Skip to main content

  Файласуф Бекзода ва андешаи миллии мо

                                                    Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,                                                        

                                                  Теғи андеша бар рӯйи ду ҷаҳон тохтан аст.

     Илми фалсафа аз зумраи куҳантарин илмҳои башарӣ аст, ки дар ташаккул ва рушди дигар илмҳо нақши ҷавҳарӣ дорад ва имрӯз низ он аз эҷоди донишҳои нав ва ҷаҳонбинии солими ҷомеа дар канор нест. Мутафаккире ба тавсифи моҳияту хусусияти он пардохта, зикр кардааст, ки ҳама илмҳои дигар дар ягон шакле мадюни илми фалсафа мебошанд ва ҳангоми туфулият “аз он шир хӯрдаанд”. Ин илм дар баробари нумӯву таҳрики улуми дигар, инчунин дар мағзи инсон ва ҷомеа қудрати андешидан, фикр кардан, тафаккури воқеӣ дар бораи олами атроф ва ҳодисаву падидаҳои онро доштан ва ба истиқлоли фикрӣ соҳиб буданро парвариш медиҳад. Ба як маъно он қобилияти фикри озоду солим кардан ва дар муҳити фикрӣ мустақил буданро, ки имрӯз ин падида дар доираҳои илмӣ чун фалсафидан ироа мешавад ва асли маънавиёти инсонро ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.    

    Барои ҷомеаи пешрафта ва муваффақ  доштан дар ҷаҳони муосир миллатро тафаккури ақлонӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, ки ҷавҳарашро андешаи фалсафӣ устувор месозад, лозим аст. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи мо имрӯз ва на танҳо имрӯз, балки муддати хеле бардавом ва ҳатто аз замони шӯравӣ ва пеш аз он ҳам равиши андешаи фалсафӣ ва тафаккури мантиқӣ дар сатҳи шуури иҷтимоии мардумамон дар муқобили тафаккури хурофотӣ, ғайриилмӣ, карахтшуда, эътиқодӣ, охиратпарастӣ ва тақлидӣ ба буҳрони зеҳнӣ гирифтор аст. Тафаккури эҷодӣ, таҳлилӣ, интиқодӣ, худислоҳкунанда ва дорои истиқлоли фикрӣ дар он заиф аст. Шояд ин нуқсони андешасозӣ, ки дар илмҳои назариявии муосир чун нуқсони интелектуаллии миллат арзёбӣ мешавад, ҳанӯз дар асрҳои миёна дар натиҷаи озахму озор ва зарбаҳои равонию физикии ба сари миллатамон омада, дар ҷону рӯҳи ӯ реша давондааст ва дар охир он ба одату хислати миллӣ табдил ёфтааст? Ё шояд назари иддае аз назарияпардозон, дар ин хусус, ки баъзе ақвом фақат дар доираи орзую омол ва устурасозӣ қобилияти андешаронӣ доранд ва мо аз ҷумлаи онҳоем, дуруст бошад? Чун ҳаргиз намехоҳем, инро бипазирем, модоме таърихи пурғаноавати афкори фалсафию ҷаҳоншинохтии халқамон намунаҳои дигареро низ ёдоварӣ мекунад. Хуб, ин баҳс тарафи дигари масъала ҳаст, вале дар муқобили ин воқеият садо баланд кардан, кӯшиши бартараф намудани мушкилот ва ҷусту ҷӯи роҳу воситаҳои ислоҳи вазъият вазифаи имрӯзаи андешамандону равшанфикрони воқеии миллӣ ва нухбагони давлатамон мебошад.

    Мушкилоти мазкур на танҳо доираҳои огоҳу бедори ҷомеа, балки роҳбарияти сатҳи баланди кишварро низ нигарон намудааст, ки дар робита бо ин Президенти кишвар, Пешвои миллат ҳангоми яке аз вохӯриҳояшон ба аҳли зиё дар арафаи иди миллии аҷдодиямон Наврӯз қайд карда буд: “Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад. Аз ин рӯ, олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури чунин ақидаҳоро ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд” ва дар мавриди ислоҳи он андеша кунанд.  

   Дар байни аҳли зиёи кишвар низ сари ин масъала гоҳу ногоҳ баҳсу гуфтумонҳои мухталифе сар мезанад, ки дар дарозояш сухан суйи он меравад, ки чун ҷавҳари андешаи озоду побарҷо ва мустақил ин фикри фалсафӣ аст, пас оё мо имрӯз файласуфи воқеӣ ва тафаккури фалсафии ҷомеа дорем? Аксари мутахассисону андешмандони мо, ки рӯйи назариёти фалсафӣ кору таҳқиқ мебаранд, дар атрофи таълимоти дигар файласуфон, таърихи афкори фалсафии онҳо ва дигар равишҳои томи фалсафӣ пажӯҳишу таҳқиқот мебаранд. Вале худи фалсафаи худӣ, фалсафаи интиқодӣ, ки ҷойгузини назариёти кӯҳнаи карахтшуда ва чандин маротиб такроршудаи пешин бошад, рӯҳу равони имрӯзаи миллатро ба сатҳи тафаккури наве барорад ва онро ба ҷодаи нав раҳнамоӣ созад, куҷост? Яке аз устодони фақиди мо, марҳум Абдусаммад Самиев чанде пеш ин буҳрони муҳити андешавию фалсафии моро ба таҳқиқ кашида, иброз дошта буд, ки мо “файласуф дорем, вале фалсафа надорем” ва вазъро “қашшоқии имрӯзаи фалсафаамон”  номида буд.

    Ҳангоми яке аз ин гуна баҳсҳо, ки нишонаву меъёри андешаи воқеии фалсафӣ ва миллӣ кадом аст ва оё мо фалсафаи худӣ ва равиши фикри фалсафӣ дорем ё не, то дар намоди он андеша ва тафаккури илмиву ҷаҳоншинохтии миллатамонро тақвият бахшем, яке пажӯҳишгарони ҷавон якбора изҳор карда буд, ки бале, дорем. Андешаҳои Бекзода ва равиши илмии ӯ, ки аз шарҳу тафсири афкори дигарон ва анъанаи тақлидкорона орӣ аст, метавонанд ҷавобгӯи тафаккури фалсафии имрӯзаи мо бошанд. Воқеан, сари ин мавзуъ ва вижагии таълифоту назариёти донишманди шинохта Комил Бекзода, ки дар бисёр маврид аз консепсияҳои роиҷи давр фарқ мекунанд, дар худ хусусияти таҳлилию интиқодӣ доранд ва ба гуфте гоҳо “зидди ҷараёни дарё” равонанд, андешаву мулоҳиза бояд кард.

  Бекзода аз зумраи файласуфону донишмандоне ҳаст, ки ҳам бо мероси фалсафиву адабии Шарқ ошноии комил дорад ва ҳам бо таълимоти фалсафаи Ғарб, аз он ҷумла бо мактабҳои фалсафии муосири Ғарб хуб ошно ҳаст. Дар бораи назариёту таълимоти онҳо таҳқиқот ва таълифоти арзанда дорад. Ҷиҳати хоси фаъолияти илмӣ ва омӯзишии олим он аст, ки ба аксари назариёти онҳо нигоҳи мустақилона ва интиқодӣ дорад. Ҳама назария ва таълимотро аз чорчӯбаи ин, ки ба фарҳангу фалсафаи мо дар кадом таносуб қарор доранд ва барои ҷомеаву фарҳанги миллии мо чӣ аҳамияту муҳиммияте доранд, таҳлилу баррасӣ мекунад. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама маврид танҳо думболаи баҳси илмӣ мебошад ва дар меҳвари ин баҳсҳо аксаран масоили худшиносии милливу шуури таърихии мо қарор мегирад.   

    Ёд дорам, пеш аз солҳои аввали истиқлол ва ҳанӯз замони Шӯравӣ, замони бозсозии горбачёвӣ ҳам, устод Бекзода дар баробари китобу монографияҳои илмияшон тавассути мақолаву таълифоти гуногун дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ фаъолона масоили мухталифи фарҳангӣ, маънавӣ ва худшиносии милливу таърихии моро ба таври васеъ ва услуби фарқкунандаи ба худаш хос матраҳ мекард. Ӯ дидгоҳи фалсафии худро “фалсафаи Ҷамшедӣ” унвонгузорӣ карда, дар китобҳоаш “Фалсафаи Ҷамшед”, “Бозгашти Ҷамшед”, “Гурез аз Хайём”, “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ”, “Аз таърихи худшиносии тоҷикон(Шуубия чист ва шуубиён кистанд?)”, “Ҷаҳонбинии илмӣ”, мақолоташ “Фирдавсӣ файласуфе ношинохта”, “Оё тоҷикон фалсафаи миллӣ доранд?”, “Иқболи ҳақиқӣ кадом аст?”, “Гуфтушуниди фалсафӣ бо Ҳаким Умари Хайём”, “Паёмбарони фарҳанги мо”, “Бозгашти Ҷамшед”, “Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ”, “Фалсафаи асили халқи тоҷик кадом аст?”, “Носири Хисрав ва муаммои фалсафаи миллӣ”, “Идеяи миллӣ ва дини ислом дар Тоҷикистон”, “Наврӯз ягона ҷашни мондагор”, “Шуубияи фалсафӣ”, “Ҷаҳон аз нигоҳи равшанфикрӣ”, “Нигоҳи куллӣ ба ҳаракати ватанпарастона ва равшанфикронаи “Шуубия”, “Фалсафаи тоҷик дар замони Шӯравӣ”, “Ҷамшед ва масъалаи худшиносии миллӣ”, “Идеологияи миллӣ”, “Шахсияти фалсафӣ чӣ маъно дорад?” ва ғайраҳо ин нуктаро пайваста таъкиду пайгирӣ дорад, ки тоҷикон аз халқҳои қадимаи фарҳангофару тамаддунофар буда, монанди юнониён, ҳиндиён, чиниён, олмониён ва соири халқҳои мутамаддин фалсафаи миллии худро доранд. Дар ин таълифот Бекзода решаҳои таърихӣ ва маърифатии ташаккулу рушди фалсафа ва ҷаҳонбинии милли тоҷиконро ба таҳқиқ кашида, бар ин назар аст, ки такомулу пешравии он фақат тавассути нигоҳи интиқодӣ ба назариёти пешин, аз хурофоту андешаҳои догматикии эътиқодӣ даст кашидан, дурӣ ҷустан аз куллигардонии ғояҳои гузашта ва навоварӣ кардан дар онҳо иборат мебошад. Мутафаккир ҳамин равиш ва принсипи илмии худро дар нисбати китоби хеле машҳур ва хонданияш “Гурез аз хайём”, ки ба усули назмӣ таълиф ёфтааст,  таъкид карда баъдтар дар бораи он ба хонандааш, ки пайваста мепурсад, ки чаро аз Хайём мегурезед, чунин навиштааст: “...Ба вуҷуди тамоми эҳтиромам, эътирози ман ба Хайём ин эътироз ба ҳамаи фалсафаи асри миёнагии қавми мост.... Хайём намунаи барҷаста, дурахшон ва пешқадами фалсафаи гузаштаи мо буд.... Ба вуҷуди ин, фалсафаи гузаштаи мо қобили қабул ва таҳқиқ дар зиндагӣ (зиндагии имрӯзаро дар назар дорад. М,Ғ.) нест. Ин маънои онро надорад, ки ман аз мақоми илмӣ, ҳунарӣ ва фалсафии Хайём чизе мехоста бошам. Не, ин тавр нест. Ман аз боби эҳтиром ва арзандагии андешааш бо ӯ баҳс дорам. Ӯро сазовори баҳси фалсафӣ медонам... На дигаронро...Хайём таҷассуми фикри фалсафии ҳаёти халқҳои тоҷику форс дар асрҳои миёна буд... Рубоиёти ӯ энсиклопедияи фалсафии қавми моянд, гарчи на ҳамаи онҳо моли Хайёманд. Ҳамаи ҷараёнҳои динӣ, тасаввуфӣ, илмӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳазор соли охири таърихи миллати мо дар ин рубоиёт таҷассуми возеҳ ва равшани худро ёфтаанд... Мо ба мероси фарҳангии гузаштаи худ аз диди ҷаҳони нав нигаристаем...”.(К. Бекзода. Гурез аз Хайём.-Душанбе, 2002, саҳ. 118.)

   Ҳамин тариқ, Бекзода бар ин назар аст, ки ба вуҷуди ифтихороти таърихӣ доштан миллатро лозим аст, ки тибқи тағйироту пешравии замони муосир ва вазъи иҷтимоии он андешаи миллӣ ва худшиносии худро пайваста эҷоду сайқал диҳад. Вагарна он дар рукуд ва дар карахтӣ боқӣ хоҳад монд. Ба гуфти Мавлоно:

                                   Навбати кӯҳнафурӯшон даргузашт,                                                                   

                                 Навфурӯшонему ин бозори мост.

    Файласуф Бекзода айни эътирозро дар як мақолаи дигараш “Ҷалолиддини Балхӣ дар талоши инсони худшинос” дар нисбати андеша ва назариёти орифи асримиёнагиямон Мавлоно низ баён дошта буд. Дар он ҷо донишманди муҳаққиқ бар ин назар аст, ки на ҳама андешаҳои Мавлавӣ имрӯз дархӯри замони мо ва қобили қабулу таҳқиқ дар зиндагӣ мебошанд. Мо набояд аз Мавлоно ва дигар орифони ҳамсони онҳо нуқтаи ниҳоии илму андеша бисозем, аз онҳо  бут барои парастиш битарошем. Ба андешаи Бекзода воқеияти муосир талабгори меъёрҳо, арзишҳо ва умуман назарияву консепсияҳои фикрии дигар аст, ки кишварҳои мутамаддин онро сохтан доранд. Тафаккури миллии мо имрӯз бояд думболаи онҳо бошад, на думболаи ченакҳову дидгоҳҳои асримиёнагии замони пешин. Вале, мутаассифона, он замон ашхоси зиёде, аз он ҷумла зиёиёну аҳли илми кишвар бар зидди Бекзода хуруҷ карданд ва ӯро дар беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба таълифоти ин орифи асримиёнагӣ гунаҳгор донистанд. Ба таври умум, он кореро карданд, ки як аср пеш бо Муҳаммад Иқбол барои изҳори назараш нисбати ғазалиёти зӯҳдпарастона ва узлатхоҳонаи Хоҷа Ҳофиз дар Ҳиндустон карда буданд. Аммо, таҷрибаи фарҳанги ҷаҳонӣ садҳо маротиб собит кардааст, ки таҳқиқу нигоҳи интиқодӣ ба назарияҳои муайяни илмиву адабӣ ин беэътиноӣ ба онҳо нест, балки воситаи рушду пешравии фарҳангу ҷаҳонбинии инсонҳо ва ҷомеа мебошад. Ба ин ҳама муносибат ва мамониатҳо нигоҳ накарда, ин равиш ва шеваи таҳқиқот усули доимии фаъолияти илмии Бекзодаро ташкил медиҳад. Дар баробари ин воқеиятнигорӣ, ҳақиқатпарастӣ ва равшанбаёнӣ хоси таълифоти ӯст  ва қариб дар ҳама асарҳояш яксон ба назар мерасанд.

   Ҳамин тариқ, дидгоҳу андешаҳои Бекзодаро метавон як нигоҳи муҳим ва хосса дар ташаккулёбӣ ва рушди ҷаҳонбинии фалсафӣ ва андешаи миллии мо ба қалам дод ва аз забони шоир дар нисбати эшон бигӯем:

                              Солҳо дар Каъбаву бутхона менолад ҳаёт,                                                        

                            То зи базми ишқ як донои роз ояд бурун.                          

    Имрӯзҳо устод Комил Бекзода ба синни мубораки 80-солагӣ қадам мениҳад. Аз ин рӯ, эшонро ба зодрӯзи фархундаашон муборакбод гуфта, ба он кас тамоми хушиҳои зиндагӣ, муваффақияти доимии илмиву эҷодӣ ва комёбиҳои бардавомро таманно менамоем.      

                                     Ғаффор Мирзоев,  доктори илмҳои фалсафа,

                                    мудири  кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ         

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123