Истиқлолият — ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.
Таърихи миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки дар ин муддат тоҷикон борҳо шоҳиди бунёди давлатҳои бузург ва ҳамчунин, шикасти онҳо шудаанд.