Skip to main content

ҶОЙГОҲИ ЗАНОНИ ФАЙЛАСУФ ВА ХИРАДПЕША ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони муҳаққиқ ва олимаро ояндаи илми тоҷик номида, барои дастгирии фаъолияти илмии онҳо шароит фароҳам меоранд ва суханрониҳои сарвари давлат ҳамеша бар ин асос ёфтаанд: «Зани донишманд боиси ифтихори миллат ва омили пешрафти ҷомеа аст». Аз ин рў, зан дар тасаввури Пешвои миллат «ин ҳастии муқаддас, мураббӣ ва пешбарандаи илму фарҳанг аст».

Бо ин муқаддима дар бораи нуфуз ва ҷойгоҳи занони файласуф дар адвори мухталиф, ки нақши онҳо дар таҳким ва поягузории муносибатҳои таърихӣ-иҷтимоӣ бузург мебошад, оғоз менамоем. Мусаллам аст, ки занон тавонистаанд, ки барои расидан ба ин ҳадафи умдаи хеш дар пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ, бартараф намудани догмаҳо, ки барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқи занон монеаро пеш меоварданд, ҳам муборизаи зеҳнӣ ва ҳам муборизаи ҷисмонӣ намоянд. Ин талоши онҳо ҳатто то дараҷае буд, ки тули таърих онҳоро ба ҳалокат низ расонидаанд.

Бинобар ин, нақши занони файласуф дар марҳилаҳои гуногуни муносибатҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва тарбиявӣ-ахлоқӣ басо муҳим аст. Аз давраи антиқа сар карда, то замони муосир занон новобаста бар он, ки пойбанди қонун ва низоми давлатдории даври хеш бошанд ҳам, тавонистанд нуфузи нотакрори хешро дар масоили басо муҳими рўзгор ба сомон расонанд.

Ба вижа, бонувон саъю талош намуданд, ки дар ҷомеа муносибатҳои иҷтимоиро дар соҳаи илму оила ва иҷтимоъ ҳифз намоянд. Ин ҳадафи онҳо имрўз низ дар ҷомеаи мо ҷомаи амал пўшид. Пешвои миллат қариб, ки дар ҳар суханронии худ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа ба занони кишвар дода, дар суханрониаш низ таъкид мекунад, ки «Занону модарони мо ҳанўз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд». (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи модар . 07.03.2020).

Аз таърихи занони файласуфи Аврупо ҳафт нафар занони файласуфи намоён барои мо муссалам ҳастанд, ки чи гуна тавонистанд дар баробари мардон барои озодӣ, баробарҳуқуқии занон дар муносибатҳои иҷтимоӣ алайҳи беадолатии низоми давлатдории даври худ муборизаи зеҳнӣ баранд. Ба қатори ин занони мубориз Симона де Бовуар (1908-1986), Гипатия Александрия, (тав.350 370, ваф.415), Ханна Арендт 1906-1975), Филиппа Фут (1920-2010), Элизабет Энском (1919-2001), Мэри Уол-стонкрафт (1759-1797), Анна Дюфурмантел (1964-2017) Гарриет Тейлор-Милл (1807-1858) ва дигарон дохил шудаанд. Ин бонувон дар замони хеш бештар саъю талош намуданд, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ озод бошанд ва дар баробари мардон барои гирифтани илму дониши саҳеҳ низ бояд таҳсил намоянд.

Мутаассифона, номи ин занонро агар дар рўйхати муҳаққиқони файласуф қайд намоем, теъдоди онҳо нисбат ба мардон хеле камтар мешавад. Иллати чунин руйдодро метавонем аз таърихи занони Урупо дида бароем, ки 2500-сол пеш занон бо афкори фалсафии худ дар соҳаҳои мухталифи илм саҳми басо арзанда гузоштаанд. Онҳо дар баробари мардон метавонистанд, ки афкори илмии худро бо мулоҳиза иброз намуда, дар масъалагузориҳои фарҳангию сиёсӣ таҳлилҳои хоси худро дошта бошанд. Вале, мутаассифона, дар китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ номи занон хеле кам ишора карда шудааст.

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мероси интеллектуалӣ, ки аз занон боқӣ мондааст, аксар вақт сарфи назар карда мешуд. Боиси таассуф аст, аксаран, саъйю талош менамуданд, ки занони хирадманду хирадпешаро, ки роҳи илму ҳикматро интихоб намудаанд, дар ҷомеа эътиборашонро паст намоянд. Занҳо дар давраҳои гуногун мавқеъҳои гуногуни сиёсӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоиро ишғол мекарданд. Баъзе ақидаҳои пурарзиши фалсафиро мо метавонем бо дилпурӣ ба занон нисбат диҳем.

Маҳз занҳо низ нақши худро дар рушди илму фарҳанг гузоштаанд. Махсусан саҳми занони файласуфи рус дар бунёди таърихи фалсафа ва методологияи фалсафии имрўза хеле бузург аст. Дар қатори ин занони донишманд, яке аз занони сарсупурдае, ки дар ҷодаи фалсафа асарҳои зиёдеро таълиф намудааст, Мариетта Тиграновна Степанянтс мебошад.Мариетта Тиграновна Степанянтс 16-октябри соли 1935 дар Маскав, таваллуд шуда, файласуф ва шарқшиноси шўравӣ, мутахассиси таърихи фалсафа мебошад. Ин зани донишманд ба ҳайси доктори илмҳои фалсафа (1974), ходими шоистаи илми 2002, соли 1974 рисолаи доктории худро зери мавзўи «Мафҳумҳои мусулмонӣ дар фалсафа ва афкори иҷтимоии Шарқи хориҷӣ дар асрҳои XIX-XX» дифоъ кардааст .

Дар асарҳои Мариетта Степанянтс равияҳо ва самтҳои асосии афкори фалсафии мамлакатҳои Шарқ таҳлил карда шудаанд. Ў ба омўзиши тасаввуф ва ирфони мардуми тоҷику форс диққати зиёд дода буд. Степанянтс М.Т. муаллифи аввалин китоби дарсӣ оид ба таърихи фалсафаи Шарқ мебошад. Ў дар айни замон, яке аз коршиносони варзидаи фалсафаи муқоисавӣ буда, ширкаткунанда ва ташкилкунандаи Форуму Симпозиум ва конференсияҳои илмии сершумори байналмилалӣ, президенти конфронси VII ва VIII-и файласуфони Шарқу Ғарб мебошад. Дар озмуни беҳтарин китоби Институти фалсафаи Академияи илмҳои Руссия дар соли 2001 китоби «Универсалҳои фарҳангҳои Шарқ» таҳти таҳрири Мариетта Степанянтс дар номинатсияи «Монографияҳои дастаҷамъӣ» ҷои дуюмро гирифт [5,134-140]. Китобҳои беҳтарини ин зани донишманд, ба монанди «Фалсафаи Шарқ» («Восточное философии»), «Ҷанбаҳои фалсафии тасаввуф» («Философское аспекты суфизма»), «Тасаввуфи исломӣ» («Исламский мистицизм»), «Фалсафаи байнифарҳангӣ: Ислом, методология, мушкилоти дурнамо» («Межкультурная философия: Ислам, методология, проблематика перспективы»), «Ҷаҳони фалсафаи Шарқ. Дирўз, имрўз ва фардо» («Восточное философии»), «Философия, религия на зарубежном Востоке XX веке») мебошанд.

Кори пешниҳодшудаи ў аввалин монографияи фалсафаи байнифарҳангӣ дар Руссия мебошад. Ин кўшиши муайян кардани мафҳуми «фалсафаи байнифарҳангӣ», барои баррасии пайдоиши он дар робитаи зич бо таҳаввулоти муқоисавии фалсафӣ, шартҳои тамаддунии инкишофи онро муайян мекунад.Дар Руссия бонуи дигаре, ки дар ҷодаи пешрафти илм ва махсусан масъалаҳои фалсафӣ саҳми беандозае гузоштааст, бонуи донишманд Фролова Елизавета Александровна мебошад. Вай донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, факултети ҳуқуқшиносии кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ ва сиёсатшиносиро ба итмом расонида, аз соли 1996 номзади илмҳои ҳуқуқ ва аз соли 2013 доктори илмҳои ҳуқуқ ва аз апрели соли 2001 дотсенти кафедра мебошад.

Муаллифи номбурда дорандаи зиёда аз 541 - мақола, 100 - китоб, 85 - мақолаи конференсия ва 7 - адад тезис буд. Саҳми нотакрори ин зани донишманд, дар арсаи фалсафа дар тартиб додани луғатномаи фалсафӣ («Философский словарь») арзанда аст. Инчунин ду силсилаи китобҳои ба наздикӣ оид ба фалсафа дар Руссия нашршударо метавонем ҳамчун мисол овард: «Фалсафа дар Руссия дар нимаи аввали асри XX» (2008, 2017), «Фалсафа дар нимаи дуюми асри XX» (2009, 2019). Ба қавли ин хонум, дар радифи занони файласуфи рус донишманди риёзӣ ва файласуф Софя Яновск мебошад, ки дар Белоруссия ба дунё омадааст.

Бо вуҷуди иштирок дар танқиди илми буржуазии солҳои 30-юми собиқ шўравӣ, дар солҳои чилум, тамоми кўшишро ба харҷ дода буд, ки фанни математикаро инкишоф дода, таърих ва фалсафаи математика, инчунин фалсафаи аналитикии замони советиро таҳқиқ намояд. Соли 2020 бошад, Тереза Оболев доир ба Мирра Лот Бородина (1882-1957), ки дар солҳои 1920 дар Фаронса зиндагӣ мекард, китоберо нашр намуд, ки ба доираи равшанфикрони рус дар хориҷа дохил мешуд. Инчунин, дар бораи нақши заноне, ки ба файласуфон дар навиштан ва нашри асарҳои худ кўмак расонидаанду бешак дар ташаккули қонунҳои фалсафӣ саҳми калон доранд, муҳим аст.

Ба ғайр аз ин, номҳои зиёди бонувони файласуфи дигарро аз давраҳои гуногуни таърихӣ то имрўз илова кардан муҳим аст, ки онҳо дар арсаи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури шарқӣ байни фалсафа ва дин роҳи ҳамоҳангиеро ҷустуҷў кардаанд. Ин бонувон итминон доштанд, ки рушди тафаккури зеҳнӣ барои шинохти масоили фалсафӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти андешаю афкори инсон хизмат менамояд. Онҳо мехостанд, ки занҳо пойбанди «догма» («догма» - шахшудагии андеша, ки садди роҳи инкишоф мешаванд. - Б.Ш.) нашуда, балки масоили диниро низ дар меҳвари кашфиётҳои илмӣ касб намоянд. Яъне матолиби диниро бо илму дониши саҳеҳ ҳамоҳанг созанд. Аз ин рў, онҳо дониши илмиро бо шуури динӣ тавъам месохтанд.

Шуҷоати занон ва духтарони тоҷик низ дар арсаи марҳилаҳои таърих дар шаклҳои гуногун равнақу ривоҷ ёфтааст. Дар таърихи рушди миллати мо занҳое низ будаанд, ки барои озодӣ ва шарафи миллат мубориза мебурданд ва шоирону мутафаккирони мо низ чунин занони далер ва боғайратро ситоиш кардаанд. Дар шумули ин бонувон - Гурдофарид, Зебунисо, Робияи Балхӣ, Нодира, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Пурандухт ва Озармидухтарони Хусрави Парвизи Сосонӣ ва Томирис подшоҳи Масагетҳо мебошанд, ки на танҳо мақбули тоҷикзабонҳо, балки намояндагони дигар миллатҳо низ шудаанд. Дар олами сиёсат бошад, Клеопатра дар Миср, Екатерина ва Иванова дар Руссия, Индира Гандӣ дар Ҳиндустон, Беназир Бхуто дар Покистон, Куразун Актив дар Филипин, Маргарита Тедчер дар Англия ва Голда Майнер дар Исроил дар дунёи сиёсат ва кишвардорӣ нақши шоиста ва муассир доштаанд. Дар ватани азизамон низ бонувони шинохта зиёданд.

Ин бонувон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ, касбу ҳунар, санъату фарҳанг ва илму маориф иштирок ва фаъолият менамоянд. Шуҷоати занон ва духтарони тоҷик низ дар арсаи илмҳои ҷомеашиносӣ, чун фалсафа, мантиқ, сиёсатшиносӣ, ахлоқ дар шаклҳои гуногун равнақу ривоҷ ёфтааст.Чи гунае, ки қайд гардид, мақом ва нақши занон дар илм, дар Тоҷикистон низ масъалаи қобили таваҷҷуҳ аст. Дар замони муосир дар қатори бонувони файласуфи тоҷик, аз ҷумла саҳми Мунзифа Ғаффорова, Фируза Турсунзода, Тоҷинисо Муродова, Насиба Содиқӣ, Зулайхо Усмонова, Зарина Диноршоева, Олга Ладигина, Муҳиба Маҳмадҷонова, Меҳрӣ Маҳмадова, Махфират Хидирзода, Парвина Саидҷафарова, Гуландом Абилзода, Назира Орифҷонова, Хосият Камолова, Зебо Ҳасанова, Зебо Зиёева, Беҳру Насурова, Садбарг Иброҳимова, Некбахт Дороншоева, Шодигул Бандалиева, Фазилат Саидова ва Фарзона Маҳмадова назаррас мебошанд.Дар таърих ва фарҳанги инсоният андешаҳои фарҳехтагони илм ва ё бузургмардоне, ки нисбати тавсифи зан баён шудаанд, дар васфи ин олиҳаи ҳусну нафосат ва тимсоли покиву садоқат суханони зебову гўшнавози зиёд гуфтаанд, кам нест. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи варзидаи тоҷик, академик Кароматулло Олимов, ки доир ба бонувон гуфтааст: «заноне, ки дорои фазилатҳои бузурги илмӣ ва ахлоқӣ ҳастанд, бузургтарин шахсон дар ҷомеа мебошанд».

Мунзифа Ғаффорова. Яке аз чунин заноне, ки зоҳиру ботини худро бо фазилатҳои илмиву ахлоқӣ пироста, беш аз шаст соли умри гаронарзише дар ин роҳ сипарӣ намудааст, доктори илмҳои фалсафа, профессор, шодравон Мунзифа Ғаффорова мебошад. Ин зани шуҷоъ ба масоили озодии зан, ба вижа занони Шарқ таваҷҷўҳи хос намуда, дар ин росто мақолаву асарҳои зиёди илмӣ эҷод намудааст. Мавзўи мавқеъ, нуфуз ва ташаккули симои маънавии занони Шарқ яке аз масоили асоситарини таҳқиқоти Мунзифа Қаҳҳоровна мебошад. Яке аз асарҳои вай низ бо номи “Симои маънавии занони Шарқи Советӣ”, ки соли 1969 тавассути нашриёти “Ирфон” дастраси хонандагони сершумор гардид, моҳияти ҷамъкунандаи афкору ақоиди ў, ки дар тули солҳо дар нисбати зан эҷод гардида буданд, ба шумор меравад. Асар на танҳо нишондиҳандаи пешравии занони Шарқ ва таҳаввулоту тағйироти навини ҳаёти онҳо мебошад, балки саҳеҳтар он аст, ки дар он рушду такомули маънавии худи Мунзифа Қаҳҳоровна пай бурда мешавад.

Муродова Тоҷинисо. Донишманди асили муосири тоҷик Муродова Тоҷинисо низ яке аз муҳаққиқони намоёни илми тоҷик ҳисобида мешавад. Ногуфта намонад, ки ин зани поксиришт ва донишманд аз зумраи он шахсиятҳое ҳисобида мешавад, ки умри хешро дар ҷодаи илму маърифат ва баҳри манфиатҳои умум сарф намуда, моҳияти зиндагиро дар омўзишу омўзонидан ва хайрхоҳӣ мебинанд. Ў шогирдони зиёдеро дар Академияи илмҳо таълим дода, инчунин дар самтҳои гуногуни ҳаёти моддиву маънавии тоҷик нақши назаррас гузоштааст. Муродова Тоҷинисо аз аввалин бонувоне буд, бо иродаю хостаи шахсӣ вориди шуъбаи «Таърихи фалсафа» шуда, солҳои зиёд дар ин бахш кору фаъолияти илмӣ намуда, таҳқиқотҳои зиёдеро анҷом додаанд. Дар феъли ҳозир ў ходими пешбари илмии ИФС-и АМИТ таҳқиқу баррасиҳои илмиро дар соҳаи таърихи фалсафа (дар доираи фалсафаи исмоилия, тасаввуф, ирфон, ахлоқу маънавиёт) ба анҷом расонида, ба қатори ин пажуҳишҳо китобҳои «Таълимоти фалсафии Носири Хусрав», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» Носири Хусрав ҳамчун сарчашмаи фалсафӣ», «Пажуҳишҳо дар таърихи фалсафа ва ирфон», «Дар олами ҳикмат» ва зиёда аз 280 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидааст. Муродова Т. яке аз муаллифони фаъоли китоби панҷҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» низ ба шумор меравад. Ба ҷуз ин дар масъалаҳои илмӣ-фаҳангӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ-идеологӣ ва ғ. бо мақолаву баромадҳои худ дар телевизиону радио, рўзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ фаъолона ширкат меварзанд. Муродова Тоҷинисо дар айни ҳол мувофиқи мавзўҳои пешниҳодшудаи лоиҳавии шуъбаи таърихи фалсафа корҳои илмии ба назаррасро навишта, мақолаҳои зиёде чоп намудааст. Ба вижа ба таҳқиқи мавзўҳои мубрами фалсафаи даврони бостони тоҷик доир ба масоили пайдоиши инсон ва кайҳон, инсонмеҳварӣ ва кайҳонмеҳварӣ, нақши устура дар ташаккули ҷаҳонбинии тафаккури фалсафӣ, таъбири устуравии фалсафаи инсомеҳварӣ ва кайҳонмеҳварӣ, тасаввурот оиди тасвири олам ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ дар бостони тоҷик ва ғайраҳо машғуланд ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии институти фалсафа ва АМИТ чоп карданд.

Усманова Зулайхо. Нақши занони оқилу доно ва донишманду илмдўст дар ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик бағоят афзуд. Усмонова Зулайхо яке аз аввалин муҳаққиқони шинохтаи тоҷик доир ба проблемаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки баҳри ба даст овардани баробарҳуқуқии зан, озодӣ ва дигар арзишҳои ахлоқӣ муборизаи маънавӣ мебарад. Ин зани донишманд донишгоҳи давлатии Ленинградро бо ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ хатм намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва монографияи «Антропология гендера в Таджикистане: взгляд изнутри» мебошад. Зулайхо Усманова олими барҷаста, яке аз нахустин таҳқиқотчиёни муносибатҳои гендерӣ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари фалсафа ва антропология буда, ҷонибдори фаъоли сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи баробарии гендерӣ ва мақоми шоистаи бонувон мебошад. Ба ғайр аз ин, ў таблиғгар ва муҳофизи либос ва фарҳанги миллӣ буда, дар ин самт таҳқиқотҳо намудааст. Усманова Зулайхо суханвари моҳир, омӯзгори беҳтарин буда, истеъдоди баланди забондонӣ, тарҷумонӣ дорад, ки ҳамчун тарҷумони бонуфузи кишвар, дар се забон - тоҷикӣ, англисӣ ва руси шаъну шараф ва эътибори бузургеро ба даст овардааст. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳатто дар чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси тарҷумони дараҷаи аввал пазируфта шуда, фаъолият мекунад.

Маҳмадова Меҳрӣ. Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна низ ҳамчун зани донишманду соҳибэҳтиром, файласуфи пуркори муосири тоҷик дар ҷомеа шинохта шуда, фаъолияти эҷодии ин зани хирадпеша гуногунҷабҳаву рангин мебошад. Илова бар ин, дар баробари кори роҳбарӣ дар соҳаи илм низ дастовардҳои беназиреро ба даст овардааст. Махсусан оид ба таълимоту осори мутафаккирони халқи тоҷику форс пажуҳишҳои вижаеро анҷом бахшидааст, ки дар ин ҷода таълифоти илмии худро бунёд намуд, ки имрўз доираи васеи донишмандони файласуф, хонандагони зиёде аз аҳли илму адаб, муштоқони ирфону фалсафаи Ҳофиз аз он баҳраманд мегарданд. Маҳмадова М. дар мавзўи “Фалсафаи ишқи Ҳофиз” рисолаи номзадӣ доир ба ихтисоси фалсафа дифоъ намуда, дар мавзўи “Ҷаҳонбинии фалсафӣ ва эстетикӣ - ахлоқии Ҳофиз” рисолаи докторӣ низ ҳимоя кардааст. Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна ҳамчун мубаллиғи тафаккури илмӣ ва фалсафӣ мунтазам доир ба масъалаҳои тарбиявию идеявии ҷавонон ба воситаи матбуоти давр, радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ баромад мекунад. Аз соли 2006 то соли 2010 дар телевизиони “Сафина” барномаи фалсафии “Ҷаҳони андеша” - ро бурдааст.

Хидирзода Махфират Умар яке аз бонувони сарсупурдаи илм, равшангари дорои тафаккур, умри бобаракати худро сарфи маънавиёт, бедориву худшиносиии миллӣ, алалхусус маърифати ҷойгоҳу манзалати зан дар ҷомеа намуда, кору фаъолияти илмии ў ибратомўз буда, дар саҳифаҳои таърихи занони миллатамон сабт хоҳад гардид. Хидирзода Махфират доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ҷодаи илму маориф низ таҳқиқотҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст, аз ҷумла, «Интихобот ҳамчун василаи таъмини ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа», (таҳлили иҷтимоию сиёсӣ), «Баҳманрўд», «Ҷанбаҳои арзишиносӣ (аксиологӣ) дар омўзиши масъалаҳои амнияти миллӣ», «Интихобот василаи таъсиси ниҳоди президентӣ», «Унсури иттилоотӣ дар таъмини суботи ҷомеа», «Низоми сиёсии ҷаҳон» (дастури таълимӣ). «Низоъҳои сиёсии байналмилалӣ», (дастури таълимӣ дар ҳаммуалифӣ), «Идеологияи сиёсӣ», «Ниҳоди Пешвои Миллат» (таҳлили фалсафию сиёсӣ). Насиба Содиқӣ. Насиба Содиқӣ низ ҳамчун зани боэътибору наҷиб ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад, ки дар ин муддат ба ҳайси роҳбари кумита доир ба илм, маориф, маданият ва сиёсати ҷавонон фаъолият намудааст. Доктори илмҳои фалсафа, профессор буда, дар фаъолияти таълимияш лексияҳо аз таърихи фалсафа, таърих ва фалсафаи илм ва фарҳангшиносӣ, диншиносӣ ва сиёсатшиносӣ ба донишҷўён мехонад. Ў се монографияи илмӣ ва зиёда аз 80 асар дорад. Ба ғайр ин, узви ҳайати таҳририяи китоби «Таърихи фалсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то асри 15», муаррифӣ карда шуд, дар се ҷилди асосие, ки ба забони русӣ ва яке аз муаллифон ва аъзои ҳайати таҳририяи китоби «Таърихи фалсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20» мебошад, (дар панҷ китоб ба забони тоҷикӣ).Нақши занони оқилу доно ва донишманду ватандўст дар ҷомеаи тоҷик бағоят афзуд. Ин олимаи шинохта дар бисёре аз масоили мубрами фалсафӣ бо бурҳон ва далелҳои дақиқи назариявӣ ва пешниҳодҳои амиқи илмӣ, барои ҳаллу фасли масъалаҳои зиёди илмӣ пешниҳодҳои дурустро дастраси донишмандон намудааст.

Диноршоева Заррина. Диноршоева Заррина Мусоевна доктори илмҳои фалсафа, олими муваффақи тоҷик.Дар таърихи тўлонӣ ва пурғановати тамаддуни тоҷик, ба вижа аз байни бонувон нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули таърихи фалсафа, ҳикмат, фалсафаи илм, ҳуввият ва худшиносии миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Заррина Диноршоеваро низ метавонем бе ягон шакку шубҳа ба рўйхати занони донишманди замони муосир сабт намоем, ки дар ҷодаи фалсафа нақши беназиреро боқӣ гузоштааст. Заррина Диноршоева муаллифи зиёда аз 90 - мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ оид ба таърихи фалсафа, таърихи дин, таърихи афкори ҷамъиятию сиёсии асрҳои миёнаи тоҷику форс мебошад. Соли 2000 рисолаи номзадии худ, таҳти унвони «Муҳаммад ал-Ғаззолӣ ва муносибати ў ба фалсафа»-ро ҳимоя намуда, соли 2006 рисолаи докторияш - «Фалсафаи шаҳрвандии Ал-Форобӣ»-ро дифоъ кардааст. Таҳқиқотҳои асосии илмии Диноршоева З.М. иборатанд аз “Муҳаммад Ғаззолӣ ва муносибати ў ба фалсафа”, “Курси лексияҳо аз таърихи динҳо”. Китоби дарсӣ, «Фалсафаи шаҳрвандии ал-Форобӣ», «Абуҳомид Муҳаммад ал-Ғаззолӣ ва «Инкоркунии файласуфон»-и ў» мебошад.Муҳиба Маҳмадҷонова. Муҳиба Маҳмадҷонова яке аз муҳаққиқони варзида ва шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик аст. Дар саҳифаҳои таърихи ин ё он давлату миллат номи ашхоси фарҳехта мондагор хоҳанд монд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва мероси моддию маънавии халқи худ хизмати шоиста анҷом додаанд. Ин афрод дар самтҳои гуногуни ҷомеа фаъолият намуда, аз худ номи нек боқӣ мегузоранд, ки барои дигарон қобили пазироӣ аст.

Дар симои ин бонуи наҷибу меҳрубон, ки ба вижа дар соҳаи таърихи фалсафа ва ҷодаи илм саҳми арзандае гузоштааст, нақши боризе дорад. Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна - доктори илмҳои фалсафа, профессори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2019 то ҳол) Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбор»-и Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва «Ахбор»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 6 – монография, аз ҷумла «Этические взгляды Джалолуддина Руми», «Философия Джалолуддина Руми» ва «Табаҳҳуре дар таърихи фалсафаи тоҷик» мебошад. Таҳти роҳбарии Маҳмадҷонова М.Т. номзадони илмҳои фалсафа-7 нафар, докторони илмҳои фалсафа - 2 нафар, аз рўи ихтисоси 09.00.03-таърихи фалсафа, 3 нафар номзади илмҳои фалсафа аз рўи ихтисоси 09.00.13 - фалсафаи фарҳанг, антропологияи фалсафӣ, 1 - нафар номзади илмҳои фалсафа аз рўи ихтисоси фалсафаи дин, инчунин 3 - нафар номзади илмҳои сиёсӣ рисолаҳои худро дифоъ кардаанд. Инчунин таҳти роҳбарии Маҳмадҷонова М.Т. 5 нафар магистр аз рўи ихтисосҳои таърихи фалсафа ва ҷомеашиносӣ рисолаи магистрӣ дифоъ карда, дипломи магистрро соҳиб гардидаанд. Феълан 1 нафар шогирди ў рисолаи номзадиашро аз рўи ихтисосҳои таърихи фалсафа, фарҳанг дар соли 2025 дифоъ намуд.

Саидҷафарова Парвина Шовалиевна. Саидҷафарова Парвина Шовалиевна аз зумраи занони донишманди мумтоз ва шинохта муаррифӣ гардидааст, ки солҳои зиёди умри пурғановати худро дар муҳити олимони шинохтаи тоҷик гузаронида, аз мактаби фалсафии донишмандони бузургтабори илми тоҷик дар ҳаллу фасли масоили зиёди фалсафӣ, ҳикмату амал ва дарси пуртаҷрибае андўхтааст. Саидҷафарова Парвина Шовалиевна номзади илмҳои фалсафа, мудири Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ. Ў диссертатсияи номзадии худро зери унвони «Мистико-философские воззрения Азизуддина Насафи» дар санаи 30-майи соли 2012 дифоъ намудааст. Аз соли 2012 то соли 2019 дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 то моҳи июли соли 2024 ба ҳайси котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АМИТ адои вазифа намудааст.Саидҷафарова П.Ш. дар таҳия, баргардонӣ ва муҳарририи осоре чун: Абўалӣ ибни Сино (соли 2004), осори Носири Хусрав (соли 2005) ва осори Хоҷа Аҳрори Валӣ (соли 2007) саҳм гузоштааст.Ба ғайр аз ин, дар таҳия ва навиштани ҷилдҳои «Таърихи фалсафа», аз ҷумла соли 2013 дар ҷилди сеюм бо мақолаи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», соли 2014 дар ҷилди чорум бо мақолаи «Азизуддин Насафӣ» ва соли 2021 дар ҷилди сеюм бо мақолаи «Абубакри Боқилонӣ» саҳм гузоштааст.Ў аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб вазифаи мудири шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқро ба ўҳда дорад.

Илова бар ин, аз соли 2001 то соли 2019 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон аз фанни фалсафа (аз рўи 0,5 басти корӣ) ба фаъолияти таълимӣ машғул будааст.Соли 2024 монографияи ў зери унвони «Философские воззрения Азизуддина Насафи» рўи кор омадааст. Инчунин мақолаҳои зиёди илмию оммавияш ба нашр расидаанд.

Абилзода Гуландом Сардор. Абилзода Гуландом Сардор номзади илмҳои фалсафа, дотсент, шахсияти шинохтаи илм ва маориф, яке аз бонувони файласуфест ки бо идома додани мактаби фалсафии чеҳраи дурахшони фалсафаи муосири тоҷик, д.и.ф., профессор Мунзифа Ғаффорова дар илмҳои ҷомеашиносии тоҷик эътироф гардидааст. Ин зани равшанфикр ва боистеъдод ба дастовардҳои зиёде дар илм муваффақ шуда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Духовно-нравственные основы семьи», дар Донишгоҳи Давлатии омўзгории Тоҷикистон соли 2011 ҳимоя кард. Ҳангоми фаъолияти илмӣ дар донишгоҳи номбурда, чанд дастури таълимӣ ва китобу монографияҳо, аз ҷумла «Равшангари дилҳо», “Сотсиологияи идоракунӣ” (дар ҳаммуаллифӣ), Китоби таълимӣ, “Этикаи маъмурӣ”. (Дастури таълимӣ-методӣ), “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, “Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Китоби дарсӣ ва беш аз 70 мақолаи илмӣ ва 50 мақолаи илмӣ - оммавиро ба нашр расонид. Иброҳимова Садбарг.

Иброҳимова Садбарг Ҳадиятулоевна номзади илмӣ фалсафа, ходими калони илмӣ, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ дорад. Би қатори ин мақолаҳои илмӣ «Аҳамияти онтологӣ ва гносеологӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ», «Баъзе масъалаҳои маърифатӣ ва ахлоқӣ дар ҷаҳони муосир», «Масъалаҳои онтологӣ ва гносеологӣ дар фалсафаи муосир», «Ахлоқ ҳамчун ҷузъи таркибии ҷаҳонбинии фалсафӣ, «Ҷойгоҳи ахлоқ дар таълимоти Абу Мансури Мотуридии Самарқандӣ». Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Аз соли 2010 ба ҳайси котиби илмӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, ҳамзамон дар маҷаллаи «Ахбор»-и Институт ба ҳайси масъули таҳиягар фаъолият намудааст. Соли 2011-2021 дар вазифаи мутахассис доир ба кор бо аспирантон ва унвонҷўён кору фаъолият кардааст. Рисолаи номзадиашро 18-январи соли 2019 дар Шурои диссертатсионии ВАК-и Россия, дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Андешаҳои ахлоқӣ аз нигоҳи Абумансури Мотуридӣ” аз рўи ихтисоси 09.00.03-таърихи фалсафа дифоъ намудааст.Аз соли 2021 ба ҳайси ходими калони илмӣ дар Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ то ҳол кор ва фаъолият намуда истодааст.

Иброҳимова С.Ҳ. аз рўи лоиҳаи панҷсолаи шуъба “Ташаккул ва инкишофи ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ” ба таҳқиқоти мавзўи “Консепсияи ахлоқии Мискавайҳ ва таъсири он дар ташаккули ҳувияти ҷомеаи муосири тоҷик” машғул мебошад.Ҳамин тариқ, дар давраи муосир занони олима ва ихтироъкор дар соҳаҳои гуногуни илм, ба вижа илмҳои дақиқ (математика ва мантиқ), илмҳои табиатшиносӣ, физика, химия, биология ва илмҳои гуманитарӣ, таърих, фалсафа, ахлоқ ва зебошиносӣ илмҳои ҳаёти моро ҳадди ақал якуним аср инҷониб ташаккул дода, саҳми ин олимаҳо, аз ҷумла Илария Райкова - олими биология, ҷуғрофия, помиршинос, Яъқубова Муҳиба Муҳсиновна - академик, Қосимова Мукаррама доктори илмҳои филологӣ, олими варзидаи соҳаи забоншиносӣ, Гулчеҳра Қоҳирова ситорашинос, Светлана Герасименко ситорашинос, Нисо Ҷумъаева профессор, доктори илмҳои тиб, София Ҳакимова доктори илмҳои тиб, профессор ва дигарронро баробари занони ихтироъкори сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди Мария Кюри, Розалинд Франклин, Лиза Мейтнер, Ҳеди Ламарр, Кристиана Нюсляйн – Фолхард, Ада Лавлейс, Гертурда Элион, Мери Эннинг, Дороти Ходжкин, Ҳабибуллоева Октябрина, Раҳимова Мубаширхон, Давлатшоева Ҷаҳонгул, Қудратова Латофат, Қурбонова Муқаддас, Ваҳобова Раънохон, Қурбонова Муқаддас, Мабатқадамзода Кимё Сабзқадам ва Аловиддинзода Рухшона метавон дар саҳифаҳои таърих бо ифтихор дарҷ гарданд. Зимни ин изҳороти саҳеҳу матлуб роҷеъ ба вуҷудияти зарур будани зан дар ҷомеа имконпазир аст, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илм фалсафа, мантиқ, таърих, фарҳанг, сиёсат, иқтисод, биолигия, тиҷорат ва ғайра маъсулиятнок ҳастанд, зеро онҳо аз замонҳои антиқа то ба имрўз дар рушду нумўи ҳаёти аҳли башар нақши муҳиму боризе доранд.

Дар интиҳо бояд қайд намуд, ки танҳо зани оқилу донишманд метавонад бо донишу маърифати худ дар ҷомеаи барои шароити фароҳаме, ки ба ягонагӣ, иттиҳод, созандагию сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат мерасонад, саҳмгузор бошад. Бонувони номбурда дар рушду такомули илму фалсафаи тоҷик саҳмгузорӣ намуда, саъю талош доранд, ки онҳо низ дар баробари дигар занони маърифатпарвари дунё бо рўҳияи равшанфикрӣ ва иродаи нисбатан озод барои ҳифозати илму маориф ва истиқлолу ваҳдати миллӣ амалу фаъолияти хешро нишон диҳанд. Бонувони муҳаққиқи ҷумҳурӣ имрӯзҳо фаъолияти самараноки илмиву таҳқиқотӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ бурда, ҳамзамон дар рушду нумӯи илму маориф ва омӯзиши таърихи пурғановати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тарбияи ватандўстию худшиносии миллии наврасону ҷавонон нақши муассир мегузоранд.

Бандалиева Ш.Н. - н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123