Skip to main content

Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромиқадр ва муҳаққиқони муҳтарам!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихори баланд, ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари озодӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик менамоям!

Санаи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муқаддастарин ва сарнавиштсозтарин ҷашнҳои миллии мо, дар тақвими давлатдорӣ мақоме арзишманд дорад.

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддасест, ки бо заҳмату талошҳои фарзандони ватандӯст ва бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имкон дод, ки миллати тоҷик роҳи рушди мустақилона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги бостонӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навинро тай намояд.

Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо карда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа – илм, маориф, фарҳанг, сиёсат ва иқтисод пешравиҳои назаррас ба даст овардааст.

Саҳми олимон ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддини АМИТ, дар таҳкими пояҳои андешаи миллӣ, тақвияти худшиносӣ ва рушди тафаккури фалсафиву сиёсӣ басо назаррас аст.

Дар ин рӯзи пуршараф, ба ҳар яки шумо – сулҳу суботи пойдор, тандурустии комил, бахту иқболи баланд, пешрафт дар фаъолияти илмиву эҷодӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Сию чор сол дар таърих фурсати чандон тӯлонӣ нест. Дар ин давра боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмини саодати ҳар хонадони тоҷик ва таҳкими нуфузу обрӯй дар арсаи байналмилалӣ дар мадди аввал гузошта шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлатамон соҳаи илму маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар ҳисобида таъкид мекунанд, ки ояндаи неки давлат, пешравии он ба саводнокии миллат вобастагӣ дорад. Бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ба воя расонидани насли донишманду ватандӯст, ободгар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст.

Мо бояд аз имкониятҳо пурратар истифода барем. Диққати бештарро ба тарбияи ватандӯстиву худшиносии донишҷӯён, омӯхтани илму донишҳои муосир, хосатан фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ, забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ аз тарафи онҳо равона намоем.

Бори дигар, ҷашни Истиқлолро ба ҳар яки шумо табрик гуфта, саломатӣ, файзу баракат, ваҳдату якдилӣ ва пешрафтро орзумандам.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123