35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ КИШВАР
Ба даст овардани соҳибистиқлолии давлати миллӣ барои сарнавишти таърихии халқи тоҷик аҳаммияти муҳим дошта, ташаккули имрӯзаи он, тадриҷан, аз соли 1924 оғоз гардидааст. Ин дастовард рамзи Ватани тамоми наслҳои заҳматкашидаи тоҷик мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Бо соҳибихтиёр гардидани халқ, масъулияти муайян намудани роҳи рушди давлат, ва таъмини ояндаи он ба зиммаи ҷомеа вогузор мегардад. Дар чунин шароит ватандорӣ, ҳифзи истиқлолият, амнияти кишвар ва манфиатҳои миллӣ ба арзишҳои меҳварии давлатдорӣ ва заминаҳои муҳими рущди ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил меёбанд. Дар давоми сию панҷ соли мавҷудият кишвар роҳи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро тай намуда, аз буҳрони ҷанги шаҳрвандӣ то марҳилаи суботи сиёсӣ ва рушди устувор расид.
Бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии давраи соҳибистиқлолӣ, ин равандро метавон ба чанд марҳилаҳои асосии таърихӣ ҷудо намуд.
1. Марҳилаи аввал. Истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ (1991-1997)
Ин марҳила яке аз мураккабтарин давраҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ташаккули давлатдории миллӣ дар шароити бӯҳрони сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ сурат гирифт.
9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, аммо солҳои 1992–1997 бо ҷанги шаҳрвандӣ, талафоти зиёди ҷонӣ, харобшавии инфрасохтор ва муҳоҷирати васеи аҳолӣ ҳамроҳ шуданд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва баргузории интихоботи президентӣ барои ташаккули низоми нави сиёсӣ замина гузошт. Марҳилаи мазкур бо имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва анҷом ёфт.
Аз нуқтаи назари фалсафаи иҷтимоӣ, ин давраро ҳамчун марҳилаи гузариш, азнавмуайянкунии мавқеи иҷтимоӣ ва интихоби роҳи минбаъдаи рушди ҷомеа тавсиф намуд. Дар чунин шароит архзёбии воқеияти нави сиёсӣ-иҷтимоӣ, муайян намудани ҷойгоҳ ва манфиатҳои худ ва фаъолшавии иштироки иҷтимоии гурӯҳҳои гуногун ба раванди муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ табдил ёфт.
Дар ин давра мавқеи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати сулҳофарона ва муколама ва гуфтушунид тавсиф ёфта, ҷалби ҷонибҳои даргир ба раванди музокирот ва барқаросозии суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ ба самти асосии фаъолияти роҳбарияти кишвар табдил ёфт.
2. Марҳилаи дуюм. Барқарорсозӣ ва таҳкими давлатдорӣ (1997–2010)
Пас аз истиқрори сулҳ Тоҷикистон ба марҳилаи барқарорсозии давлатдорӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ворид гардид. Дар ин марҳила мавқеи сиёсии Президент ҳамчун роҳбари барқарорсозии давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ташаккул ёфт.
Дар ин давра бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таҳкими слохторҳои давлатӣ ва амниятӣ, ташкили Артиши миллӣ ва барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ амалӣ шуданд. Ҳамзамон, рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла, НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва мавқеи байналмилалии кишвар мусоидат намуд.
Барқароршавии ҳаёти осоишта ва рушди инфрасохтор, ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти кишоварзӣ, касби ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ барои ташаккули синфи миёна ҳамчун табақаи иҷтимоии пайвандгар ва қувваи фаъоли рушди истеҳсолӣ, инчунин барои таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ ва эътимоди ҷомеа ба ояндаи давлат шароити мусоид фароҳам овард. Синфи миёна ҳамчун муҳимтарин омили суботи ҷомеа ва пайванди иҷтимоӣ байни табақаҳои доро ва камбизоати аҳолӣ нақш дошта, ба пешгирии таконҳои инқилобӣ ва низоъҳои шадиди иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Аз назари фалсафаи иҷтимоӣ, марҳилаи дуюмро метавон ҳамчун давраи барқарорсозии ягонагии иҷтимоӣ ва муттаҳидсозии ҷомеаи парокандашуда тавсиф намуд. Дар ин давра масъалаи асосӣ на танҳо барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва иқтисодӣ, балки бозсозии робитаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ташаккули дарки манфиатҳои умумимиллӣ ба шумор мерафт. Бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барқарорсозии маҳалҳои зист ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ барои эҳёи робитаҳои иҷтимоӣ ва муттаҳидшавии ҷомеа замина фароҳам оварданд. Дар баробари ин, ҷустуҷӯи арзишҳо ва манфиатҳои умумӣ зарурати таҳкими заминаҳои ҳувияти умумимиллиро ба миён овард, ки дар раванди ташаккули ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳим дошт.
3. Марҳилаи сеюм. Рушди стратегӣ ва таҳкимииқтисод (2010-2020)
Дар ин марҳила сиёсати давлатӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона гардид. Истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ самтҳои асосии рушди кишварро ташкил доданд. Рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо, идомаи сохтмони НБО «Роғун», рушди соҳибкорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва ҳамгироии минтақаҳо мусоидат намуданд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар масъалаҳои ҷаҳонии об ташаббусҳои байналмилалиро фаъолона пеш бурда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид. Дар маҷмӯъ, дар ин марҳила мавқеи сиёсии Президент ҳамчун пешбарандаи рушди стратегӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ ташаккул ёфта, роҳбари стратегӣ ба самти муҳими рушди минбаъдаи давлатдорӣ табдил ёфт.
Аз назари фалсафаи иҷтимоӣ, марҳилаи сеюмро метавон ҳамчун давраи гузариш аз барқарорсозии ҷомеа ба рушди стратегӣ ва навсозии сохторҳои иҷтимоию иқтитсодӣ арзёбӣ намуд. Дар ин давра таҳкими суботи иҷтимоӣ ва давлатдорӣ барои гузариш ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди кишвар замина фароҳам овард. Рушди инфрасохтор, густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ба васеъ гардидани имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ мусоидат намуданд. Ҳамин тариқ, рушди иқтисодӣ тадриҷан ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори иҷтимоии давлат ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи ҷомеа табдил ёфт.
4. Марҳилаи чорум. Рушди устувор, саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ (аз соли 2020 то имрӯз)
Марҳилаи мазкур бо саноатикунонии босуръат, рушди инфрасохтор ва рақамикунонии иқтисоду идоракунии давлатӣ тавсиф мегардад. Дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори саноатӣ аҳамияти бештар пайдо намуданд. Идомаи сохтмони НБО «Роғун» низ дар доираи ҳадафаи таъмини устувори энергетикӣ ва рушди иқтисодӣ идома ёфт.
Ҳамзамон, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ба ташаккули шаклҳои нави идоракунӣ ва фаъолияти иқтисодӣ мусоидат намуда, зарурати рушди нерӯи зеҳнӣ ва маънавии инсон ва таълиму тарбияи инсони бофазлу бошуурро ба миён овард. Аз ин рӯ, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори маориф, тандурустӣ ва варзиш низ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ нигаронида шуданд.
Дар ин марҳила мавқеи сиёсии Президентро метавон ҳамчун идомаи сиёсати рушди стратегӣ бо таваҷҷуҳ ба саноатикунонӣ, рақамикунонӣ ва рушди устувори давлат тавсиф кард.
Аз назари фалсафаи иҷтимоӣ, марҳилаи чорумро метавон ҳамчун давраи гузариш ба рушди ҳамаҷонибаи инсонӣ, интеллектуалӣ ва маънавии ҷомеа арзёбӣ намуд. Дар ин марҳила саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ бо рушди маориф, илм, технология ва нерӯи инсонӣ пайваст гардида, аҳамияти сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ бештар мегардад. Баланд бардоштани сатҳи дониш, малака, ва қобилиятҳои эҷодии инсон барои рушди сармояи инсонӣ, дар ҳоле ки таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ба афзоиши сармояи иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, рушди устувори ҷомеа тадриҷан на танҳо ба захираҳои моддӣ, балки ба сифати инсон, иқтидори зеҳнӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа такя менамояд.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи 35 соли истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкими давлатдории миллӣ баро пояи сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллӣ ва иштироки масъулонаи шаҳрвандон сурат гирифта, сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти дастҷамъонаи мардуми меҳнаткаши кишвар дар ин раванд ба ташаккули заминаҳои суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва болоравии мақоми байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Дар натиҷа, Тоҷикистон аз кишвари гирифтори низои дохилӣ ба давлати соҳибистиқлол, дорои суботи сиёсӣ ва рӯ ба рушд табдил ёфт.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдориит миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ташаккули симои нави байналмилалии кишвар назаррас мебошад. Дастовардҳои бадастомада натиҷаи сиёсати пайгирона ва тадриҷии роҳбарияти давлат дар самти ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд.
Шуҷоат, матонат, масъулиятшиносӣ ва хирадмандии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар марҳилаи мураккаби ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон дар пешбурди раванди сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат нақши муҳим гузоштаанд. Таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон, ки дар натиҷаи музокироти сиёсӣ ва ҷалби ҷонибҳои гуногун ба раванди оштӣ ташаккул ёфт, ба яке аз таҷрибаҳои қобили таваҷҷӯҳи ҳалли низоъҳои дохилӣ ва барқарорсозии суботи иҷтимоӣ табдил гардид.
25 майи соли 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Мутаҳид сарфароз гардиданд. Ин ҷоиза ба саҳми ӯ дар таҳкими сулҳ, дӯстии халқҳо ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим марбут дониста шуд.
Ҳамчунин, 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмиомалӣ Раҳмон қатъномаеро қабул намуд, ки солҳои 2027 – 2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон мекунад. Қабули ин қатънома идомаи саҳми Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ ва таҷрибаи сулҳофарии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
Мазмуни шеъри Аллома Муҳаммад Иқбол – шоир, файласуф ва муттафакири барҷастаи Шарқ – низ ғояи ҳамсарнавиштӣ ва масъулияти муштараки аъзои миллатро таҷассум менамояд, мо ҳамватанон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин Пешвои миллат ифтихор дорем:
Аз вуҷуди ту сарафрозем мо,
Пас ба сӯзи ин ҷаҳон сӯзем мо.
Ҳар яке аз мо амини миллат аст,
Сулҳу кинаш, сулҳу кини миллат аст.
Миллат ар гардад асоси фард,
Аҳди миллат мешавад паймони фард.
Ин андеша ба мафҳуми масъулияти шахс дар назди ҷомеа ва сарнавишти умумӣ иртиботи мустақим дорад. Ҳамбастагӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва омодагӣ ба саҳмгузорӣ дар манфиати умумӣ дар шароити истиқлолият низ ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа аҳамият пайдо мекунанд.
35 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки идеяи миллӣ танҳо ормон нест, балки дар ваҳдат, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳо ва меҳнати созанда амалӣ мегардад. Маҳз пайванди андеша бо амал истиқлолиятро ба омили худшиносӣ, давлатсозӣ ва рушди устувори ҷомеа табдил медиҳад.
Назира Орифҷонова, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии шуъбаи
фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.М.Баҳоваддинови АМИТ

