Skip to main content
Навид

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ГУЗАРОНИДАНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

13 октябри соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналимлалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти академия ҷиҳати дар сатҳи баланд қабули меҳмонон ва омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ноибону, директорони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ

  Шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институт 04 ноябри соли 2011 бо Фармони № 6 Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Дар давоми кори шуъба якчанд равандҳои мубрами назариявӣ ва амалиявии муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Шуъба дар давоми даҳ соли охир бевосита бо  масъалаҳои  интихоби  роҳҳои назариявӣ-методологии масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст.

Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

          Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи  ҳуқуқи байналмилалии  Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро аз 03.04.с.2006 то имрӯз  доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҷабов С.А. ба зимма дорад.

Шуъбаи сотсиология

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ШУЪБАИ СОТСИОЛОГИЯИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Шуъбаи сиёсатшиносӣ

Шуъбаи сиёсатшиносии Институт  26 декабри соли 2003 таъсис  гардидааст. Роҳбари шуъба номзади илмҳои сиёсӣ Муродов Субҳон Абдуқодирович мебошад. Шуъбаи мазкур бо таҳқиқи масоили иҷтимоӣ-сиёсии рушди устувори ҷомеаи тоҷик, пажуҳиши равандҳои сиёсӣ ва масоили такомули ниҳодҳои сиёсии ҷомеаи тоҷик, хусусиятҳои раванди сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиши масоили амнияти миллӣ ва муайян намудани таҳдидҳои нав ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғул мебошад.

23121