Skip to main content
Навид

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», аз ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.

Навид

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 марти соли 2025

№1009

Навид

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР АМИТ

19 марти соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинии идона дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.

Навид

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 17.03.2025

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.

Навид

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия 16.03.2025

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Навид

#Ҳамоиш. ҲАМСОЯГИИ НЕК ҲАДАФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

14 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳамсояги нек ҳадафи Пешвои миллат” оид ба кушодашавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Нахуст, ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшид.

Навид

“НАВРӮЗ - РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ АХЛОҚӢ-ЗЕБОИПАРАСТӢ”

Имрӯз, 14 - уми марти соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи фарҳанг дар мавзуи “Наврӯз - рамзи эҳёи табиат ва ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гадид.

Subscribe to Навид
23121