Skip to main content
Навид

ИШТИРОК ДАР МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ ОИД БА РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМӢ

26 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои ‹‹Барномаи

Навид

АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ДОКТОРАНТОНИ PhD АЗ РӮИ ИХТИСОС БАРГУЗОР ГАРДИД.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институтҳои он тайёр намудани кадрҳои илмиро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал монда, ҷиҳати саривақт амалинамоии фаъолияти илмии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Имрӯз, 26-уми ноябри соли 2024 атестатсияи Докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) - Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баргузор гардид.

Навид

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ҲУҚУҚӢ-СИЁСИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

25-уми октябри соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конференсияи байналмилалии «Конститутсия санади ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории миллӣ» бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. ва иштироки олимони шинохтаи тоҷик, муҳаққиқони илми ҳуқуқшиноси муассисаҳои илмию таълимӣ ва мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва ҳориҷӣ баргузор гардид. Конфронсро профессор Маҳмадизода Н.Д.

Навид

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз, 26-ноябри соли 2024, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро раиси Шурои олимони Институт, доктории илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати иштирок изҳори минатдорӣ намуд.

Сипас, раиси Шуро иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон шинос намуд. Дар рафти ҷаласа, бандҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Таъзия

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Илҳом Авазов бинобар даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Илҳом Авазов бинобар даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Табрикот

Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию таҳқиқотиро таманно менамоям.

Воқеан ҳам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Конфренсия

КОНФЕРЕНСИЯ. БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЛСАФА” ВА 90-СОЛАГИИ АКАДЕМИК М.ДИНОРШОЕВ

Имрӯз (22.11.2024) бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рузи байналмилалии фалсафа” дар мавзўи: “Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев) баргузор гардид.

Навид

КИТОБИ «ИМРӮЗИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК»-И ПРОФЕССОР САЪДУЛЛО РАҲИМОВ РӮНАМОӢ ГАРДИД

Имрӯз (18.11.2024) китоби «Имрӯзи фарҳанги тоҷик» - дастовези навини фарҳангшиноси зиндаёд С.Х.Раҳимов мебошад. Аз рӯйи мундариҷа он мақолаҳои ҷудогонаи илмии муаллифро, ки ба масоили актуалии фарҳанг ва ҳунари тоҷик бахшида шудаанд, фаро мегирад.

3123123