Саҳми профессор Шоназар Шоисматуллоев дар рушди илми сотсиологияи ватанӣ
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш нагашта, ҳамеша дар ёдҳо боқӣ мемонад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми тамоми олам гардидааст. Ин бузургон бо таҳлилу баррасиҳои амиқи худ дар соҳаҳои алоҳидаи илм саҳми сазовор гузоштаанд. Охири асри XX ва аввали асри XXl низ дорои чунин бузургон ва абармардони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.