Skip to main content
Навид

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 3-уми апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами сотсиологияи муосир дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсия ба фаъолияти узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор Шоназар Шоисматуллоев бахшида шуда, муҳаққиқону олимони соҳаҳои гуногуни илмро гирди ҳам овард.

Мақолаҳо

КОМЁБИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ ДАР ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МАҚОЛА” БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ!

Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ унвонҷӯи шӯъбаи сиёсатшиносӣ Нусратова Шаҳнозаро ба муносибати сазовори ҷойи сеюм гардидан дар озмуни “Беҳтарин мақола”, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид, самимона табрик ва таҳният менамояд.

Ин дастоварди арзанда таҷассумгари фарҳанги волои китобдӯстӣ, ҷаҳонбинии фарох, тафаккури таҳлилӣ ва эҳсоси баланди масъулияти илмии Шумо буда, аз муносибати амиқу созанда ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои дерини фарҳангӣ шаҳо

23121