Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба устод Саломиён Муҳаммаддовуд, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати фавти #ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.
Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ
Санаи ҳимоя: 24.11.2023, соати 13.00
Санаи ҷойгиркунӣ: 20.09.2023
Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-005
оид ба ҳимояи диссертатсия эълон менамояд.
Диссертатсия дар мавзӯи "МАСЪАЛАҲОИ МОДАРӢ ДАР ОИЛАҲОИ НОПУРРАИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН"
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. дода шуд. Устод Маҳмадизода Н.Д. нисбати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай бар зидди мубориза ба экстремизм ва терроризм сухан ронда иброз намуданд, ки чунин ҳамкориҳо дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосир муҳим ва рузмарраанд. Дар поёни суханронии хеш ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хостанд.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи аввали семинар, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. пешниҳод намуданд.
Санаи 17 сентябри соли равон бо иштироки магистрон ва докторантони PhD - и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ доир гардид.
Имрӯз (17.09.2024) бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзӯи "ХИРАД ВА ДИН" миззи мудаввар баргузор гардид. Дар миззи мудаввар доктор Башир Азизи оиди мавзуи болозикр баромади илмӣ намуда, андешаҳои худро ба саҳми ҳозирин расонд. Баъд аз гузориши илмӣ оиди мавзӯи мазкур олимону муҳаққиқон ва магистрон доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ ибрози андеша ва баҳсҳо намуданд.
13 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло – муовини аввали вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.