ҲАДАФ ВА ПАЁМАДҲОИ ИФРОТГАРОЙӢ МУШКИЛАЕ БАРОИ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар адабиёти илмӣ ва саҳифаҳои васоити ахбори омма мафҳуми ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ифода кардани шакли ифротии амалиёт, ки тамоили тахрибкорӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳои миллӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳо, барангехтани низову адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва диниро доранд, шарҳу тавзеҳ дода мешавад, ки асоси воқеӣ дорад. Як навъе тафаккур, фаъолияти ҷамъиятие мебошад, ки афроди пайрави он, аслан ба боварҳои худ бартарӣ медиҳанд.
Аз ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ифрот маънои аз ҳадди муайншуда, эътирофшуда, сарҳади эътидол ва муназзамии ҳолати умумии муносибатҳои ҷамъиятӣ гузаштан аст, ки дар ин гузаштнамоӣ адлу инсоф, назму тартиби вуҷуддошта коста шуда, манфиати қонунии шаҳрвандон зарар дида, ҳолати муътадили вуҷуд ва рушди ҷомеа дар умум вайрон мегардад. Ба мазмуни дигар, назария ва амалияи расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, мазҳабӣ, миллӣ бо ёрии истифода аз воситаҳои "экстремалӣ" (мамнӯъ)-ро ифода менамояд.
Аз ин фаҳмиш баръало ошкор мегардад, ки ифротгароӣ ҳаракати иртиҷоӣ аст. Расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, ба даст овардани қудрат, ҳокимиятро тавассути зӯрӣ, воситаҳои ҳарбӣ, қатлу куштор, иғвою фитна ва ғайра ба роҳ монданӣ мешавад. Пас, ифротгаро бошад, на танҳо қотил ё ҷаллод, балки симои ҷинояткори "идеологӣ"-ро бар худ касб мекунад. Он майли ҷудоихоҳӣ, тундгароӣ ва иғвоангезиро дошта, шабеҳи терроризм аст. Ё худ оқибати ифрот терроризм аст.
Ифротгароӣ вобаста ба самтгирии идеология дар намуди ифротгароии иҷтимоӣ, ифротгароии этникӣ ё миллӣ, ифротгароии сиёсӣ, ифротгароии динӣ пайдо шуда, паҳн мешавад.
Ҳадафҳои ифротиён ва ҳаракатҳои ифротӣ дар чунин пояҳо тарҳрезӣ мешаванд:
- ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои конститутсионӣ ва томияти арзии кишварҳои ҷомеаи башарӣ;
- ҷонибдорӣ ва татбиқ кардани амалҳои хусусияти террористидошта ва ҳар гуна фаъолиятҳои террористӣ;
- ба вуҷуд овардани ихтилоф, низоъ ё норозигии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ дар байни кишварҳои даргир;
- ташвиқи афзалият ё камарзишии инсон аз рӯйи нишонаҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мансубияти забонӣ ва муносибат ба дин;
- эътироф накардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибат бо мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва динӣ;
- монеъа пеш гузоштан ба ҳуқуқи интихобнамоии шаҳрвандон, ҷиҳати ширкат дар интихобот ва ё вайрон кардани овоздиҳии пинҳонӣ, маҷбуран муттаҳид кардан ё таҳдид намудани ашхос ҷиҳати иштирок дар раъйпурсӣ;
- монеъа гузоштан алайҳи фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ ва дигар ташкилотҳо, ки ба таври таҳдид ва зурӣ муттаҳид карда мешаванд;
- ташвиқи расмии баргузории намоишҳои хусусияти миллатгароидошта;
- даъват ва таблиғ кардани маводи хусусияти ифротгароидошта ё ҳифз намудани онҳо бо мақсади паҳнкунӣ миёни омма;
- беасос бадном кардан коркунони идораҳои давлатӣ ҷиҳати бо онҳо ҳамкорӣ доштан ва ё ҳангоми иҷрои амали террористӣ ба онҳо ҳаммаслак будан;
- маблағгузорӣ кардан ва таъмин доштани ҳаракату ташкилотҳои хатарзо ва осебпазир ҷиҳати омодагӣ дидан ва ба амал татбиқ кардани амалҳои зишт, куштор, одамрабоӣ ва дигар аҳдоф бо маводи таълимӣ, воситаҳои техникӣ, яроқ, телефонҳои мобилӣ ва дигар хизматрасониҳои иттилоотӣ.
Ифротгароии динӣ як навъи ифротгароӣ буда, мазмунан ва мантиқан фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани якпорчагии давлат равона карда шуда, воситаи барангезандаи кинаву адоват ва бадбинии динӣ, низои мазҳабӣ мебошад. Аз ин рӯ, ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва мухарриб ягон умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва ба ислом омезиш додани ғояҳои ифротиёнро ҳадаф ба даст овардани қудрат ташкил медиҳад. Идеологияи ифротгароёни динӣ таҳрифкорона, хурофотӣ буда, маншаи асосии ташаккул ва вусъат додани таассуб ва низоъҳои мазҳабӣ мебошад.
Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин, таблиғи таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгарои динӣ он шахсест, ки аз таълимоти муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро татбиқ карданӣ мешавад. Ифротгарои динӣ он касе аст, ки:
- таълими динӣ нагирифта, маърифати зарурии динӣ надорад ва маълумоти динии доштааш берабту бепоя мебошад;
- мафҳум ва истилоҳоти диниро дар мавриди баён ва зикри аркони дин, муқаддасот ва муҳаррамот дуруст баён карда наметавонад, мазмуни онҳоро шарҳу тавзеҳ дода наметавонад. Ба уламои асил ва воқеъбин эътимод надошта, таблиғгари уламои фосиқу манфиатҷӯ мебошад;
- аз рукнҳои ахлоқӣ, ки ҷавҳари дин ва китобҳои муқаддаси онро ташкил медиҳанд дуруст воқиф намебошад ва онҳоро дар зиндагии рӯзмарраи худ истифода намебарад. Бо мардум, дағал, дурушт, аз доираи муносибатҳои инсонӣ берун муошират менамояд;
- тартиби пӯшидани либос, хондани намоз ва дигар аркони онро риоя намекунад. Парҳезкору тақводор нест. Нисбат ба мардум раҳму шафаққат надорад, илму маърифати диниро такмил намедиҳад, аз омӯзиши илмҳои дунявӣ дурӣ ҷуста барои худ ҳаром меҳисобад.
- ба пайравони мазҳаб ва динҳои дигар бетаваҷҷуҳӣ карда, эҳтиромашонро қойил намешавад;
- беасос ва бе далели қотеъ ҳаммазҳабони худро «фосиқ», «бидъаткор», “ҷоҳил”, «тоғут», “муртад”, «кофир» ва ғайра мехонад;
- аз баҳси динӣ ва илмӣ тарс дорад ва аз он доимо дурӣ ихтиёр менамояд ва ғайра.
Таблиғ ва татбиқ шудани амалҳои ифротгаройӣ барои ҷомеаи инсон паёмадҳои зерин дорад:
- ба амнияту суботи кишварҳо халал ворид карда, талоши ноамниро афзал мешуморад. Барои аз байн бурдани давлатҳои миллӣ метавонад муваффақ шавад;
- механизмҳои назорати иҷтимоиро дар ҷомеаи муътадил фаъолияткунанда халалдор менамояд;
- дар раванди иҷтимоишавии наврасону ҷавонон монеъаҳои сунъӣ эҷод намуда, ба зуҳур ва вусъат касб кардани амалҳои каҷрафторӣ замина муҳайё месозад;
- сабаби вайроншавии оилаҳо ва ноустувории муносибатҳои оилавӣ гашта, ба волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон мушкилиҳо пешорӯ меорад. Ҳато дар байни фарзандони як хонавода нотифоқӣ, бадбинӣ, хусумат доштанро нисбат ба якдигар ба вуҷуд меорад;
- руҳияи ҷавононро нисбат ба давлат, низоми ҷомеадорӣ, ҳифз доштани арзишҳои фарҳангӣ, фаъолияти лидерҳои сиёсӣ ва ғайра коста месозад. Ҳолатҳои нобоварӣ, рӯҳафтодагӣ, дунёбезорӣ, бадбинӣ ва ғайраро нисбат ба Ватан ва давлати миллӣ дар тинати ҷавонон парвариш дода, дар ин замина раванди муҳоҷиршавӣ ва бекориро миёни онҳо афзоиш медиҳад;
Ҳамин тавр, бояд ба эътибор гирифт, ки яке аз заминаҳои асосии пайдоиши хурофот - тарс ва нодонӣ дар баробари ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ аст. Чунки хурофот дар ҳама давру замон монеи асосии рушди инсоният аст. Хурофот хираду мантиқро аз инсон мегирад, ӯро ба як махлуқи сарнавишти бетафовутдошта, яъне барда мубаддал мекунад.
Самиев Б.Ҷ. - мудири шуъбаи фалсафаи
фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
Зиёева З.И. - н.и.ф., ходими калони илмии
шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

