КОМЁБИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ ДАР ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МАҚОЛА” БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ!
Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ унвонҷӯи шӯъбаи сиёсатшиносӣ Нусратова Шаҳнозаро ба муносибати сазовори ҷойи сеюм гардидан дар озмуни “Беҳтарин мақола”, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид, самимона табрик ва таҳният менамояд.
Ин дастоварди арзанда таҷассумгари фарҳанги волои китобдӯстӣ, ҷаҳонбинии фарох, тафаккури таҳлилӣ ва эҳсоси баланди масъулияти илмии Шумо буда, аз муносибати амиқу созанда ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои дерини фарҳангӣ шаҳодат медиҳад.
Муваффақияти Шумо на танҳо комёбии шахсӣ, балки ифодагари сатҳи баланди муҳити илмии институт ва намунаи ибрат барои ҷавонони соҳибандеша ва муҳаққиқони ҷавон мебошад. Ин гуна дастовардҳо дар таҳкими фазои маърифатӣ, рушди андешаи илмӣ ва тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос нақши муҳим доранд.
Итминон дорем, ки ин қадами устувор дар масири камолоти илмии Шумо заминаи мусоид барои дастовардҳои боз ҳам назаррас, таҳқиқоти арзишманд ва татбиқи ғояҳои навоварона дар оянда хоҳад гардид.
Бо таманниёти беҳтарин сиҳатмандии бардавом, илҳоми эҷодӣ, неруи тоза, устуворӣ дар роҳи донишандӯзӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат. Бигзор ҳар як муваффақияти Шумо мояи ифтихори институт ва ҷомеаи илмии кишвар бошад!
