ХУДШИНОСӢ - ОМИЛИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Этногенези ҳар як халқ дар иртиботи ногусастанӣ бо раванди ташаккули фарҳангии он қарор дошта, ин ду раванд ҳамчун падидаҳои ҳамтаъсир ва ҳамдигармукаммалкунанда зуҳур менамоянд. Тавре ки мутафаккири барҷаста, донишманд ва энсиклопедист Абунсри Форобӣ (873–950) таъкид намудааст, фарқияти як халқ аз халқи дигар бар пояи се унсури табиӣ муайян мегардад: хислати фитрӣ, хусусиятҳои табиии хислат ва унсуре, ки бар заминаи ҳамин сифатҳо ташаккул ёфта, бо омилҳои табиӣ иртиботи мустақим дорад, яъне забон ҳамчун воситаи асосии ифодаи тафаккур ва муоширати иҷтимоӣ (ниг.: Хайруллаев, 1990, саҳ. 229).
Тибқи таърифи В.М. Массон, бахши этнотаҳмилкунандаи фарҳанг маҷмӯи унсурҳои зеринро фаро мегирад: забони муоширати рӯзмарра, шуури оддӣ ва фарҳанги маишию анъанавӣ. Марҳалаи сарнавиштсоз дар таърихи ташаккули этнос пайдоиши худшиносии этникӣ маҳсуб мегардад, ки он дар шакли худномгузорӣ, дарки умумияти забонӣ, ягонагии тарзи зиндагӣ ва ҳамбастагии тасаввуроти идеологӣ таҷассум меёбад. Омилҳои идеологӣ, махсусан дар давраҳои бостонӣ, асрҳои миёна ва имруз низ дорои аҳамияти калидӣ буда, гурӯҳҳои этникӣ аксаран хусусиятҳои этноконфессионалӣ касб менамуданд, ки ин ҳолат ба таҳкими ҳамбастагии дохилии онҳо мусоидат мекунад.
Дар ҳамин замина, «хатти генералии этнотаҳмилкунандаи фарҳанг», ба таъбири В.М. Массон, тавассути равандҳои ҳамтаъсирӣ ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангҳо ҳамчун муқобили худбастагӣ, маҳдудият ва тасаввуроти худмарказгароёна бо стереотипҳои манфӣ нисбат ба дигар халқҳо амалӣ мегардад (Массон, 1990, саҳ. 43–44). Аз ин рӯ, културогенез ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоию таърихӣ метавонад ҳам дар асоси таҳлили сарчашмаҳои хаттӣ ва бо такя ба боқимондаҳои фарҳанги моддӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирад.
Бо истифода аз методологияи археологӣ, организми иҷтимоию этникии давраҳои қадим тавассути ҷудо ва таҳлили маҷмӯи нисбатан устувори аломатҳои фарҳангӣ шинохта мешавад. Тавре ки И.М. Манделштам зикр менамояд, «дар як ҳолат ин маҷмӯъ метавонад бо гурӯҳи муайяни зеварҳо муаррифӣ гардад, дар ҳолати дигар бошад бо навъҳои мушаххаси манзил ва дар мавриди сеюм бо як қатор хусусиятҳои хос дар шакл, сохтор ва ороиши зарфҳо ва дигар ашёи моддӣ» (Манделштам, 1954).
Таҳлили воқеияти таърихӣ нишон медиҳад, ки аломатҳои асосӣ ва ҳукмроне, ки барои муайян намудани аксарияти мутлақи этносҳо, ҳамчун халқ ё миллат аҳамияти муайянкунанда доранд, пеш аз ҳама, дар умумияти забон, қаламрави иқомат, сохтори иқтисодӣ ва раванди фарҳангофаринишӣ ифода меёбанд, ки онҳо вобаста ба марҳалаи инкишофи таърихӣ дар дараҷаҳои гуногуни камолот зуҳур менамоянд. Ин гуна умумият дар як қатор халқҳо ҳанӯз дар давраҳои бостонӣ ва асрҳои миёна ташаккул меёбад.
Ҳамзамон маълум аст, ки нишонаҳои миллат ба маънои томи калима дар марҳалаи шаклгирии чунин равандҳои ҳамгироиҳои бузург, аз қабили ташаккули бозори миллӣ, марказҳои умумидавлатии иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ниҳоят устувор мегарданд. Маҳз ин омилҳо ҳамчун механизмҳои бартарафсозандаи парокандагии хоҷагӣ, ҷудоии этникӣ ва тафриқаи фарҳангӣ амал намуда, ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.
Аз ин лиҳоз, агар барои миллат хосияти умумияти мукаммали ҳамаи нишонаҳои этникии дар боло зикршуда хос бошад, пас барои халқ чунин умумият бояд аллакай дар шакли марҳилавии камолоти этнос, яъне дар сатҳи муайяни ташаккули таърихии он, ба таври возеҳ зоҳир гардад.
Бо ин асос метавон ба чунин хулоса омад, ки нишонаҳои муайянкунандаи халқи тоҷик дар марҳалаи ташаккулёбии он, пеш аз ҳама, дар мавҷудияти дараҷаи муайяни умумияти забон ва фарҳанг ифода меёбанд, ки ин умумият ҳамзамон бо ташаккули сохторҳои давлатӣ-ҳудудӣ ва низоми иқтисодӣ дар иртиботи зич қарор дорад. Дар айни замон, сатҳи камолоти ин умумият аз рӯйи аломатҳои алоҳида яксон набуда, вобаста ба хусусияти равандҳои таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, дараҷаҳои мухталифи ташаккулро аз сар мегузаронад.
Бо такя ба ин муқаррароти назариявӣ метавон бар он назар буд, ки раванди ташаккули халқи имрӯзаи тоҷик дар фосилаи таърихии фарогир аз давраи Сосониён то давраи Сомониён сурат гирифта, дар асрҳои IX–X ин раванд дар маҷмӯъ ба марҳалаи асосии анҷомёбии худ расидааст. Ба ибораи дигар, маҳз дар ин давра унсурҳои бунёдии худшиносии этникӣ, аз қабили умумияти забонӣ, ягонагии фарҳангӣ, ҳамбастагии ҳудудӣ ва шаклгирии сохторҳои нисбатан устувори иҷтимоию иқтисодӣ, дар шакли як низоми муттасили этникӣ ташаккул ёфтаанд, ки минбаъд заминаи пайдоиши халқи тоҷикро ҳамчун воҳиди таърихию иҷтимоӣ фароҳам оварданд.
Пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Сомониён, забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳои минбаъда, ҳатто дар шароити ҳукмронии қавмҳои бегона, ҳамчун забони идорӣ ва коргузорӣ мавқеи худро ҳифз намуд. Қобили зикр аст, ки қудрат ва имкониятҳои ифодагии он, сарфи назар аз ворид гардидани як қатор унсурҳои луғавии бегона, на танҳо коҳиш наёфтанд, балки ба тадриҷ тақвият ёфтанд. Аз ин лиҳоз, яке аз омилҳои муҳимми пойдории халқи тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонӣ, ки дар он қудрати сиёсӣ аксаран дар дасти неруҳои ғайримаҳаллӣ қарор дошт, маҳз забони тоҷикӣ ва доираи густурдаи истифодаи иҷтимоии он ба шумор меравад.
Бо вуҷуди ин, дар ибтидои асри XX то давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вазъи мазкур ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт, забони тоҷикӣ мақоми сиёсӣ ва идории худро аз даст дода, истифодаи он асосан ба доираи фарҳангӣ ва маишӣ маҳдуд гардид. Танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд ба марҳалаи сифатан нав ворид шуд. Забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ эътироф гардида, мақоми ҳуқуқӣ ва иҷтимоии он тақвият ёфт ва дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои расмӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда шуд.
Дар ин замина, нақши роҳбарияти олии кишвар дар эҳё ва таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ аҳамияти махсус дорад. Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентябри соли 2006) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».
Фаъолияти созанда ва бунёдкории Пешвои миллат дар давраи истиқлолият хусусияти бисёрҷабҳа дошта, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад. Дар натиҷа, дар ин давра Пешвои миллат, ки роҳбарии давлатро дар яке аз марҳилаҳои мураккабтарини таърихии он ба уҳда гирифт, тавонист кишварро аз вартаи вайронкорӣ ва бесарусомонӣ берун оварад, тадриҷан суботи сиёсиро таъмин намояд, иқтисодиёт ва инфрасохтори харобшударо барқарор созад, ниҳодҳои иҷтимоиро навсозӣ кунад, ҳувияти фарҳангиро таҳким бахшад ва мавқеи Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти фаъол устувор гардонад.
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ на танҳо ҳамчун воситаи муоширати иҷтимоӣ, балки ҳамчун унсури асосии ҳувияти миллӣ ва давлатию сиёсӣ баромад намуда, дар шароити истиқлолият ба омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва пойдории давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Масъалаи ҷаҳонишавӣ дар замони муосир ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини таҳқиқоти илмҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар даҳсолаи охир шумораи нашрияҳои илмӣ, ки ба таҳлили ҷанбаҳои гуногуни раванди ҷаҳонишавӣ ихтисос дода шудаанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо асарҳое ба чашм мерасанд, ки муаллифонашон ҷаҳонишавиро аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба хусусиятҳои фарқкунанда ва таъсири он ба ҷомеа таъкид менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳонишавӣ раванди ҳамгунсозии фарҳангҳоро пеш мебарад, ки ин ба худи навъе нишонаи танзимнопазири бӯҳрони фарҳангҳои миллӣ мебошад ва метавонад боиси бархӯрди ҷомеаҳои таърихӣ ва гуногунфарҳангии онҳо гардад.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба ихтилофи тамаддунҳо ва парокандагии ҷаҳонӣ таъсир мерасонад, ки ин ҳолат дар асоси мавҷудияти тафовутҳои тамаддунӣ зуҳур мекунад. Бештари муҳаққиқон таваҷҷӯҳи хоса ба масоили ҷаҳонишавии фарҳангӣ зоҳир намуда, онро бо мушкилоти бисёрфарҳангӣ (мултикултурализм) ва равобити байнифарҳангӣ робита медиҳанд, ки ин равандҳо барои фаҳмиши таҳлилии таъсири ҷаҳонишавӣ ба структураҳои иҷтимоӣ ва тамаддунӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Дар шароити муосири рушди низоми ҷаҳонӣ равандҳои ҷаҳонишавӣ, сарфи назар аз он ки қавмиятро ҳамчун падидаи иҷтимоию таърихӣ комилан бартараф намесозанд ва аҳамияти онро дар динамикаи инкишофи ҷомеа коҳиш намедиҳанд, ба механизмҳои худшиносии этникӣ, шаклҳои институсионализатсия ва стратегияҳои рафтории ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои этникӣ таъсири бунёдӣ мерасонанд. Ин равандҳо ҳамзамон бо ташаккули воқеиятҳои нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва моделҳои тозаи таҷдиди ҳувияти этникӣ, шароити заруриро барои фаъолшавии қавмият ҳамчун захираи муҳими сафарбарсозии иҷтимоӣ фароҳам меоранд.
Бекор гардидани маҳдудиятҳои суннатии фазоиву иттилоотӣ, инчунин густариши инфрасохтори коммуникатсионии иттилоотӣ-фарҳангӣ, ба ҷомеаҳои дорои қаробати этникӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фаромиллӣ ва дохилимиллиро тақвият бахшанд, моделҳои самараноки худидоракунии иҷтимоиро дар доираи сохторҳои шабакавӣ татбиқ намоянд ва стратегияҳои фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи навини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз нав танзим созанд
Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои
байналмилалии ИФС ба номи А.Баҳовидднови АМИТ
