Skip to main content
Табрикот

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗВИ ВОБАСТАИ АМИТ ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамватанони азизамро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори ободу иқболи нек орзу менамоям.

Мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2024, дар муқоиса бо солҳои сипаришуда натиҷагирӣ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2024, дар муқоиса бо солҳои сипаришуда натиҷагирӣ намуданд, воқеан як дастурамали муҳим, як барномаи мукаммал андар тарҳрезии як нақшаи низомноки солона ҷиҳати иҷрои вазифаву уҳдадориҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мақолаҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба онҳо ҳамеша диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар баробари дигар масъалаҳо, масъалаҳои ҷавонон дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом инъикоси хешро меёбанд.    

Мақолаҳо

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ, МАЪНАВӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон, таъкид ба масъалаҳои таълиму тарбия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва маънавии рушди ҷомеа, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосҳои ҳуқуқӣ ва маънавии таълиму тарбия дар Паём ба андешаи мо чунин унсурҳоро дар бар мегиранд:

  1. Асосҳои ҳуқуқӣ ва методологӣ:

- таъкид ба муҳимияти қонунгузории миллӣ дар соҳаи илму маориф, ки рушди таълиму тарбияро таъмин мекунад;

- риоя ва татбиқи баробарии ҳуқуқ ба таҳсил ва илм барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа;

Мақолаҳо

ПЕШРАВИИ ҶОМЕА БА ИЛМ ВОБАСТА АСТ! (ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ)

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашидаистодааст. Зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нукта Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам. Ин эътибори Пешвои миллат боис гаштаистодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати худро анҷом додаистодаанд.

3123123