Skip to main content

ИБНИ СИНО ДАР САРГАҲИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Дар таърихи ҳар як миллати мутамаддин нақши шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар худшиносию худогоҳии миллӣ бисёр таъсирбахш ва муҳим шинохта шудааст. Аз ин рў, дар замоне, ки падидаҳои номатлуби олам: чун ҷаҳонишавӣ, пайдоиши гурўҳҳои ифротии сиёсӣ, динӣ ва омилҳои дигаре, ки имрўз ба ҳастии миллат ва фарҳанги ў таҳдид намуда, дар фарҷом насли навраси ояндасози миллатро ба гирдоби кашмакашҳо ва ҷараёнҳои номарғуби сиёсӣ, динӣ ва ғайридинӣ мекашанд, такя ва эътимод ба фарҳанги гузаштаи ниёгони тоҷик, ки асоси ҳикмати ҷовидонаи онҳоро таҳаммулпазирӣ, инсондўстӣ, илмандўзӣ ва некукорӣ ташкил медод, ба як вазифаи ҷонӣ ва асосии ватандории мо табдил ёфтааст. Ин андешаи муҳимми замонавиро дар аксари осори адабии классикони форсу тоҷик мушоҳида менамоем, ки онҳо ҳамеша ҷабру ситам, бедодӣ, ноадолатӣ ва ифротгароиро зери тозиёнаи танқид кашида, инсонҳоро аз анҷоми чунин кирдорҳои номатлуб ҳўшдор додаанд, ки парҳез аз чунин падидаҳоро ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бисёр саривақтӣ ва ҳўшдорона ишорат намудаанд:

Сахтгирию таассуб хомӣ аст,

То чунинӣ кор хуношомӣ аст.

Аз ҷумлаи шахсиятҳои нотакроре, ки дар саргаҳи андешаи миллии тоҷикон қарор дошта, имрўз мояи ифтихор ва боландагии миллатамон ба шумор меравад, ба қавли устоди шодравон Сотим Улуғзода "пири ҳакимони машриқзамин" Абуалӣ Ҳусайн Ибни Сино шинохта шудааст. Даҳ аср муқад­дам дар замони ҳукумронии таассуботи мазҳабӣ ва эътиқодии хурофотӣ Шайхурраис парчами ақлу хирад, илм ва ҳикматро барафрошта, инсониятро ба ояндаи дурахшони дўстию ватандорӣ, илму ҳикмат ва доноӣ тибқи гуфтори шоири бузург, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ташвиқу раҳнамун сохтааст:

Замоне маёсой з-омўхтан ,

Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрўхтан.

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Дар замони муосир зиндагинома ва кору пайкори Ибни Сино дар давоми ҳаёти начадон тулонӣ, вале пур­баракти худ як лаҳза, чи дар мусофиратҳо ва саргардониҳо ва чи зиндонҳо ва умури давлатӣ, аз омӯхтан, таълиф кардан ва эҷод кардан боз наистодааст. Ў дар таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз нобиғаҳои нотакрори бани башар чун файласуф, олим, табиб, рӯҳ­шинос, риёзидон, шоир, сиёсатмадор ва мусиқор шинохта шудааст. Чун мо агар ба таърихи илми ҷаҳонӣ як назар андозем, баъди Арасту ў ягона олим ва шахсиятест, ки қариб тамоми соҳаҳои илмро ба дараҷаи камолот расонидааст, ин аст, ки тоҷикон ва фарҳанги онҳоро дар Аврупо ба шарофати осори фалсафӣ ва тиббии Ибни Сино аз миёнаҳои асри xii мешиносанд.

Таълифоти фалсафӣ ва тиббии Ибни Сино аз бозе, ки ба арзи ҳастӣ намуда, ба забони лотини ва дигар забонҳои аврупоӣ тарҷума шудаанд, таваҷҷуҳи хоси табибон, олимон ва мутафаккирони миллатҳои гуногуни ҷаҳонро ба худ ҷалб карданд. Дар тули қарнҳо дар мамлакатҳои мутамаддин ва пешрафтаи ҷаҳон, олимон дар бораи таҳқиқотҳо менависанд, аҳли тиб "ал-Қонун"-и ўро файласуфон ва ҳикматдонон "Китоб аш-шифо"-ро ӯро, муар­рихон замони ӯро ва филологҳо луғат ва эҷодиёти бадеии ӯро мавриди баррасиҳо қарор додаанд. Аз ин ҷост, ки чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб аксари донишмандон таҳқиқоти худро аз ин доиратулмаорифи илму маърифати инсонӣ оғоз менамоянд.

Дар контексти тамаддуни ҷаҳонӣ ва худшиносии миллии тоҷикон ва дар мубориза бо ҷараёнҳои ғаразноки номатлуб зиндагинома, кору пайкор ва заҳматҳои илмӣ ва фалсафии Ибни Сино дар тарбияи ахлоқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии насли ҷавони миллати тоҷик як дафтари зиндагӣ аст, ки аз ғояҳои инсонӣ, ватандўстӣ, ахлоқӣ ва илмпарварӣ моломол буда, вазифаи ҷонии ҷавонони имрўзаи тоҷик ва махсусан донишҷўёну равшанфикрон шинохт ва тарғибу ташвиқи фаолиятҳои мухталифи илмӣ ва иҷтимоии ин мутафаккирони ҷаҳонии миллат аз воҷиботи ватандорӣ дар замони мо гардидааст. Ибни Сино чун зода ва парвардаи муҳити фарҳангии дудаи Сомонӣ ҳаргиз аз ҳудуди Эрони таърихӣ ба ҳеҷ мамлакати бегона нарафт ва ҳамеша ба забон , ватан ва фарҳанги миллати худ вафодор монд. Чун дар илм пазируфта шудааст, ки ҳеҷ ғояе, хоҳ миллӣ бошад ва хоҳ ғайримиллӣ собиту пойдор буда наметавонад, Ибни Сино мехост, ҳикмати нуронии Эрони бостон ва ба вижа ҳикмати Юнони қадимро, ки ҳамҷивори фалсафаи Эрони бостон буд, барои миллати худ ва дигарон ошно созад. Шайхурраис муқаллиди хушки фалсафаи Юнониён набуд ва ин андешаро дар муқаддимаи асари овозадори хеш "Ҳикмати машриқия" чунин иброз дошта буд: "мо илмҳоро танҳо аз юнониён касб накардаем”, ки албатта манзури мутафаккир аз “ғайри юнониён” мероси гузаштаи пурбори миллати худ буд.

Чун забон дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсози миллатҳо як рукни асосӣ ва тақдирсоз аст, зиндагиномаи Ибни Сино дар ин ҷода барои ҳамқавмон ва ҳамзабонони хеш дар роҳи худогоҳию худшиносӣ як дарси ибрат ва васияти ояндаи зиндагист.

Дар ҷодаи худогоҳии миллати тоҷик мояи ибрат ва пайравӣ аз Ибни Сино бешак, он аст, ки ў чун таълифгар ва ташвиқгари илм хидмати мондагор ва босазое барои инсоният ва ҳамқавмҳои худ ба ҷой гузошт, зеро ў пеш аз ҳама фалсафаи начандон фаҳмо тарҷумашудаи юнониро ҳам аз ҷиҳати услуб ва ҳам маъно сайқал дода, худ низ осори асили фалсафӣ иншо кард. Ба ақидаи донишмандони шинохтаи ҷаҳон, фалсафаи ислом танҳо баъди таълифоти фалсафии Ибни Сино сурати мукаммал ва пойдору устуворро ба худ касб намуд.

Мавриди вижаи ёд овардан аст, ки аз муҳимтарин ва барҷастатарин хидматҳои Ибни Сино дар худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик ин аст, ки ў чун як донишманди меҳанпараст ва бедордил бори нахуст дар таърихи забони илм ва фалсафаи тоҷик ба забони модарӣ –"порсии дарӣ" (қавли худи Ибни Сино дар муқаддимаи "Донишнома") асари мукаммали фалсафӣ навишт, ки он фишурда ва мағзи осори фалсафӣ эҷодкардаи ӯ ба забо­ни арабӣ буда, воқеан бо ин гоми ватандўстона ва қаҳрамонона, пойбаст ва асоси фалсафанигориро дар забони модарӣ-форсӣ (тоҷикӣ) бунёд гузошт. Ин аст иқдоми меҳандўстона ва олимона, ки имрўз ҳар як ҷавони тоҷик онро дар кору ва фаолияти илмӣ ва худшиносию худогоҳии фарҳангии худ сармашқ намояд.

Ибни Сино бо навиштани ин асар забони форсӣ ( тоҷикӣ) – ро аз маҳдудиятҳои маҳаллӣ ва шеърӣ берун кашид ва онро дар радифи забони арабӣ қарор дода, забон натанҳо дар худогоҳии мардуми форсизабон , балки ақвоми берун аз марзу буми Эрони бузург низ нақши ҳалкунанда бозид. Ногуфта намонад, ки имрӯз дар баробари вожаҳои арабии чун қазия, мантиқ, истидлол, маҳмул, мавзуъ, хитоба, ҷадал, ҷисм, мофавқаттабиа, илоҳиёт, фалсафа ва ғайра, ки аз забони арабӣ ба забони форсӣ (тоҷикӣ) даромадаанд, Шайхурраис истилоҳо­ти фаровонеро аз захираи бойи забони форсӣ (тоҷикӣ) берун кашида, ба онҳо мақоми истило­ҳоти илмӣ – фалсафӣ бахшид, мисли: ҷун­биш, ҷунбонанда, илми тарозу, илми барин, зерин, куниш, дониш, дониста, надониста, кунанда, андомҳои коркуниш, ҷойгоҳ, ниҳод, фурусӯ, барсӯ ва ғайра.

Ин ҷанбаи мероси андешаманд, имрӯз барои Тоҷикис­тони соҳибистиқлол, ки ба забони илмии миллӣ чун як рукни барҷаста ва асосии миллат ниёз дорад, бояд дарси ибрат ва худ­ши­носӣ ва худогоҳӣ дар пешбурди ояндаи забони модарӣ гардад. Ҳар як тоҷики равшанзамир, донишҷўён, аспирантҳо, олимони ҷавон ва умуман шахсоне, ки барои онҳо сарнавишти забони миллӣ –як рукни асосии давлатдорӣ ва пойдории миллат бетафовут нест, аз рўзгори ибратомез ва кору фаолияти илмӣ ва инсонии Ибни Сино истифода намоем.

Имрӯз, ки худогоҳӣ ва худшиносии халқамон бештар ба андеша ва дарки ҳукумат­дории замонавӣ сахт алоқаманд аст, рӯзгор, таҷриба ва анде­шаи Ибни Сино чун вазири хирадманди Алоуддавлаи Коквайҳ – яке аз сулолаҳои машҳури Эрони Ғарбӣ – ки аксари лаҳзаҳои давраи камолоти худро дар дарбори ин амири ватанпараст гузаронида буд, барои ҳаммилатон ва ҳамқавмони хеш дарси ибрати таҷрибаи зиндагӣ аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ибни Сино ҳамеша аз хидмат дар дарбори Сул­тон ­Маҳмуди Ғазнавӣ канорагирӣ мекард, зеро ў аз худбинии ин шоҳи золим хуб огаҳ буд ва медонист, ки давлати Сомониён аз дасти ин зердастони дурӯя ва ғаддор вожгун гашта буд, барои ин аз даъвати ӯ барои хидмат дар дарбори ў саркашӣ карда, ба Эрони Ғарбӣ рафт. Ин шеваи ҷасорат, мардонагӣ ва фидокории Ибни Сино пеш аз ҳама ба сиёсатмадорон ва донишмандони тамаллуқпеша ва чоплусу дурӯяи мо дарси иб­рат аст. Ва эҳёи суннатҳои миллии замони Ибни Сино ва таҷрибаи шахсии ӯ барои мо зарурати аз нав зинда кардани онро пеш овардааст.

Аз ин ҷо имрӯз мо бояд бештар ҷавонон ва насли навраси ватанро ба ҷанбаҳои ибратбахши ин фарҳанги воқеан ҷаҳонӣ раҳнамоӣ созем, то ки имрӯз ва ё фардо дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва миллатамон дастурамалҳоеро пешкаш сохта тавонем, ки ҷомеаи моро аз буҳрони маънавӣ ва иқтисодӣ муҳофизат карда тавонад, чуноне ки гуфтаанд: "Он илм талаб, ки судманд аст". Дар ин ҷода зиндагӣ, шахсият ва фаъолиятҳои илмӣ ва иҷтимоии Ибни Сино намунаи як инсони бедор, ҷӯянда, меҳнат­параст ва донишманди аслии миллӣ дарси ибрат аст, чунонки ин маъниро сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супориш кардаанд:

Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Профессор Саидраҳмон Сулаймонов, сарходими "Маркази Синошиносӣ"-и Институти фалсафа ва сиёсатшиносии

ба номи Баҳоваддинов А.М.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123