ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли равон дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардид, яке аз муҳимтарин санадҳои расмӣ ва барномавии давлатӣ маҳсуб меёбад. Ин санад самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дурнамои пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи нави рушд муайян менамояд.
Паёми навбатии Сарвари давлат дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ, мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ ва равандҳои минтақавӣ ироа гардида, аҳамияти хоссаи сиёсӣ ва амалиро касб менамояд. Дар он бо такя ба таҷрибаи давлатдории муосир, манфиатҳои олии миллӣ ва имкониятҳои дохилии кишвар вазифаҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайян карда шудаанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Дар воқеъ таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, волоияти қонун, таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд ва маҳз ин арзишҳо ва ақлу заковати азалии тоҷикон буд, ки Тоҷикистони азиз тавонист ба ҷанги таҳмиллӣ хотима бахшад. Дар заминаи сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеа, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба пешрафтҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа ноил гардад ва мардуми шарафманди диёрамон саъю кушиши худро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон равона намуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Мусаллам аст, ки рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун омили калидии таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян карда шудааст. Сарвари давлат ба масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ин раванд дар Паём зикр гаштааст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.
Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.
Дар Паём таъкид гардид, ки рушди саноат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, тавсеаи инфрасохтори иқтисодӣ ва татбиқи технологияҳои муосир бояд ба афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намоянд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи пурраи иқтидори гидроэнергетикии кишвар, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ҳамчун самтҳои калидии сиёсати давлатӣ муайян карда шуданд.
Дар Паёми сарвари давлат омадааст, ки дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.
Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.
Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем.
Ҳамзамон, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ ва дастгирии деҳқонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими иқтисодӣ арзёбӣ гардиданд.
Вобаста ба ин масъала дар Паём худ Сардори давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар Паём инчунин ба масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти давлат муайян гардидааст. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сиёсати иҷтимоӣ бояд ба манфиати ҳар як шаҳрванд равона гардида, барои таъмини зиндагии шоиста, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар ин замина, масъалаҳои баланд бардоштани маошу нафақа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва густариши хизматрасониҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки сармояи инсонӣ омили асосии рушди дарозмуддати давлат ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва мутобиқ намудани низоми маориф ба талаботи бозори меҳнат аз вазифаҳои калидии сиёсати давлатӣ мебошанд.
Ҳамзамон, рушди илм, дастгирии олимон, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар истеҳсолот ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва рушди иқтисоди дониш арзёбӣ гардид.
Дар Паёми Сарвари давлат нақши ҷавонон ҳамчун неруи асосии созанда ва идомадиҳандаи сиёсати давлатӣ махсус таъкид шуд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дастгирии ҷавонон дар соҳаҳои маориф, илм, варзиш, фарҳанг ва соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, касбӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо омили муҳими таъмини фардои дурахшони давлат арзёбӣ гардид.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои сулҳдӯстӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад. Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим ва амният, ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муаррифӣ шуданд.
Вобаста ба ин масъала дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод.
Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад.
Яъне ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Дар воқеъ барои ҳар як тоҷику тоҷикистони мояи ифтихор аст, ки имрўз Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гашт ва мо, ки намояндаи ин миллати тамаддунофарем дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем.Барои ҳар яки мо истиқлолият як неъмати бебаҳост, зеро ҳастанд миллату халқиятҳое, ки соҳиби давлат нестанд, аз ин лиҳоз хар яки моро зарур аст, ки баҳри боз ҳам қавӣ гаштани пояҳои давлату давлатдории милӣ, истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа ҳиссагузор бошем.
Ҳамин тариқ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегӣ барои рушди минбаъдаи давлат аҳамияти бузург дорад. Дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида барои тамоми мақомоти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ ва ҷомеа роҳнамои амал маҳсуб меёбанд.
Татбиқи пайгиронаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида имкон фароҳам меорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ва фардои воқеан дурахшони кишвар таъмин карда шавад.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ - Ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
