ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПАДИДАИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
Табиатан, расму оин, кешу мазҳаб, забон, иқтисод, марзу бум, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, хештаншиносию худогоҳӣ ва дигар муқаддасот ҷавҳар ва бақои ҳар як миллат маҳсуб мешаванд ва ҳар як миллати воҳид маҳз ба василаи ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.
Бавижа, таъмини сулҳу субот, амну осоиштагӣ ва дар доираи татбиқи принсипи ваҳдатгаройӣ ташаккул ва рушд додани ҷомеа, нойил шудан ба дастовезу муваффақиятҳо барои мардуми тоҷик як мактаби сиёсӣ, давлатдории аз саргаҳи таърих маншаъгирифта, ба ҳисоб мерафт. Ба маънии дигар, аз оғози таърих низоми давлатдории тоҷикон бар пояи ҳифозат аз сулҳу субот, таблиғи ғояи ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва ғайра побарҷо буд.
Дар робита бо ин, мардуми маърифатдӯсту тамаддунофари тоҷик новобаста аз тағйироту дигаргуниҳои ҷомеаи муосир ва вусъат касб кардани раванди бархӯрди тамаддунҳо аз як таарф, анъанаҳои волои гузаштагони хешро ҳифз ва соҳибӣ карда, бо такя ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ин принсипро идома дода, мардуми худро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ, хештаншиносию бедории миллӣ ҳидоят карда, ба сӯйи тамаддуни пешрафтаи умумибашарӣ қадамҳои устувор гузошт.
Аз тарафи дигар, дарк кард, ки ҳудуду қаламрави зӯру зар маҳдуд аст, зеро миллатеро метавон ба василаи зӯрӣ мутеъ кард, аммо бо зӯрӣ наметавон ихлосу имон, бовариву эътиқод, андешаву ҷаҳонбинӣ ва дигар эҳсосоти ғоявии ӯро дар як муддати кӯтоҳ мусаххару побанди идеологияи худ гардонид.
Барои ҳамин ҳам мағлубият ва шикасти низомӣ ин шикаст ё мағлубияти ниҳоӣ нест, шикасти ниҳоӣ шикасти унсурҳои ғоявӣ, миллӣ ва фарҳангии ҳар як миллат аст, ки баробари аз байн рафтан ва баегона гаштани онҳо миллат тадриҷан аз байн меравад.
Агар чунин намебуд, номи миллати тоҷик дар тӯли қарнҳои гузашта, ки зери низоми идораи сиёсии дигар ақвом қарор дошт, кайҳо ба корзинаи таърихӣ фиристода мешуд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо назардошти устувор будан дар ақида, андеша, забон, расму ойин, илму фарҳанг ва дигар арзишҳои ғоявӣ на ин ки аз байн нарафт, балки рушду такомул ёфта, худро ба оламиён ҳамчун як миллати бофарҳангу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ, некандешу мутамаддин муаррифӣ карда тавонист.
Махсусан, ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар назди мардуми фарҳангофару соҳибдавлати тоҷик бинобар сабаби аз ҷониби хоинони миллат ва хоҷагони хориҷӣ афкандани шуълаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари ҷиддиро барои нобудии миллат, фарҳанг, марзу буми кишвар таҳдид мекард, вазифа ва масъулияти хеле муҳим ва ояндасозро пеш гузошт, ки арзишмандтарини он тақвият бахшидани фарҳанги сулҳ ва ба ҳамдигар омадан, сарҷамъ гаштани мардуми муҳоҷиршуда, парешону ҳайрон ба ҳисоб мерафт. Зеро, ин ҷанг барои миллат, ҳар як хонаводаи тоҷик хисороти зиёди ҷонию молиро ворид кард.
Ҷони ҳазорон ҷавони донишманду бедордили миллат, афроди гумроҳгаштаро, ки аз заифии ақлӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ ба таблиғгари амалу идеяи хоинони миллат табдил ёфта буданд, рабуд.
Боиси хушнудӣ ва қадр кардан аст, ки миллати сулҳпарвару боиродати тоҷик аз ин ҳодисаи мудҳиши давр заҳри талхи ҷангу хусуматро чашида, ба зудӣ дарк кард, ки танҳо ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, ҳамдилӣ, ҳамрайъӣ ва амсоли инҳо боиси наҷоту раҳоии халқу миллат ва омили асосии пойдории сарзамину давлати миллӣ ва махсусан истиқлолияти кишвар буда метавонад.
Барои ҳамин ҳам ҷонибҳои ба ҳам мухолиф, кулли нерӯҳои созандаву солими ҷомеа тамоми қудрату тавоноии худро барои хотима бахшидани ин ҷанги безафар сафарбар намуда, бо вуҷуди ҷой доштани душвориҳо ба ин армони наҷибу мақсади тақдирсоз нойил гашта, аз сулҳ ҳарф заданд ва сулҳро дар кишвар рамзи хушбахтию шодӣ, тантанаву сурур таъмин карданд.
Аз ин рӯ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27-уми моҳи июни соли 1997 ба сифати рӯзи таърихӣ, ҷашни ваҳдати миллӣ як саҳифаи нодир, рӯзи расидан ба зиндагии нав, таъмин гаштани сулҳи саросариро дар Тоҷикистони азиз боз намуд, ки барои ҳар як фарзанди содиқу солеҳи Ватан он ҳамчун рӯзи муборак, муқаддас дар хотираи таърихиашон нақш баст.
Пеш аз ҳама бо талоши мудаввом, шафоату шарофат, бедорхобию ҷоннисорӣ, ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мубаддал гардонида шуд.
Инчунин, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти барои ояндаи рушди кишвар, татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии давлат, интихоби самтҳои минбаъдаи рушди ҷомеа, таҳияи барномаву консепсияҳо, тарҳрезӣ кардани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро ба вуҷуд овард. Идеяи ваҳдати миллӣ, ки бехаш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба соҳаи иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум фазояшро васеъ кард. Ё чӣ тавре Пешвои миллат ҳанӯз дар он давра қайд карда буданд «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Аз ин андеша баръало мушаххас карда метвонем, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақои миллат ва устувории ваҳдати миллӣ ба сифати заминаи бунёдии тарҳрезии модели сулҳофарӣ ва ташаккул додани консепсияи ваҳдати миллӣ нақши мондагор бозид.
Бахусус, сиёсати оқилонаю созандаи Пешвои миллат дар ҳаёти ҷомеаи тозаистиқлол, фазои амну субот ба он мусоидат кард, ки муҳити бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам ояд. Бинобар ин, ин иқдоми наҷиб омиле маҳсуб ёфт, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталифи дар кишвар фаъолияткунанда кушиши худро барои ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо равона созанд.
Яъне Ваҳдати миллӣ ва идеяҳои ваҳтадгироии Пешвои миллат мусоидат карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонӣ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, пешниҳоди проблемаҳои мубрами ҷомеаи муосир дар самти соҳаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, ташаккули фарҳанги экологӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизми динӣ, ба сифати ёдгориҳои арзишманди таърихӣ ба рӯйхати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил кардани бозёфтҳои фарҳангии кишвар ва ғайра ба дастовардҳои назаррас нойил гардад.
Ҳамин тавр, дар асоси далелҳои ҷойдошта ва дигар корҳои шоистаи анҷомдода месазад таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Мактаби сулҳофарӣ ва таҷрибаи давлатдории ӯ намунаи олӣ ва ифодакунандаи симои воқеии сарвари сиёсӣ дар ҷомеаи муосири башарӣ мебошад.
Самиев Б.Ҷ. - доктори илмҳои фалсафа, профессор мудири шуъбаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ