илму донишро дар пешрафти ҷомеа, халқ ва комёбиҳои миллат омили муҳимтарин мешуморад. Ба ақидаи ӯ аврупоиён ба тамоми гӯшаҳои олам сар халонида марзҳои гуногунро тобеъ менамоянд. Англисҳо то Афғонистон ва франсузҳо Тунисро забт карданд. Амалан менависад мутафаккир, «... ҳамаи ин ғасбкориҳо ва забти мамлакатҳо ва халқҳо кори худи франсузу англисҳо набуда зуҳуроти қувва ва бузургии илм аст, ки имрӯз қувваи худро нишон медиҳад. "Ҳокими ҷаҳон илм аст, ки қароргоҳи худро ҳар дафъа ба ҷои нав интиқол медиҳад"[6] –менависад мутафаккир.

Сабаби қафомондии кигваҳои мусалмонӣ - фанатизми динӣ, сохтори феодалӣ.Таҳлилҳои сиёсӣ-ҳуқуқии вазъи мусалмонон ва вазъи давлатҳои Шарқ ӯро ба хулосае меорад, ки ду омил аст, ки давлатҳои мусалмони Шарқро аз ташаккулу тараққиёт боздоштааст. Якум, фанатизми динӣ ва дуюм, деспотизми феодалӣ.

Масоили фанатизми динӣ ва сохтори феодалӣ ва роҳҳали он - ташкили давлати парлумонӣ. Азбаски бартараф намудани ин ду омил танҳо бо тағйири сохтори давлатӣ вобаста аст, Ҷамолидин Афғонӣ барои давлатҳои исломӣ идораи парлумониро пешниҳод намуда, бо тамоми қатъият ба монархҳои Мисру Ирон, Туркия ин идеяро пешниҳод ва талқин менамуд.[7]

Идораи парлумонии кишвар. Ҷамолидин Афғонӣ идораи парлумониро пешниҳод намудааст. Ин сохтор ба ақидаи ӯ аз намояндагони халқ таъсис меёбад аз ин сабаб идораест, ки манфиатҳои халқро ифода ва ҳимоя карда метавонад.

Робитаи устувори ҳокимияти давлатӣ бо илм. Ӯ тарафдори таъсиси парлумон ва ё ҳукумате буд, ки ба дастовардҳои илмӣ такя кунад ва дар асоси манфиати аҳолӣ фаъолият намояд.

Шакли имконпазири идоракунии давлат. Оид ба шакли давлат ва шакли идораи давлат ақида баён намуда, мутафаккир танҳо як шарт пеш мегузорад. Новобаста аз шакли идора ва сохтори давлат он бояд тибқи талаботи шариат амал намояд. Мусалмонон дар сурати тибқи талаботи шариат амал намудани ҳокимият новобаста аз шакли давлат онро инкор ва ё маҳкум карда наметавонанд. Яъне Ҷамолидин дар ягон ҳолат тафриқаи дин ва давлатро қоил набуд ва динро омили инкишофи давлат ва ваҳдати халқ мешуморид.[8] 

Баробарии давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Сайид Ҷамолидин, ҷонибдори баробарӣ ва адолат, ҳамкории барои тарафайн баробар судманди давлатҳои бузург ва хурд, ғарбӣ ва исломӣ буд.  

Мавҷудияти адолат дар шароити ҳокимияти маҳдудшуда.  Ба андешаи муьафаккир адолат танҳо дар  шароити маҳдуд будани ҳокимият вуҷуд дошта метавонад. Ҳоким бояд дар асоси машварат қарор қабул намояд. Ӯ ба идораи монархӣ зид нест, агар он якҷоя бо падидаҳои парламент ва шуро амал намояд. Ҷамолидин Афғонӣ соҳибихтиёрӣ ва иродаи халқро сарчашмаи ҳокимият мешуморад ва ҳокимро хизматгори халқ медонад.[9]

Ҳимояи Ватан, истиқлолияти кишвар қарзи фарзанди сокини кишвар аст. Мутафаккир вобаста ба шароит тамоми имкониятҳои мавҷударо барои ҳимояи мардуми мусалмон аз ғасбкориҳои давлатҳои аврупоӣ истифода бурдааст. Вай дар ин роҳ аз таҳдид ва истифодаи падидаи ҷиҳод низ истифода мебарад. Дар шароити сиёсие, ки мардуми Мисру Судон қарор доштанд ва англисҳо мехостанд онҳоро тобеъ намоянд, Ҷамолидин мусалмонони ин кишварҳоро ба ҷиҳод даъват менамуд ва ҳимояи ватанро қарзи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа эълон намуд.

Ҳуқуқи инсон. Ҳуқуқи зан, тарбияи зан заминаи рушди ҷомеа.  Мутафаккир яке аз аввалин шахсиятҳои бузурги асри XIX аст, ки  тараққиёти ҷомеаро бо риояи ҳуқуқи инсон вобаста менамояд. Ҷамолидин  вобаста ба масоили иҷтимоӣ мақоми занро дар ҷомеа ва оила таҳлил намудааст. Ба ақидаи мутафаккир, расидан ба ҷамъияти комил бо масъалаи мақоми зан дар ҷомеа сахт вобаста аст. Ба ақидаи мутафаккир ба тарбияи зан дар ҷамъият бояд диққати ҷиддӣ дод, чунки ҷомеа аз зан, модар таълим, тарбия гирифта, дарси ахлоқ меомӯзад ва зане, ки худ тарбияи хуб нагирифтааст ба ҷамъият манфиат расонида наметавонад. Баръакс, ба ақидаи ӯ заноне, ки дастовардҳои тамаддунро омӯхтаву азхуд кардаанд ва ҳуқуқи инсонро медонанд, онро ба фарзандони худ мемӯзанд ва фарзандон пайгири онҳо мебошанд.

Ислоҳоти маърифати динӣ. Иҷтиҳоди озоди ҳапр насли мусалмон. Ҷамолиддин Афғонӣ саромади ислоҳгароӣ дар тафаккури исломӣ буда, сарчашмаҳои муҳимтарини ҳуқуқи ислом танҳо Қуръон, ҳадис ва иҷморо эътироф мекунад. Ақидаи ӯ оид ба ҳуқуқи иҷтиҳод муносибати ӯро ба шариат муайян менамояд. Ба ақидаи ӯ, тақлиди таълимоти мактабҳои динию ҳуқуқии асримиёнагӣ лозим нест. Ҳар як насли  мусалмонон ҳуқуқ ба иҷтиҳод, яъне тафсиру таҳияи нави масоили ҳуқуқиро доранд. Ба андешаи ӯ, мутафаккирони мусалмон дар гузашта бо ёрии иҷтиҳод тавонистанд масоили гуногунро баррасӣ намоянд. Вале фаъолияти онҳо наметавонист тамоми масълаҳои дар Қуръон ва ҳадисҳо ҷойдоштаро фаро гирад[10] ва имрӯз насли нави онҳо ҳуқуқи иҷтиҳодро дорад.

Масоили таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсии Сайид Ҷамолидин Афғонӣ пурмуҳтаво ва доманадор буда ҳатто таҳлили мухтасари қисмате аз онҳо ифшогари бузургии мутафаккир ва нобиғаи айём будани он бузургвор мебошад.   

       

                         Адабиёт:

  1. Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ. Маҷмӯи мақолаҳо. –Душанбе, 2003. –С.17-22.
  2. История политических и правовых учений / Под ред. академика В.С. Нерсесянца. – М.: Наука, 1998.
  3. Назаров Х. Назаров Ҳ.Н. Сайид Ҷамолидин Афғонӣ ва мактаби иҷтимоӣ-сиёсии ӯ. –Душанбе, 1993.
  4. Сюкияйнен Л.Р. Исторические судьбы мусульманской политико-правовой доктрины//История политических и правовых учений / Под ред. В.С. Нерсесянца. –М., 1997. –С.145-149.

 

   

 

Буризода Э.Б.  

– доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳукуқи

 ИФСҲ-и АМИТ

 

 

 


[1] Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ. Маҷмўи мақолаҳо. –Душанбе, 2003. – С.17.

[2] Назаров Ҳ.Н. Сайид Ҷамолидин Афғонӣ ва мактаби иҷтимоӣ-сиёсии ў. –Душанбе, 1993.

[3] Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ. Маҷмўи мақолаҳо. –Душанбе, 2003. – С.17.

[4] Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ. Маҷмўи мақолаҳо. –Душанбе, 2003. – С.18.

 

[5] Сюкияйнен Л.Р. Исторические судьбы мусульманской политико-правовой доктрины //История политических и правовых учений/Под ред. В.С. Нерсесянца. – М.,1997. – С.145.

[6] Назаров Х. Китоби иктибосшуда. – С.10-11.

[7] Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ. Маҷмўи мақолаҳо. –Душанбе, 2003. – С.20.

[8] Сюкияйнен Л.Р. Асари иқтибосшуда. –С.146.

[9] Сюкияйнен Л.Р. Асари иқтибосшуда. – С. 146.

[10] Сюкияйнен Л.Р. Асари иқтибосшуда. – С.147.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123