ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАВҚЕИ МУҲИМ ДОРАД
Дар шароити рушди сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ҳамчун самти афзалиятноки давлатдорӣ қарор доранд. Ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ба таври возеҳу равшан зикр шудааст.
Шуғл на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки ҳаёти иҷтимоӣ, масъулияти давлат ва кафолати зиндагии арзанда барои шаҳрвандонро низ дар бар мегирад. Паём ин ҷанбаҳоро ҳамчун шаффофу мушаххас ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Президенти мамлакат дар Паёми худ таъкид карданд, ки ҳамкориҳои самараноки мақомоти давлатӣ ва ҳадафҳои иҷтимоӣ бояд барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ равона гарданд. Ин нишон медиҳад, ки давлат шуғли аҳолиро ҳамчун яке аз вазифаҳои стратегии худ мешуморад.
Роҳбари давлат қайд намуданд, ки давлат ба масъалаи таъмини шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Ин иқдом дар пасманзари рушди иҷтимоии кишвар маънои онро дорад, ки давлат мехоҳад ҳар як шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин шавад, ба ин восита сатҳи некуаҳволии иҷтимоӣ ва ҳаёти осоишта таъмин гардад.
Паёми соли 2025 барои соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ роҳи мушаххас ва қадамҳои амалиро муайян мекунад, аз ҷумла:
-
Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст, ки дар ҳаҷми зиёд ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад, ки ин мақсад ба рушди иқтисодӣ ва паст шудани бекорӣ мусоидат мекунад.
-
Барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва афзоиши соҳибкорӣ пешниҳод шудааст, ки музди меҳнат ва нафақаҳо баланд карда шаванд ва сатҳи ҳадди ақали маош дар тамоми соҳаҳо муайян карда шавад.
Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки давлат дар баробари ҷалби аҳолӣ ба шуғл ҳамчунин ба мустаҳкам намудани ҳоли иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум аҳамияти зиёд медиҳад. Дар Паёми Президенти кишвар ишора гардид, ки ҳукумат дар чаҳорчӯби сиёсати пешгирифтаи худ як қатор корҳоро анҷом медиҳад аз ҷумла;
-
маблағгузорӣ ба барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисод ва ташкили ҷойҳои навикорӣ;
-
таваҷҷуҳ ба шароити мусоид барои соҳибкорӣ, истеҳсол ва хизматрасонӣ;
-
дар минтақаҳо барои занону ҷавонон имкониятҳои нави шуғл фароҳам овардан.
Ин раванд нишон медиҳад, ки давлат барои таъмин кардани занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад. Дар Паёми соли 2025 ба самти баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Президенти кишвар таъкид карданд:
“Мо бояд барои беҳтар гардидани шароити зиндагии шаҳрвандон, бахусус кормандони соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.”
Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат меъёрҳои нави иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба мақсадҳои шуғл ва фароҳам овардани маоши муносиб ва шароити кор барои боз ҳам зиёд кардани сатҳи зиндагӣ пайваст сохтааст.
Паём инчунин ба масъалаи омӯзиши касбӣ ва бозомӯзӣ таваҷҷуҳ кардааст, ки барои интиқоли аҳолӣ ба бозори кор зарур аст. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо ҷойҳо ташкил мешаванд, балки соҳибкасбгардонӣ ва баланд шудани қобилияти рақобатии корҷӯён ҳамчун муваффақиятҳои сиёсати шуғл арзёбӣ мешавад.
Ин раванд ба таъмини шакли устувори шуғли доимӣ мусоидат мекунад, зеро корҷӯён бо ихтисосҳои талаботнок омода мешаванд ва аз имкониятҳои бозори меҳнат самаранок истифода мебаранд.
Ҳамчун натиҷа, аз суханронии Президенти кишвар дар Паёми соли 2025 метавон гуфт, ки шуғли аҳолӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад, ки барои паст кардани бекорӣ ва таъмини зиндагии арзанда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешавад, иқдомҳои беҳдоштӣ ва таълимӣ барои беҳтар намудани сифати кор ва қобилияти рақобатӣ таъсири мусбӣ доранд, баланд бардоштани музди меҳнат ва арзиши коҳишёбии камбизоатӣ ба шароити зиндагии мардум таъсири мустақим доранд, омӯзиши касбӣ ва рушди қудрати меҳнатӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ва устувор нақши муҳим доранд.
Вобаста ба ҳолати мазкур гуфтан мумкин аст, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат аст. Ин сиёсати мушаххас барои фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ тадбирҳои амалӣ пешниҳод мекунад, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва эҳёи иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои таъмини фардои беҳтар барои ҳар як сокини кишвар замина фароҳам меорад.
Пайомади ин амалҳо барои рушди иқтисод, паст кардани камбизоатӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти стратегӣ дорад ва нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи рӯйдодҳои созанда ва иҷтимоӣ устувор қадам мемонад.
Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад докторанти соли 3-юми Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

