АБУАЛӢ СИНО - ЯК РОЗИ НУҲУФТАИ ТОҶИКОНА
(Эссе)
Аҷабо , мегуянд, ки розу ниёзи як қавму миллат дар масири таърих ба забон, фарҳанг ва марзи он зебанда аст. Шояд чунин ҳам бошад, аммо илму адаб ва шеъри равон дар забони мо мисли оинаест, ки ҷаззобияти хоссаи лафзи модариро ҳамчун хотираи таърихӣ дар худ инъикос менамояд. Худди Абуҳафси Суғдӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ аввалин шоироне, ки бо форсӣ-дарӣ шеър гуфтанд, ки онҳоро дар ҳамон замон ҳамчун тоҷик медонистанд. Яъне. баҳси тоҷику тоҷикият аз асри V11 инҷониб шурӯ гардидааст, ки дар он мақому мартабаи мутафаккирони мо Имоми Аъзам , Муҳаммад Ғаззолӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Сино ва дигарон нақши бориз доранд. Хусусан, дар замони Сомониён забони мо алакай забони давлатӣ, забони аҳли дарбор буд, ки барои Шайхурраис Ибни Сино забони модарӣ ва як рози нуҳуфтаи ширини тоҷикона боқӣ мемонад.
Абуалӣ Сино файласуф ва донишманде буд, ки ҳамеша тарғиби ақлу хирадро аз дигар андешаҳо боло гузоштааст. Ибни Синои бузург ибрози андеша дорад, ки инсон бояд фикри худро аз олоишу омезиши разилу нопок солим дорад. Ин аст, ки ӯ ақлро меъёри рушду нумуи ҷомеа ва инсон донистааст, ки ин барои мо як рози нуҳуфтаи замона мебошад.
Аз ин рӯ , имрӯз, ки дигарон ба сатҳи кайҳон расидаанд, даъвои кӣ дар куҷо ба дунё омадааст? мансубият ба кадом қавму миллат дорад, дигар таъсирбахш нест. Ба андешаи мо, офтоб, офтоб аст, аз нуру муҳаббати гармии он истифода бурдан лозим аст. Офтоб миллату мазҳаб надорад ва сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону гуем , ки ӯ Синоӣ бузургро ба мою шумо ва ҷаҳониён тақдим кардааст, ки ин ҳам рози нуҳуфтаи ширини тоҷикона мебошад.
Бузургии ин нобиғаи асрҳо тамоми дунёи илмро ҳазорсолаҳо дар ҳайрат гузоштааст, ки имрӯз мардумони мухталифи
ҷаҳон ӯро фарзанди миллату кишвари худ мехонанд. Оре, оре ин аҷиб аст. Агар мансубияти этникӣ ин пайванди шахс бо гурӯҳи муайяни этнткӣ аз рӯи худномгӯзорӣ ё этноним мебошад, пас Абуалӣ Сино мансубияти табиӣ этникии худро аз туркону зангиён ҷудо намуда, онҳоро “ғуломони табиӣ” гуфтааст, ки ин ҳам як рози нуҳуфтаи замона боқӣ мемонад.
Дар ин росто, файласуфи зиндаёди тоҷик, устод Мусо Диноршоев изҳори андеша доштанд, ки “Агар Ибни Сино турк будӣ ва дар руҳи суннатҳо ва фарҳанги туркӣ тарбия шудӣ, дар ин маврид ҳатман ба донистани забони модарии туркиаш ишорате мекард. Вале азбаски дар осори Ибни Сино ин гуна ишораҳо куллан вуҷуд надоранд, бинобарин ин ҳама пиндоштҳои воҳӣ дар бораи аслу насаби туркии вай бояд қотеъона рад карда шаванд. Аз олимони турк пурсида мешавад, ки чӣ гуна метавон Ибни Синоро турк донист”, дар сурате, ки вай мегӯяд: «Мардумоне, ки аз таҳсили фазилатҳо дураанд, чун туркон ва савадон, табиатан бояд ғулом бошанд».
Чунин андеша дар шарҳу баёни дигар омадааст, ки : ” Ва азбаски ногӯзир гурӯҳе аз мардум бояд ба мардум хизмат кунад , пас чунин ашхос бояд ба хизмат ба аҳли шаҳри одил водор карда шавад. Ҳамчунин касоне, аз мардуме , ки аз пазируфтани фазилат дур мебошанд, бандагони табиӣ ҳастанд, монанди туркон ва зангиён”, ки ин як рози нуҳуфтаи замона боқӣ мемонад.
Агар баҳс сари масъалаи “ бандагони табиӣ” равад, пас
Арасту онро чунин шарҳ додааст, ки дар ҷомеа баъзеҳо барои ҳукумронӣ ва баъзеҳо барои итоат мувофиқ дониста мешаванд. Ӯ “ бандаи табиӣ”-ро шахсе медонад, ки қобилияти дарк карданни ақлро дорад. Аммо онро ба дараҷаи мустақили идоракунӣ соҳиб нест, воқеан дар табиати иҷтимоии баъзе қавму нажод ва этносҳои алоҳида ин масъала дарк карда мешавад.
Ибни Сино ин масъаларо дар доираи назарияҳои худ истифода кардааст, вале ин аз анъанаи фалсафаи Арасту фарқ мекунад; Якум, Арасту ин мафҳумро дар “Сиёсат” муҳокима кардааст, вале Сино онро ба муҳокимаи ҷомеаи одил пайваст менамояд. Дуюм, Арасту “бандагии қонунӣ” ва “табиӣ”-ро фарқ мекунонад. Сино “бандагони табиӣ”-ро ҳамчун як гурӯҳи одамон дар сохтори ҷомеа зикр кардааст. Сеюм, Арасту ба гурӯҳи муайян нисбат додани ин назарияро дар заминаи ҷаҳонбинии юнонӣ медонад. Сино бошад, туркон ва зангиёни замони худро ҳамчун мисоли мушаххас овардааст, ки ин як рози нуҳуфтаи ҷовидона меонад.
Хулоса, имрӯз тамоми далелҳои таърихию фарҳангӣ дар доираи назарияҳои мухталифи миллӣ мансубияти этникии Ибни Синоро бебаҳс ба қавми тоҷик вобастаю пайваста дониста, эътирози ӯро нисбат ба туркон ва зангиён нишонаи худмуайянкунии қавмӣ ва худогоҳии этникӣ медонанд. Даъвоҳои беасоси мардумони саҳронишини бегона, дигар нишонаҳои худшиносии этникӣ, забон, хотираи таърихӣ, афкори иҷтимоию сиёсӣ, муҳити этникии Ибни Синоро ҳеҷ вақт тағйир дода наметавонанд, ки тоҷик тоҷик ҳаст ва ин ҳам як рози ширини тоҷикона боқӣ мемонад.
Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, прфессор

