Skip to main content

САДО ДОДАНИ НОМИ ОЛИМИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ШАБАКАИ «МИР»

 
Дар яке аз гузоришҳои шабакаи телевизионии «Мир» номи корманди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олими ҷавон Закиров Зиёдулло зикр гардид.

Қобили зикр аст, ки инъикоси номи олимону муҳаққиқони тоҷик дар шабакаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишонаи рушди устувори илми ватанӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои илмии кишвар маҳсуб меёбад.

Зикри номи намояндаи муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чунин сатҳ, пеш аз ҳама, ба болоравии нуфузи илмии институт ва таҳкими мавқеи он дар фазои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ин рӯйдодро дастоварди муҳим арзёбӣ намуда, ба олими ҷавон Закиров Зиёдулло дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ комёбиҳои нав, таҳқиқоти пурбор ва дастовардҳои назаррас орзу менамояд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123