Skip to main content
Навид

ҶАМБАСТИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ЗАН-САРВАР” ДАР АМИТ

Имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.

Навид

РУНАМОИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ рунамои Шурои диссертатсионӣ 6D КОА – 089 баргузор гардид.

Нахуст директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оид ба таъсиси Шурои мазкур баромад намуда, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Мавзунаро барои иштирок дар рунамоии Шурои диссертатсионӣ изҳори сипос намуд.

Навид

#ҲАМОИШ. АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

21 феврли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоши идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону кормандон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.

Навид

РОБИТАИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ: ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КОРКАРДШУДА, МУШКИЛОТИ ТАТБИҚ ВА ДУРНАМО

20 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Навид

АҲАМИЯТИ СИНОШИНОСӢ ВА МУАРРИФИИ ОСОРИ ИБНИ СИНО

11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.

Навид

МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ШАРТНОМАВӢ ДАР ИНТЕРНЕТ

Дар раванди сафари корӣ рӯзи 04 феврал дар Филиали Университети даватии Москва дар ш. Тошкент вохӯрӣ бо ҳайати устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Филиали МГУ дар ш. Тошкент баргузор гардид. Вохӯрӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои мубрами такмили маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар раванди вохӯрӣ муаррифии монографияҳои ман «Общее учение об Интернете» ва «Электронное договорное право» баргузор гардид.

Навид

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. ДАР СОЛИ 2024 ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ БЕШТАР БА НАЗАР МЕРАСАНД

Имрӯз (06.02.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 32 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

Навид

Бо супориши раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ узви вобаста Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ташкилотҳои ибтидоии Кумита ҷаласаҳои ҳисоботии соли 2024 гузаронида шуда истодааст.

28.01.2025 дар ТИ “Яхшинос”-и ҲХДТ ҷаласаи ҳизбӣ гузаронида шуд. Рӯзномаи маҷлис аз:

1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024

2. Ҳисоботи раиси ташкилоти “Яхшинос” директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Шерализода Назриаллоҳ

3. Пешниҳод ва қабули нақшаи кории ташкилот дар соли 2025

4. Супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба фаъолони муассиса

5. Рӯйхати фаъолон барои пешниҳод ба ифтихорнома ва сипосномаҳо

Subscribe to Навид
23121