Skip to main content
Навид

ПАРЧАМ МУАРРИФГАРӢ ДАВЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз (19.11.2024) сол таҳти ин унвон бо ташаббуси Институти фаслафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва Маркази Мероси хаттӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Директори Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, Директори Маркази Мероси хаттӣ Давлатов Раҳматкарим ва инчунин як қатор олимон иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Семинари илмӣ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «АСОСҲОИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

      12-13 ва 15-16 ноябри соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» ташкил карда шуд.

Навид

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.

Имрӯз (18.11.2024) ба ин муносибат бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳбарони институт ва сохторҳои гуногуни академия мизи мудаввар баргузор гардид.

Эълон!

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуъи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Дар озмун муаллифони китоб, монография, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, барномаҳои телевезионӣ ва радиоӣ, ки масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳоро инъикос менамоянд иштирок карда метавонанд.

Шартҳои озмун:

- дар маводи пешниҳодгардида бояд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардида бошад;

- натиҷаи татбиқи ташаббусҳо нишон дода шуда бошад.

- ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва пиряхҳо инъикос ёфта бошанд;

- маводҳои чопӣ бояд дар рӯзнома ва ё маҷалаҳо нашр шуда бошанд;

Навид

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба ин муносибат дар саҳни таълимгоҳ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, омӯзгорон,сокинони деҳа ҷамъомад баргузор шуд.

Табрикот

Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Президент

Ҳамватанони гиромӣ!

Тавре, ки маълум аст, Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.

Навид

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОН АЗ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Мақолаҳо

ВИЗИТ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В САУДОВСКОЙ АРАВИИ В РАМКАХ РАЗВИТИЯ ДВУСТОРОННЕГО СОТРУДНИЧЕСТВА

Двусторонние дипломатические отношения между Таджикистаном и Объединенными Арабскими Эмиратами были установлены 19 декабря 1995 года. 17 марта 2007 года решением Правительства Республики Таджикистан было открыто Генеральное Консульство Республики Таджикистан в городе Дубай. 20 апреля 2010 года ОАЭ назначили своего первого Посла в Республике Таджикистан с резиденцией в городе Астана В начале 2011 года Посольство Республики Таджикистан начало свою деятельность в Объединенных Арабских Эмиратах.

Мақолаҳо

МНОГОВЕКТОРНАЯ ПОЛИТИКА – ПРОДОЛЖЕНИЕ МИРОТВОРЧЕСКИХ ИНИЦИАТИВ ЛИДЕРА НАЦИИ В РЕГИОНАЛЬНЫХ ДИАЛОГАХ И УСИЛИЯХ ПО ПОДДЕРЖАНИЮ СТАБИЛЬНОСТИ И МИРА

10 ноября текущего года Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон принял участие в работе Совместного чрезвычайного арабо-исламского саммита в Саудовской Аравии.

Навид

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

11 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки чанд ҳафта қабл бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, мизи мудаввар бахшида ба 16- ноябр Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

23121