Skip to main content

ҶАШНИ МЕҲРГОН - РАМЗИ ШУКРГУЗОРӢ, ВАҲДАТ ВА ҲАМГИРОӢ

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини миллати тоҷик маҳсуб мешавад, ки решаҳои он ба тақвими қадими тамаддуни ориёӣ ва зиндагии аҷдодони мо пайванди ногусастанӣ дорад. Ин ҷашни аҷдодӣ рамзи меҳру муҳаббат, ҳосили фаровон ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат аст. Меҳргон на танҳо як тантанаи халқӣ, балки оинаи фарҳангӣ, ахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ низ ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷашни Меҳргон пас аз ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи хеле баланд доштааст. Агар ҷашни Наврӯз нишонаи оғози баҳор, эҳёи табиат, айёми кишту кор ва ибтидои соли нави ориёиро ифода кунад, ҷашни Меҳргон бошад ба охири корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил ва миннатдорӣ аз замин, об, офтоб ва меҳнати инсон бахшида шудааст. Бинобар ин, Меҳргонро баъзан бо унвони “Ҷашни омадани тирамоҳ” ва ё “Ҷашни фаровонӣ” меноманд.

Бояд гуфт, ки номи Меҳргон аз калимаи “Меҳр” гирифта шудааст, ки ин истилоҳ дар асотир ва боварҳои қадими мардумони ориёӣ “Меҳр” ё “Митра” худои офтоб, рӯшноӣ, рамзи адолат, аҳд ва дӯстӣ шуморида мешуд. Мардум итминон доштанд, ки Меҳр ба деҳқонон, боғдорон, чорводорон ва косибон барои фаровонии маҳсулот файзу баракат ато мефармояд. Бинобар ин, ҷашни Меҳргон аслан бо ибодати худои Меҳр, шукргузорӣ аз офтоб ва эҳтиром ба табиат алоқаманд буд.

Мувофиқи тақвими қадими ориёӣ, Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр ҷашн гирифта мешуд, ки мутобиқи тақвими имрӯза ба 8-уми моҳи октябр рост меомад, ки дар аҳди қадим ин рӯзро “рӯзи Меҳр” меномиданд, вале бо тағйирёбии тақвим ва урфу одатҳо, вақти таҷлили ин ҷашн дар минтақаҳои гуногун каме тағйир ёфт, аммо моҳияти он ҳамчун ҷашни тирамоҳ ва ҳосил боқӣ монд.

Маврид ба зикр аст, ки баъзе донишмандон бо такя ба осори Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро аз се ҳазор сол қадимтар мешуморанд. Дар давраи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва Сосониён ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои муҳимтарини давлатӣ маҳсуб мешуд. Дар ин рӯз ашрофон ба шоҳон туҳфаҳо тақдим мекарданд, мардум дар хонаҳо ва майдонҳо ҷамъ меомаданд, мизи фаровон меоростанд, сурудхонӣ, рақс, бозиҳои халқӣ ва оташафрӯзӣ баргузор намуда, хурсандӣ мекарданд.

Қобили зикр аст, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон, ки тайи садсолаҳо ба гушаи фаромӯшӣ рафта буд, ҳамчун ҷашни миллии мардуми ориёӣ аз нав эҳё гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили расмии ҷашни Меҳргон дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Дар солҳои баъдина ин ҷашн ҳамчун як қисми муҳимми мероси фарҳангии миллии тоҷикон эътироф гардид ва 4-уми декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсиони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар замони кунун ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон асосан дар моҳи октябр бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон на танҳо ҷашни деҳқонон, балки ҷашни тамоми халқ аст. Дар он кӯдакон, наврасон, калонсолон, деҳқонон, косибон, ҳунармандон ва намояндагони гуногуни ҷомеа иштирок мекунанд. Маҳз чунин хусусият ҷашни Меҳргонро ба воситаи муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба калонсолон ва интиқоли анъанаҳо ба насли наврас табдил додааст.

Тазаккур бояд дод, ки яке аз хусусиятҳои хоси ҷашни Меҳргон тарҳи махсуси дастурхони ҷашнӣ аст. Дар рӯзи ҷашн мардум рӯйи дастурхонро бо самарҳои тирамоҳ оро медиҳанд. Дар он анор, харбуза, себ, нок, ангур, лиму, ғалла, гандум, чормағз, қанд ва шириниҳо гузошта мешавад, ки ҳар яке аз инҳо рамзи фаровонӣ, тандурустӣ, покӣ ва шукргузорӣ аст.

Дар рӯзи ҷашни Меҳргон одамон либосҳои нав ва рангин мепӯшанд, ба дидори хешовандон, ҳамсоягон ва дӯстон мераванд. Хонаҳоро тоза мекунанд, хӯрокҳои махсус тайёр мекунанд ва меҳмонҳоро бо эҳтиром пешвоз мегиранд. Калонсолон дуоҳои нек мехонанд, кӯдакон суруд мехонанд ва мардум дар байни худ шодӣ ва меҳрубонӣ паҳн мекунанд.

Таҷлили Меҳргон бо мусиқӣ, суруд, рақс, намоишҳои театрӣ, бозиҳои халқӣ ва мусобиқаҳои гуногун ҳамроҳ аст. Дар майдону боғҳо, рақсҳои миллии тоҷикӣ, мусобиқаҳои кӯштӣ, пойгаҳо ва намоишҳои ҳунармандон баргузор мешаванд. Ҳунармандон маҳсулоти дастӣ, ашёи ороишӣ, сӯзанӣ, чорбоғ ва дигар намунаҳои ҳунари миллиро намоиш медиҳанд.

Дар бисёр мавзеъҳо намоишгоҳҳои гул, мева, сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мешаванд. Деҳқонон беҳтарин ҳосили худро ба намоиш мегузоранд, боғдорон меваҳои рангин меоранд ва занон таомҳои миллиро тайёр мекунанд. Метавон иброз дошт, ки ин тантанаҳо на танҳо ҷашни шодӣ, балки воситаи рушди сайёҳии дохилӣ, пешбурди маҳсулоти маҳаллӣ ва дастгирии ҳунармандон ҳам ба ҳисоб мераванд.

Сурудҳое, ки дар ҷашни Меҳргон иҷро карда мешаванд одатан ба мадҳи табиат, об, офтоб, замин, меҳнат ва фаровонӣ бахшида шудаанд. Дар сурудҳо ва рақсҳои халқӣ рӯҳияи шодӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ эҳсос мешавад. Бинобар ин, Меҳргон на танҳо ид аст, балки мактаби зиндаи фарҳанги миллӣ аст, ки дар он насли ҷавон бо анъанаҳои аҷдодӣ шинос мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи муосир маънои ҷашни Меҳргон аз ҷашни ҳосил дида васеътар шудааст. Ин ҷашн имрӯз рамзи шукргузорӣ аз меҳнати деҳқон, эҳтиром ба табиат, ҳифзи обу замин ва рушди кишоварзӣ аст. Ҷашни Меҳргон ба мо меомӯзад, ки неъматҳои табиат қадрро доранд ва ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як инсон донист.

Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳ намудан ба ҷашни Меҳргон дар шароити ҳозира аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷаҳони муосир, ки технология ва шаҳрнишинӣ зиндагии мардумро тағйир додааст, зарурати эҳтиром ба табиат, дастгирии деҳқон ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ба миён омадааст.

Бо назардошти ҳамаи ин метавон гуфт, ки Меҳргон ҷашнест, ки таърихи қадима, фарҳанги миллии тоҷикон ва арзишҳои инсониро дар як воҳиди муқаддас муттаҳид мекунад. Он ҷашни шукргузорӣ аз ҳосил, эҳтиром ба Меҳр, дӯстӣ, адолат ва ваҳдати миллӣ аст.

Меҳргон ба мо меомӯзад, ки фаровонӣ натиҷаи меҳнат, ободии замин ва ваҳдати мардум аст. Ин ҷашн на танҳо хотираи гузашта, балки роҳнамои оянда аст: роҳи эҳтиром ба табиат, ҳифзи мероси фарҳангӣ, дастгирии деҳқон ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, адолат ва меҳру муҳаббат.

Маҳмадизода Нуриддин Аҳлиддин – доктори фалсафа PhD,

доктор аз рӯи ихтисоси 6D010206 – Фалсафаи иҷтимоӣ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121