Skip to main content
Шахсиятҳо

Садоқату ҷасорат мароми зиндагиаш буд

  Дар бораи фаъолияти олими муътабар Суҳроб Шарипов бисёр навиштаанд. Зеро номбурда дар дилхоҳ мақоме, ки фаъолият дошт, худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон дода буд. Ӯ баробари ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул будан, роҳу равиши фаъолиятро бо назардош­ти пешрафти ҷомеа ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маҷрои нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад.

Шахсиятҳо

Суҳроб Шарипов ва саҳми ӯ дар рушди фалсафаи сиёсӣ дар Тоҷикистон

   19 январи соли 2023 аз даргузашти  муҳаққиқ ва сиёсатмадори тоҷик  шодравон Суҳроб Ибронович Шарипов  8 сипарӣ мегардад. Бо вуҷуди  умри  кӯтоҳи пурфайзи  худ  доктори илмҳои сиёсӣ  Суҳроб Шарипов дар рушди афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ дар фазои  илмиии  Тоҷикистон  саҳми арзанда  гузошта, мероси илмии ӯ барои рушди минбаъдаи илмҳои  ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа  заминаи бунёдӣ маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарипов яке  аз аввалин муҳаққиқоне  дар  Тоҷикистон аст,ки ба масъалаҳои мубрами фалсафаи сиёсӣ  машғул гардида,   монография ва мақолҳои илмӣ эҷод намудааст.

Шахсиятҳо

Академик А. Баҳоваддинов аз дидгоҳи муҳаққиқони тоҷик

 Таърихи тамаддуни ҳар як миллат бо фарҳангу суннат ва чеҳраҳои тобони хеш зинда аст ва ин чеҳраҳо ҳувияту фарҳанги суннатӣ-миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуну рушди миллатро барои насли имрӯзаву баъдина ҳифз намудаанд.

3123123