ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИНАИ ТАЪРИХУ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКОН
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёи Душанбе.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест дар домони кӯҳҳои сарбафалак. Давлатест, ки бо доштани маконҳои дилфиребу дилнишин ва назаррабо таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, бо доштани табиати нотакрор ба оламиён маҳбубу маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масълаи сайёҳӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар шаҳру навоҳии мамлакат барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароит фароҳам месозад.
Тули чанд соли охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизи мо ба марҳалаи рушду пешравӣ ба таври бесобиқа ворид гаштааст.
Дар як марҳилаи начандон тулонӣ, дар баробари бо гулу дарахтони зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт, даҳҳо боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо шароити муосир ва тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарии сокинони пойтахт қарор гирифтанд. Имрӯз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии “Истиқлол”, “Ҷавонон”, “Кӯли ҷавонон”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Аҳмади Дониш”, “Садриддин Айнӣ”, “Умари Хайём” ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез ва гулбадомон гардида, ба макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии ҳамарӯзаи сокинони мамлакат табдил ёфтаанд.
Дар робита ба ин баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рўзи Пойтахт, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати зебою озода намудани шаҳри Душанбе, тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои истиќоматию таълимӣ, гулзоркунии саҳн ва гирду атрофи донишгоҳҳо ва қитъаҳои вобасташуда, боз ҳам зеботару муаттар гардонидани фазои пойтахт ҳамарӯза шанбегиҳо баргузор мегарданд.
Ҳамаи ин мусоидат ба он намуд, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш бо ҳидоятҳои роҳбари хирадманду сипоҳсолор, хислатҳои зебоипарастӣ, тозагию озодагӣ, бо маънавиёти баланди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқу рафтори ҳамида ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ Душанбешаҳрро ба «шаҳри накӯкорон» табдил дод ва барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард.
Шаҳри Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан ҳамчун падидаҳои дигари бузурги фарҳанги шаҳрдории мо онро машҳури дунё мегардонанд. Акнун пойтахти кишвари азизи мо ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, чун шаҳрҳои дигари замонавӣ ва пешрафтаи ҷаҳон макони дилфиреби сокинони мамлакат мебошад.
Дар ҷавоб бар ин, мо – сокинони пойтахт ва умуман кулли шаҳрвандони кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз ободиву осудагӣ бо риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон минбаъд беш аз пеш кӯшишу талош менамоем.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Бащоваддинови АМИТ