Skip to main content

Институтҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ

Муҳтарам аҳли Раёсат, ҳозирини гиромӣ, халқи Тоҷикистон ва мою Шумо дар арафаи ҷашни бузург - 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ки яке аз санаҳои тақдирсози миллат буда, барои ҳар яки мо азиз аст. Ман аз номи худам ва аз номи Академияи илмҳио Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ якояк ҳамаи иштирокчиёни конфронсро ва дар шахсияти Шумо аҳли оила, наздикон ва мардуми Тоҷикистонро ба ин рузи саиду фархунда табрик  гуфта, ҳамаи хушиҳои зиндагӣ, хонаободӣ ва саодатмандиро ба Шумо, аҳли оила ва наздику пайвандҳоятон таманно дорам. Бигузор осмони софу беғубор, сулҳу Ваҳдат ва оромӣ ба таври ҳамешагӣ дар кишвари  мо боқӣ монад.

Азбаски баргузокунандагони конфронси имруза Роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ  - яке аз мақомоти қудратии ҳифзи ҳуқуқ буда, дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолият, ҳифзи тартиботу қонуният, Ваҳдати миллӣ бевосита саҳмгузор ҳастанд ва хидмати шоён  мекунанд, ин ҷашн барои ҳар яки Шумо муборак мегуям ва хоҳони онам, ки қаҳрамониҳои кормандони Мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби давлат ба таври сазовор қадрдонӣ гардад ва саҳифаҳои дурахшони зиндагии ин қаҳрамонон мавриди омузишу таҳлил ва тарғибот бошад.

Тоҷикон ҷашну идҳои гуногун доранд ва ҳар яки он дар таъриху тафаккури ҳар як фарди тоҷик ҷои худро, ҷашни Ваҳдат ва Истиқлол дар байни онҳо мақоми махсусро доранд. Ваҳдат ва мубориза барои манфиатҳои умумимиллӣ моро ба Истиқлолияти воқеӣ мерасонад. Ваҳдат набошад, Истиқлолият аз даст меравад. Дар айни ҳол Истиқлолият ҳамчун ҳадафу мақсади  Ваҳдати миллӣ хизмат мекунад.

Дар маърузаи худ ман мехоҳам баъзе андешаҳои худро оид ба саҳми миллати тоҷик дар ташаккули назарияи истиқлолият, давлатдории миллӣ, идоракунии давлатӣ, ҳаққи миллати тоҷикро ба соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ баён намоям.

Истиқлолият, истиқлолияти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ агар дар илму назария ибтидои таърихи нав дохил гардида бошад, махсусан асри 19 ва давоми асри 20 ва то имруз ба истилоҳи оддӣ табдил ёфтааст ва вирди забонҳост.

Оид ба мафҳуми Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ қайд кардан зарур аст, ки  он мафҳуме аст, ки таърихан рушд ёфтааст. Соҳибихтиёрие, ки Жан Боден ва дигарон дар назар доштанд ихтиёрдории мутлақи давлат, мустақилияти комили кишвар дар ҳалли кулли масоили сиёсӣ ва ҷамъиятӣ буд. Дар давраи шуравии  рушд мазмуни соҳибихтиёрӣ мазмуни дохил будан ба Иттифоқи шуравию сотсиалистӣ ва дар фазои ягонаи давлатҳои сотсиалистӣ фаъолият бурданро дошт. Ҳарчанд он на соҳибихтиёрии комил буд ва на нисбӣ. Чунки Тоҷикистон ягон масъалаи муҳими сиёсию давлатии худро бе розигии Марказ ҳал карда наметавонист.

Бо пош хурдани давлати Шуравӣ дар Тоҷикистон низ мафҳуми Истиқлолият маънои нав гирифт ва махсусан дар сатҳи олӣ дар баромадҳои Президенти кишвар аҳамият, арҷгузорӣ ба он, арзиши олии он мунтазам таъкид мегардад.

Имруз вобаста ба ҷаҳонишавӣ мазмуни истиқлолияту соҳибихтиёрӣ васеъ ва дигаргун мегардад. Воқеаҳои Югославия, Ироқ, Афғонистон, давлатҳои Араб баёнгари он ҳастанд, ки дар амалия мазмуни соҳибистиқлолӣ тағйир ёфтааст ва ҷаҳон торафт дар масоили манфиатҳои умумӣ якранг мегардад. Ягон кишвар наметавонад бе розигии кишварҳои манфиатдор амалеро анҷом диҳад, ки мухолифи ҳуқуқ, шартнома ва бар зидди инсоният равона шудааст. Албатта, ин масъалаи назариест, ки ҳалли он кумаки бузурге барои амалия мегардад.

Истиқлолият дастоварди бузурги миллати тоҷик аст, ки давоми зиёда аз ду даҳсола дар шароити он зиндагӣ дорем. Истиқлолият як рукни соҳибихтиёрӣ буда, он эътирофи мустақилияти давлат аз ҷониби давлатҳои дигар аст. 

Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эъломия аз 24 августи соли 1990 дарҷ гардидааст ва минбаъд Конститутсияи ҶТ онро ба таври конститутсионӣ дар меъёрҳои гуногуни худ устувор намуд.

Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад (Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ. Душанбе, 2009. С.435).

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро мустақилона ҳал мекунад.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ дар  Тоҷикистон ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ баромад намудан  зоҳир мегардад.

Дар байни мардум чунин ақида вуҷуд дорад, ки мо Истиқлолиятро чун ҳадяи муфт ба даст овардем, бинобар онро дуруст ва ба таври бояду шояд арзёбӣ ва арҷгузорӣ намекунем. Магар ин ақида дуруст аст? Ба ақидаи ман соҳиб шудани миллати тоҷик ба соҳибихтиёрӣ анҷом ва натиҷаи роҳи тайкардаи ин миллати меҳнатқарину озодидуст ва эҷодкору соҳибтамаддун аст. 

Қайд намудан ба маврид аст, ки тоҷикон миллати қадимаанд ва давлатдории ин миллат низ таърихи куҳан дорад. Махсусан он чиз ҷолиби диққат аст, ки тоҷикон аз лаҳзаи оғози давлатдории худ кушиш ба харҷ додаанд, то принсипҳоеро дар идораи кишвар ба роҳ монанд, ки ҳам барои онҳо ва ҳам идорашавандагон танзими муносибатҳои ҷамъиятиро осон гардонад.

Ашхоси бо фарҳанги қадимаю волои тоҷик ошнобуда ба зуди итминон ҳосил мекунад, ки тоҷикон ҳуқуқ ба соҳибихтиёриро барҳақ соҳиб гаштаанд, чунки аввалин бошандагони ин сарзаминанд ва дуюм, дар ташаккули давлатдорӣ нақши муассире бозидаанд. Танҳо номбар кардани принсип ва падидаҳои ба илму амалияи идораи кишвар дохил намудаи онҳо собит месозад ки тоҷикон мардуми созандаю эҷодкор мебошанд. Таъсиси давлатҳои аввалин, ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии умумӣ ва соҳавӣ, муқаррар намудани талаботу шартҳо  барои ҳар як амалдори давлатӣ ва сарвари давлат, ба роҳ мондани озмун дар интихоб ба мансаби вазири Бузург, ташкили Шурои давлатӣ барои ҳалли масоили муҳими сиёсию давлатӣ, ташкили девонҳо, ташкил ва амали намудани ислоҳотҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни идораи кишвар, таъсиси мақомоти адолати судӣ ва қудратӣ дар сурати зарурат ин ва дигар падидаҳо саҳми миллати тоҷик дар идораи кишвар ва кишвардорӣ мебошад.

Тоҷикон на танҳо принсип ва институтҳои давлатдории пешқадам офариданд ва амали онҳоро дар кишвари худ роҳандозӣ карданд, балки ниёгони мо миллате буданд, ки заминагузорӣ мафҳум ва рамзҳои истиқлолият ҳастанд.

«Дирафши Ковиён» яке аз аввалин ва муҳимтарин рамзҳои истиқлол низ дар давраи ташаккули давлатдории тоҷикон ба вуҷуд омада, рамзи истиқлолхоҳӣ, ватанпарастӣ, мубориза баҳри адолат ва ба дасти худ гирифтани тақдири хеш аст. Боиси ифтихор аст, ки идеяи дирафшро ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрӣ, неруи мустақил ва истиқлолият маҳз тоҷикон бо сарварии Коваи оҳангар ба миён оварданд, ки он имрӯз яке аз рамзҳои асосии давлатдории соҳибихтиёр аст.

Истиқлол бо боло рафтани шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ дарки манфиатҳои миллӣ ҳосил мегардад ва бояд зикр шавад, ки нақши давлат дар ин роҳ бузург аст.

Давлат аз замонҳои қадим механизми амалисозии манфиатҳои миллӣ буда, он бояд пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои миллати асосиро мақсади худ қарор диҳад. Ҳамин хусусияти давлат аст, ки боло рафтани шуури миллӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ оғоз мегардад ва қурбониҳои бузург барои ба даст овардани он пеши роҳи миллатро гирифта наметавонад.

Масъалаи дигар, ки бояд атрофи он баҳс бошад ин доштани давлатдории тоҷикон дар тамоми давраҳои гузаштаи таърихӣ аст. Қисме аз муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки бо барҳам додани давлати Каёниёни Бохтар давлатдории тоҷик барҳам дода шуд, минбаъд Сомониён ва Ғуриён давлатдории тоҷикон буд ва дигар давлатҳои асримиёнагӣ  давлатдории тоҷик нест. Ин ақидаи саҳву ғалат бояд ислоҳ гардад, махсусан дар тафаккури зиёиёну мутафаккирони тоҷик. Таърихи ҷаҳон шаҳодати он аст, ки сулолаҳои ғайр борҳо сарварии ҳокимиятро дар давлатҳои гуногун доштанд, қисме аз ин сарварон ҳатто забони давлатиро намедонистанд, дар қисмате аз давлатҳои забони ғайр забони дарборӣ гашта буд. Вале нафаре  ин давлатҳоро масалан, Русияи асри 18-19 ки забони фаронсавию олмонӣ забони дарбориаш буд, давлати фаронса ва ё олмон намешуморад. Тамоми давлатҳои дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ ҳокимиятдошта забони дарбору гуфтугуияшон тоҷикӣ буд, аҳли дарбор тоҷикон буданд, ба ғайр аз чанд сарвар ва сарлашкарон.

Андеша ва хулосаи моро дар бораи мунтазам будани давлатдории миллӣ тайин шудани қоиммақомон аз ҳисоби намояндагони миллати тоҷик низ тақвият мебахшад. Ҳар маротибае, ки аҷнабиён кишварро ғасб мекарданд, муборизаи беамон оғоз мегардид ва барои хомуш кардани оташи муборизаҳо аҷнабиён маҷбур буданд, намояндаи миллати тоҷикро ба симати қоиммақом тайин кунанд. Албатта, қоиммақом як мақоми таъмини манфиати аҷнабиён буда, сиёсати он давлатро амалӣ менамуд. Вале ба ақидаи мо, тоҷикон тавонистанд аз он ҳам бардоштҳои барои манфиати миллӣ ва истиқлолият мусбӣ кунанд. Азбаски на ҳама вақт дар Тоҷикистони таърихӣ сарвари давлат тоҷикон буданд, ва аҷнабиён ҳамеша кушиш доштанд, то ин минтақаи ободро тобеи худ созанд, пас давлатҳои ҳамсоя бо ғасби ҳудуди тоҷикзамин қоиммақомонро тайин мекарданд.

Ақидае вуҷуд дорад, ки дар таърихи давлатдории тоҷик то асри ХХ шакли идораи монархияи мутлақ ҳукмрон буд. Бубинед, давлатдории ориёи тоҷикон бо пайдоиши дини зардушт пояи устувор меёбад, ки меъёрҳои ҳуқуқии он шариати динӣ кулли масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва оилавиро танзим менамуданд. Дар марҳилаи исломии рушд ин вазифаро шариати ислом иҷро кард. Пас, чи гуна монархи мутлақ гуфтан мумкин аст. Албатта, дар ҷазо додани баъзе мухолифон, ошубгарон бераҳмиҳои зиёд карда мешуд, ки онро имруз низ мушоҳида мекунем.

Ҷолиби диққат аст, ки дар тамоми давраи давлатдории то шуравии тоҷикон Шурои давлатӣ ва амалдороне бо номи надимон дар дарбор машғули фаъолият буданд. Шоҳони Ҳахоманишӣ, амирони Сомонӣ, хону бекҳо танҳо бо машварати онҳо масоили гуногунро баррасӣ мекарданд. Вазири бузург зимоми идораи кишварро ба даст гирифта, дар аксар ҳолат дар ҳалли масоили актуалии муосир ихтиёр дошт ва озод буд.

Дар таърихи тоҷикон дар давраи Ҳахоманишиҳо, арабҳо, муғулҳо, аморати Бухоро, нимаи сеюми асри Х1Х қоиммақомӣ вуҷуд дошт. Ҳарчанд ҳар яки онҳо вобаста ба истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, ваколату имтиёзҳо, вобастагии сиёсию ҳарбӣ аз ҳамдигар фарқ дошта бошанд, ҳам, вале нисбати ҳар яки онҳо як ҷанбаи ошкорнашудаи  мусбатро мо бояд қайд намоем. Дар шароити ғасби кишвар аз ҷониби аҷнабиён, институти қоиммақом имконият фароҳам овард, то ашрофони тоҷик, элитаи сиёсии он аз ҳокимият дур нашавад,  маҳорату малакаи идориро гум накунад ва аз ҳама муҳимаш, заминаи истиқлолиятхоҳӣ ва мустақил гаштанро тайёр кунад. Махсусан, бо таъсиси Халифати Араб, таъйин шудани Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ба симати қоиммақоми Хуросону Мовароуннаҳр замина барои таъсиси давлатдории навини тоҷикон гардид. Муборизаи Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён барои истиқлолиятхоҳӣ хеле пурихтилофанд. Онҳо аз як ҷониб аллакай дини исломро қабул намуда барои тавсеаи он фаъолона  мубориза мебурданд, аз дигар хоҳони таъсиси як давлати мустақили худӣ буданд.

Миллати тоҷик новобаста аз маҳаллу макон ва шароити таърихие, ки даст медод, кушиш намудааст, ки ҳамеша манфиатҳои хеш ва ҳамватанонро дифо намояд, соҳибихтиёр бошад. Дастаҳои ғозиён, ки бар зидди кучманчиёну аҷнабиён меҷангиданд, намунаи баланди азхудгузарӣ ва шаҳодатталабии тоҷикон дар роҳи истиқлолияти кишвар ва дин мебошанд.       

Тоҷикон на танҳо дар худуди Осиёи Марказӣ балки дар ҳудуди  Чину Ҳинд, Шарқи наздик низ барои ватан ва кишвар ҷоннисориҳо кардаанд. Масалан артиши номдори Ҳахоманишӣ дар ҷанг бо юнониён асосан аз суғдию бохтариҳо иборат буданд, ки минбаъд дар ватани худ бар зидди юнониён муборизаи бардавом бурда, тибқи баҳои муаррихони дохилию хориҷӣ сабаби даст кашидани Искандар аз ҷангҳои минбаъдаю кишваркушоиҳо ва бозпас гаштани артиши юнонӣ ба Бобул гаштанд.

Дар марҳилаи таърихи нав дар Аморати Бухоро бо тамоми камбудиҳои худ табақаи сипоҳ ва уламои Бухоро ҷонибдори истиқлолияти кишвар буда,  бо истилогарони рус мубориза мебурданд. Албатта, аз нуқтаи назари пешрафт, прогресси ҷаҳонӣ аморати Бухоро нисбат ба Англияву Фаронса, ҳатто Русия ақибмонда ва роҳи тайнамудаи он роҳи таҳавуллоти хеле заиф буд. Аз ин нуқтаи назар, шикаст хурдани сохтори ақибмондаи аморат табиӣ буд. Аммо, шикасти Аморати Бухоро як шикасти оддии сохтори давлатӣ набуда, идеология, ҷаҳонбинӣ, одату суннатҳо тадриҷан ва минбаъд бо сар задани Инқилобҳо якбора тағйир ёфтанд.

Вале бо тағйир ёфтани суннату одатҳо, мубориза бо дин ва идеологияи бо дин асосёфта, шиддати мубориза барои мустақил гаштани тоҷикон паст нагардид.

Оғози асри ХХ Ҷура Зокиров, Шириншо Шотемур, Чанор Имомов, Сайриддин Айни, минбаъд Муҳиддинов  ва дигарон дар давраи инқилоб ва минбаъд ашхосе ҳастанд, баҳри истиқлолияти кишвар фаъолона мубориза бурдаанд.

Дар аксар адабиёти илмӣ гуё дар Тоҷикистони таърихии асрҳои миёна гуё тағйироте ки ба ҷараёни рушди ҷаҳонӣ таъсире дошта бошад, ба назар нарасидааст. Ҳарчанд тибқи таълимоти асосгузори геополитика Хэлфорд Маккиндер Осиёи Марказӣ давоми ду ҳазорсолаи гузашта «қалби ҷаҳон» ба шумор мерафт.

Акнун муқоиса намоед, ки танҳо дар самти амали намудани адолат дар ҷомеа ва адолати судӣ махсусан дар марҳилаи зардуштӣ ва исломӣ ҷомеаи Тоҷикистони таърихӣ то кадом дараҷа ҳассос будааст. Дар ҷомеа додраси динӣ, гражданӣ, додраси артиш вуҷуд дошт, ки ин ба ҳама маълум аст. Вале аз Пешдодиёну Каёниён оғоз намуда то Сосониён азбаски неруҳое дар ҷамъият пайдо гаштанд, ки неруи қазоӣ ё судя нисбат ба онҳо ҳукми одилона қабул карда наметавонист ва бузургзодагону ашрофон, махсусан низомиён метавонистанд ба муҳокимаи холисонаи баҳсу даъво халал ворид созанд, шоҳони ориёӣ дар лаҳзаҳои зарурӣ, махсусан пеш аз иду ҷашнҳо бевосита худашон даъвоҳоро нисбати ин гуна ашхоси зурманд қабул ва бевосита ҳаллу баррасӣ мекард.

Таърихи исломии рушд аз паи ҳам ба вуҷуд омадани чанд институти адолати судӣ дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ ҳикоят дорад. Дар назария ягона падидаи амалисозандаи адолати судӣ ин институти қозиҳо ва минбаъд қозии аскар ё артиш шумурда мешуд. Вале минбаъд зарурати мубориза бо қонуншиканиҳои дараҷаи хурду миёна аз авбошӣ, фиребгарӣ, қаллобӣ дар хариду фуруш, санги тарозу ва ғайра, инчунин мубориза бар зидди онҳое ки талаботи диниро иҷро намекунанд, институти муҳтасибро ба вуҷуд овард.  (Аз таърихи ин падидаи адолати судмаълум аст, кимуҳтасибон беибо сарвари давлатро аз амалу ҳаракатҳои зиддишаръӣ ва қонуншиканиҳо бозмедоштанд.

Масалан, Суфёни Саври халифа Маъмун, ки мехост ҳоҷиёнро ронда дар шароити ором ҳаҷ кунад, аз ин амал боздошт.

Мисоли дигар, Ибни Ошиқ муҳтасиби Улуғбек борҳо зиёфати шароби амир Улуғбекро вайрон ва ӯро номусалмон ва мушрик номида буд.

Амир Маҳмуд аз тарси муҳтасиб меҳмонони масти шароби худро иҷозати ба хонаашон рафтан намедод, то ба дасти муҳтасиб наафтанд ва ҷазо дода нашаванд).

Минбаъд пайдо гаштани ашхоси зуру қудратманд сабаби таъсиси институти мазолим гашт, ки додрасиионро сарвари давлат ва ё ашхоси бообруи кишвар ба зимма доштанд. Яъне бо пайдоиши талабот ҷомеа ва давлат институти навро бар зидди он таъсис медод. Яъне кишвари мо дар таърихи худ ҳамеша баҳри беҳтар кардани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ,  беҳтар намудани идораи кишвар кушиш менамуд.

Лозим ба ёдоварист, ки агар пайдоиш ва ташаккули институтҳои гуногун аз ҷониби ниёгонамон давоми зиёда аз 4 ҳазор сол пояи устувори давлатдориро гузошта бошад, пас, рушди суннатҳои давлатдории тоҷикон дар ҷараёни сохтмони давлати шуравию сотсиалистӣ мушоҳида мегардад. Новобаста аз ҷанбаҳои дигари мусбату манфӣ, давлатдории шуравии тоҷикон қадами бузурге дар устувор гаштани ҳокимият дар маҳалҳо, рушди маърифати умумию сиёсӣ, муттаҳид гаштани миллат, худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг, коммуникатсия, алоқа, ҳокимият ва давлатдории устувор, бо баъзе хусусиятҳои миллӣ буд.

Ҳуқуқ ва қонунгузории пешрафта, ислоҳотҳои соҳаҳои гуногуни идорӣ шаҳодати он буданд, ки тоҷикон кушиш доранд, то ҷомеаи ормонии худро таъсис диҳанд.

Агар давраи навинро гирем, истиқлолияти давлатиро соҳиб гаштани миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ ғайричашмдошт сурат гирифта, аксарият барои нигоҳ доштани Иттиҳод раъй дода буданд. Вале ин маънои ба таври муфт ба даст овардани Истиқлолиятро надорад. Махсусан, дар Тоҷикистон, дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ки таъсири он то имруз эҳсос мегардад даҳҳо ҳазор фарзанд, миллиардҳо хисороти молию мулкӣ дидааст, Истиқлолият натиҷаи заҳмати садҳо насли тоҷик аст.  

Миллати тоҷик на танҳо бо муборизаю ҷанг ҳуқуқи доштани  давлатдории миллиро ба даст овардааст, балки дар ҷодаҳои дигари ҳаёт низ саҳми бузурге гузоштааст.

Самти дигари рушди таълимот ва амалияи истиқлолхоҳӣ ин падидаи мубориза бо аҷнабиён ва қаҳрамониҳои намояндагони миллати тоҷик аст. Муборизаи қаҳрамонони миллати тоҷик аз Шераку Спитамен, Абумуслиму Муқанна, Восею Ҷура Зокиров ва дигарон ҳама барои истиқлолияти кишвар буданд. Онҳо ҳама қаҳрамононе ҳастанд, ки барои истиқлолияти тоҷикон ва кишвари мо ҷони худро нисор кардаанд. Албатта, садҳо ҳазор қаҳрамонони дигаре ки дар ҷангҳои гуногун бар зидди душманон, фашизм, истиқрори сулҳ мубориза бурдаанд бояд мавриди ситоишу ёдоварӣ бошанд.  Қаҳрамонони асри ХХ ҷаҳонро аз фашизм дифо намуданд.  

Падидаи дигаре ки ба ҳифзи миллати тоҷик ва боқӣ мондани он заминаи муҳим будааст ин фарҳанги оламшумули он, забони ноб, суннатҳои қадимаю волои он мебошанд. Тасаввур кунед, ки аз Куруши Кабиру Искандари мақдунӣ то арабу манғит ҳамагӣ кушиданд бо мардуми маҳаллӣ пайванди хешутаборӣ пайдо намоянд ва бо ҳамин ба сафи мардуми бофарҳангу тамаддуни ориёинажод дохил гарданд. Хостгории Томирис, Маликаи Бухорхудот, Рухшонак, ҳамагӣ тоҷик будани занони амирони манғитӣ ҳикоят аз ин дорад.

Барои истиқлоли сиёсӣ ба даст овардан истиқлолияти маънавӣ лозим аст. Миллати тоҷик дар ин росто ҳазорон шоиру нависанда, олиму муҳандис, ситорашиносу табиби ҳозиқро дорад, ки дар маҷмӯъ тавонистанд ба ин миллат куллият бахшида, сабабгори ташаккули миллат, худшиносӣ ва меҳанпарастӣ гарданд.

 Аз ҷониби дигар, танг овардани душманони дохилию хориҷӣ, махсусан калламанораҳои сохтаи муғулу Темуриён, манғитиёну русҳо, ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда содиқона, бо дили соф меҳнат намудани ин миллати меҳнаткашу меҳмоннавоз шароит барои соҳибистиқлол гаштани кишвар фароҳам оварданд.

Имруз дар ҷомеъа ва дар байни муаррихони тоҷик оид ба ҳаракати ба ном «босмачиён» мунтазам баҳсҳо давом доранд. Ин ҳаракат ба андешаи мо, ҳаракати  озодихоҳӣ, зидди инқилобӣ, хусусияти динӣ ва фарҳангидошта буд. Албатта, сухан дар воситаҳои истифодашуда дар рафти мубориза нест. Худ аз худ маълум аст, ки артиши босмачи низ барои таъмини неруҳо аз ҳамагуна воситаҳои қонунию ғайриқонунӣ истифода мекард. Инро нисбат ба неруҳои шуравӣ низ қайд намудан мумкин аст.

Бояд зикр шавад, ки давлатдории миллӣ наметавонад натиҷаи фаъолияти як нафар, гуруҳи одамон ё ҳизбе бошад, балки  барои воқеан манфиати миллиро ифода кардани он бояд тамоми миллат фаъол бошад.

Миллате ки фарҳанги баланд, донишҳои замонавӣ, аз ҷиҳати сиёсӣ пухта, элитаи пурқуввати сиёсӣ надорад, иқтисодиёташ тибқи қонунҳои бозор рушд намеёбад наметавонад манфиати худро ҳифз намояд ва воқеан набояд умедвори истиқлолият ва давлати миллӣ бошад.

Истиқлолият ё соҳибихтиёрии ҳақиқӣ дар кишваре вуҷуд дошта метавонад, ки ваҳдату ягонагӣ ба таври реалӣ вуҷуд дорад. Миллате ки худро шинохтааст, новобаста ба сарвари он, ҳизби ҳоким, махсусияти сохтор ва ғайра, ки падидаҳои муваққатӣ мебошанд, ба таври ҳамешагӣ миллат, манфиати миллӣ, истиқлолият, озодӣ, оромӣ, сулҳ, тартибот, қонуниятро мепарастад ва ба хотири онҳо ва ваҳдати миллӣ созиш мекунад ва танҳо дар ҷаҳорчубаи таъмини ин арзишҳо фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ ва сиёсии худро ба роҳ мемонад.

Ин Истиқлолият маҳсули муборизаи даҳҳо ва садҳо наслҳои миллати тоҷик аст, ки ин ҳақро онҳо бо хун ва муборизаҳои ҳарруза, дар набардҳои нобаробар соҳиб гаштанд.

Таърих шаҳодат медиҳад ки муаррихони дарборӣ вобаста ба режими сиёсӣ метавонанд бузургро хурд ва хурдро бузург нависанд. Вале мо, бояд ҳар як фарди тоҷик ки барои худшиносии миллӣ, забони миллӣ, манфиатиҳои миллат, истиқлолият, барои сулҳу Ваҳдат, барои якпорчагии кишвари азизамон мубориза бурдааст, асло фаромуш насозем.

Ҳамаи ин якҷоя исботи кушиши миллати тоҷик баҳри ба даст гирифтани ихтиёри худ, доштани қобилияти баланди эҷодкорӣ дар идораи кишвар мебошанд.

Хулоса, давлати соҳибихтиёри тоҷикон нишона аз мубориза ва талошҳои миллати тоҷик дар роҳи озодӣ, истиқлоли давлатӣ, пешрафти маънавию фарҳангии он заминаи асосии рушди давлатдорӣ буда, тоҷикон на танҳо аз гузаштаи худ балки аз давлатдории миллии муосири худ фахр доранд.  

 

 

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121