Skip to main content

ДОНИШМАНД ВА БОНУСУХАНВАРИ ТОҶИК

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони муҳаҳҳиҳ ва олимаро ояндаи илми тоҷик номида, барои дастгирии фаъолияти илмии онҳо шароит фароҳам меоранд ва суханрониҳои сарвари давлат ҳамеша бар ин асос ёфтаанд: «Зани донишманд боиси ифтихори миллат ва омили пешрафти ҷомеа аст». Аз ин рӯ, зан дар тасаввури Пешвои миллат «ин ҳастии муҳаддас, мураббӣ ва пешбарандаи илму фарҳанг аст».

123123Бо ин муқаддима дар бораи нуфуз ва ҷойгоҳи занони файласуф дар адвори мухталиф, ки нақши онҳо дар таҳким ва поягузории муносибатҳои таърихӣ-иҷтимоӣ бузург мебошад, оғоз менамоем. Мусаллам аст, ки занон тавонистаанд, ки барои расидан ба ин ҳадафи умдаи хеш дар пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ, бартараф намудани догмаҳо, ки барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқи занон монеаро пеш меоварданд, ҳам муборизаи зеҳнӣ ва ҳам муборизаи ҷисмонӣ намоянд. Ин талоши онҳо ҳатто то дараҷае буд, ки тули таърих онҳоро ба ҳалокат низ расонидаанд.

УСМАНОВА ЗУЛАЙХО МИРАЗИЗОВНА

Нақши занони оқилу доно ва донишманду илмдӯст дар ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик бағоят афзуд. Усмонова Зулайхо яке аз аввалин муҳаққиқони шинохтаи тоҷик доир ба проблемаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки баҳри ба даст овардани баробарҳуқуқии зан, озодӣ ва дигар арзишҳои ахлоқӣ муборизаи маънавӣ мебарад.

Ин зани донишманд Донишгоҳи Давлатии Ленинградро бо ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ хатм намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 маҳолаҳои илмӣ-оммавӣ ва монографияи «Антропология гендера в Таджикистане: взгляд изнутри» мебошад.

Зулайхо Усманова олими барҷаста, яке аз нахустин таҳҳиҳотчиёни муносибатҳои гендерӣ дар Тоҷикистон аз нуҳтаи назари фалсафа ва антропология буда, ҷонибдори фаъоли сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи баробарии гендерӣ ва мақоми шоистаи бонувон мебошад.

Ба ғайр аз ин, ӯ таблиғгар ва муҳофизи либос ва фарҳанги миллӣ буда, дар ин самт таҳқиқотҳо намудааст. Усманова Зулайхо - суханвари моҳир, омӯзгори беҳтарин буда, истеъдоди баланди забондонӣ, тарҷумонӣ дорад, ки ҳамчун тарҷумони бонуфузи кишвар, дар се забон - тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ шаъну шараф ва эътибори бузургеро ба даст овардааст. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳатто дар чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси тарҷумони дараҷаи аввал пазируфта шуда, фаъолият мекунад.

Зимни ин изҳороти саҳеҳу матлуб роҷеъ ба вуҷудияти зарур будани зан дар ҷомеа имконпазир аст, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илм фалсафа, мантиқ, таърих, фарҳанг, сиёсат, иқтисод, биология, тиҷорат ва ғайра маъсулиятнок ҳастанд, зеро онҳо аз замонҳои антиқа то ба имрӯз дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши муҳиму боризе доранд.

Дар интиҳо бояд қайд намуд, ки танҳо зани оқилу донишманд метавонад бо донишу маърифати худ дар ҷомеаи барои шароити фароҳаме, ки ба ягонагӣ, иттиҳод, созандагию сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат мерасонад, саҳмгузор бошад.

Зулайхо Усмонова дар рушду такомули илму фалсафаи тоҷик саҳмгузорӣ намуда, саъю талош менамояд, ки ӯ низ дар баробари дигар занони маърифатпарвари дунё бо руҳияи равшанфикрӣ ва барои ҳифозати илму маориф ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ, амалу фаъолияти хешро нишон дода, дар рушду таҳкими Ватани азизамон нақши муҳим гузоранд.

Ин бонуи муҳаққиқ имрӯзҳо фаъолияти самараноки илмиву таҳҳиҳотӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ бурда, ҳамзамон дар рушду нумӯи илму маориф ва омӯзиши таърихи пурғановати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тарбияи ватандӯстию худшиносии миллии наврасону ҷавонон наҳши муассир мегузоранд.

Бандалиева Ш.Н. - н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123