Skip to main content

ПИРЯХҲО ВА ХИФЗИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

123(дар ҳошияи Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, шаҳри Душанбе, 30.05.2025)

Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонӣ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки санаи 29 то 31 майи соли равон дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки Конфронси мазкур дар ҳошияи ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир гардид.

Дар конфронс шумораи васеи коршиносонро аз минтақаҳои гуногуни олам ба ҳам овард. Дар кори конфронс беш аз 2500 нафар намояндаҳо аз 80 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Дар чаҳорчӯби конфронс 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ, 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешаванд, ки зимни онҳо ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо марбут ба ҳамоиш таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти ин, кишвари мо дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид доштанд: «Дар баробари ин мамлакати мо ба масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони мо таваҷҷуҳи хоса дорад».

Ҳамзамон бо ибтикори кишвари мо, аз ҷумла дар соли 2016, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид. Асоси ин талошҳо суръат бахшидан ба амалҳои соҳаи об барои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор мебошад. Бояд афзуд, ки тамоми мақсадҳои кишвари мо ҷиҳати рафъи оқибатҳои экологӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳони буда, характери олӣ доранд ва тамоми чорабиниҳо бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дурнамои миёнамуҳлат ва пешбинишудаи ин бахшро фаро мегиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо оид ба иқлими об Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад.

Зимнан ҳамаи кӯшишҳои сарвари давлат ва ҳукумати кишвар натиҷа доданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антони Гутерриш ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намудада, дар он Пешвои Миллатро ба муносибати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шодбош намуда, афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар пешбурди ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ҷонибдори фаъоли ҳалли масъалаҳои таъмини мардум бо оби тоза ва мубориза бо тағйири иқлим мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълони 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Таъсиси фонди байналмилали дар СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;

– Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.

Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои он ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгири меёбад. Мо насли ҷавони кишвар аз он ифтихормандем, ки ташаббусҳои башардӯстона ва иқдомотҳои беназири байналмилалии роҳбари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳон пайваста дастгириву ҳамовози пайдо мекунад.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123