Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Кормандони муҳтарам ва ҳамватанони азиз!

Бо камоли шодмонӣ фарорасии иди саиди Қурбонро, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусалмони мо мебошад, воқеан бар маромҳои инсондӯстиву мурувват ва ваҳдату меҳрубонӣ бунёд ёфтааст, бароятон табрику таҳният мегӯям.

Иди Қурбон барои мардуми шарафманди мо иди садоқат, имон, шафқат ва саховатмандӣ мебошад. Дар ин рӯз кулли мусулмонони кишвар ва дунё ғизо ва туҳфаҳоро бо фақирону ниёзмандон тақсим намуда, моҳияти ҳамбастагӣ ва кӯмаки башардӯстонаро таъқид месозанд.

Дар ин рӯз барои ҳар як фарди инсондӯст фурсат фароҳам оварда мешавад, то нисбати наздикону пайвандон ва атрофиёнамон дилсӯзӣ баён карда, саховатмандӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз имкон пайдо мегардад, ки ихтилофот бартараф шуда, одамон дар руҳияи сулҳу таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ муттаҳид шаванд.

Ҳамин тавр ин рӯзи фараҳбахш ба таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мусоидат карда, дар ин айём мардум гирди ҳам омада, ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. Қурбонӣ, ки яке аз оинҳои аслии ид ба шумор меравад, барои кӯмак ба ниёзмандон равона шудааст. Ин як амалест, ки масъулияти иҷтимоии ҳар як шаҳрвандро дар ғамхорӣ нисбат ба атрофиён баланд мегардонад.

Дар ин замина, бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Яъне мардуми шарифи мо дар ин рӯзҳо бештар ба навозиши дилшикастагон, ятимону бепарасторон ва ниёзмандон мепардозанд.

Итминони комил дорам, ки он ҳама сабақу илҳоме, ки ин Ид ба мо талқину ҳидоят менамояд, минбаъд барои дучанд боло рафтани самара ва маҳсулнокии фаъолияти меҳнати бунёдкоронаи мо мусоидат хоҳанд намуд. Ватанпарварӣ ва ҳисси худшиносии мо афзун гардида, барои зиндагии осудаву хуррам ва шоиставу арзанда боз як қадами муҳим мегардад.

Фарорасии Иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи Шумо табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод ва сарбаландӣ хоҳонам.

Иди саиди Қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123