ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Дар суханронияш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо тероризм ва эксремизмро ҳамчун масъалае, ки доғи рӯзи ҷаҳонӣ гардидаасту ба мазҳабу дин ҳеҷ робитае надорад қайд намудааст. Сари роҳи онро гирифтан вазифаи ҳар фарди бошуур мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрузҳо дар ҷаҳон равандҳои гуногуни хатаровар авҷ гирифта истодааст, ки яке аз онҳо ин экстремизму терроризм мебошад. Ин падидаи номатлуб аз давраҳои дури таърихӣ шуруъ шуда дар замони муосир хусусияти глобалӣ касб кардааст ва таъсироти манфиашро тамоми кишварҳо эҳсос намуда истодаанд.