Skip to main content

Нақши созмонҳои байналмиллалӣ дар раванди сулҳи тоҷикон

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 28-солагии Истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ қарор доранд рӯйдоди сарнавиштсозе, ки заминаи суботу пешрафти кишварро дар тӯли даҳсолаҳои охир таъмин намуд. Бояд ёдовар шуд, ки истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи заҳмату талошҳои пайваста ва ҳушмандонаи роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ирода ва хиради халқи барӯманди тоҷик маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, набояд аз хотир дур сохт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии дӯсту шарик, ки дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон ҳамчун нозир ва миёнрав иштирок намуданд, саҳми назаррас гузоштаанд. Мардум ва давлатдории Тоҷикистон миннатпазирии амиқи худро аз ёрии беғаразонаи он кишварҳо ва созмонҳое, ки дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гузоштанд, изҳор медоранд. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, ҳадаф аз ин таҳлил баррасии нақши созмонҳои байналмилалӣ дар раванди сулҳи тоҷикон ва арзёбии саҳми онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Аввалин муассисаҳои байналмилалие, ки ба вазъи низоъбарангези Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар равандҳои ба ҳам наздик кардани ҷонибҳо ва ташкили музокироти байни тоҷикон нақши муассир бозиданд, Бунёди Кеттеринг (ИМА) ва Маркази таҳқиқоти стратегии Федератсияи Русия буданд. Бо ибтикори ин ду муассиса лоиҳае таҳия гардид, ки баъдан бо номи «Ташаббуси сулҳофарини амрикоӣ-русӣ» маъруф шуд. Дар доираи ин ташаббус, моҳи апрели соли 1993, Конфронси Дартмут таъсис ёфт, ки ҳамчун платформаи бефишор ва ҳадафманд барои муколамаи байни тоҷикон хизмат намуд. Дар доираи кори конфронс, равандҳои музокиротӣ ба ду бахши асосӣ тақсим шуданд:

Баррасии мушкилоти муайян ва омилҳои низоангез, ки сабаби асосии муноқишаҳои дохилӣ буданд;

Ташаккули дарки мутақобилаи беҳтари ҷонибҳо, ки барои бартараф намудани нобоварӣ ва эҷоди заминаи муколамаи созанда мусоидат мекард.

Дар музокирот чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон аз ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷараёнҳои таъсиргузор иштирок доштанд. Ҷониби сеюм миёнравон, ки асосан намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Федератсияи Русияро дар бар мегирифтанд, ба ҳайси мусоидаткунандагони музокирот амал мекарданд ва дар таҳкими муҳити эътимод нақши муҳим доштанд.

Муколамаи байни тоҷикон, ки дар марҳилаҳои гуногуни раванди гуфтушунид баргузор гардид, ҳамчун як механизми муассири дипломатияи ғайрирасмӣ (информалӣ) дар наздиксозии мавқеъҳои мухталифи сиёсӣ, таҳкими фаҳмиши мутақобила ва коҳиши шиддати низоъ хизмат намуд. Ин раванд бо ҷалби васеи шахсиятҳои таъсиргузори сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, имкони муҳокимаи озодонаи масъалаҳои ҳассоси миллиро фароҳам овард. Дар натиҷа, чунин муколама заминаи воқеӣ ва устуворро барои оғози гуфтушунидҳои расмии байни ҷонибҳо ва дар ниҳоят, барои расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам сохт.

  Марҳилаи аввал (19931994): Муколамаи байни тоҷикон дар ин марҳила ҳамчун заминаи муҳим барои оғози гуфтушунидҳои расмӣ хидмат кард. Ин давра, ки бо ташаббуси муассисаҳои байналмилалӣ ва бо иштироки ҷонибҳои мухталифи тоҷик оғоз ёфт, ба марҳилаи омодагӣ ба гуфтушунидҳои расмӣ бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид (аз моҳи апрели соли 1994) асос гузошт.

  Марҳилаи дуюм: Дар ҷараёни вохӯриҳое, ки дар ин марҳила ва ё дар остонаи гуфтушунидҳои расмӣ сурат мегирифтанд, масъалаҳои мубрам ва баҳсбарангез миёни ҷонибҳо баррасӣ мешуданд. Ин муҳит барои ташаккули фаҳмиши муштарак ва ҳалли баъзе ихтилофоти ибтидоӣ кӯмак кард.

  Марҳилаи сеюм (19972000): Дар давраи гузариш ва бунёди оштии миллӣ, нақши Муколама боз ҳам тақвият ёфт. Шахсоне, ки дар ин раванди ғайрирасмӣ фаъолона ширкат доштанд, ба ҳайати музокиракунандагони расмии сулҳи тоҷикон шомил гаштанд. Ин омил ба таъмини пайгирӣ ва устувории раванд кӯмак расонд.

  Марҳилаи чорум: Муколама пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ идома ёфт. Дар ин марҳила, Муколама ҳамчун фазои муҳокимаи озод масъалаҳое хизмат мекард, ки метавонанд раванди татбиқи созишномаро халалдор созанд. Бо ин роҳ, Муколама барои ҳифзи сулҳи устувор ва таҳкими низоми давлатӣ мусоидат намуд.

Яке аз муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ, ки дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва таҳкими сулҳу суботи миллӣ саҳми назаррас гузошт, ин Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошад. Аз соли 1992 инҷониб, СММ ба баррасии қазияи дохилии Тоҷикистон ворид гашта, барои ҳалли мушкилоти низоъ ва эҷоди муҳити гуфтушунид нақши калидӣ бозид.

Намояндагии СММ расман аз моҳи январи соли 1993 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Дар марҳилаи аввал, он бо унвони «Ҳайати нозирони СММ» шинохта мешуд ва вазифаи аслии он назорат аз болои вазъияти амниятӣ ва мусоидат ба барқарорсозии равандҳои сулҳомез буд.

Қобили зикр аст, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997, гуфтушунидҳои байни тоҷикон таҳти сарпарастии бевоситаи СММ баргузор шуданд. Дар ин давра, Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун миёнарави бетараф ва муътабар, бо таъсиси фазои музокиротӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии вохӯриҳо, инчунин бо дастгирии техникӣ ва сиёсӣ ба раванди сулҳи тоҷикон мусоидат намуд.

Натиҷаи бевоситаи ин фаъолиятҳо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» далели равшани комёбии СММ дар иҷрои вазифаи миёнаравии худ мебошад. СММ тавонист дар яке аз мавориди нодири низоъҳои дохилӣ нақши муассири сулҳофарӣ ва бозсозии муносибатҳои миллиро иҷро кунад.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ба таҳқиқ ва баррасии амиқи сабабу омилҳои низои дохилии Тоҷикистон машғул буданд. Онҳо махсусан ба таҳлили омилҳое таваҷҷуҳ медоданд, ки ба раванди сулҳофарӣ ва посдории сулҳ таъсири мусбат ё манфӣ мерасониданд.

Натиҷаи таҳлилҳои онҳо дар шакли гузоришҳои расмӣ ба Дабири кулли СММ ва Шӯрои амнияти СММ пешниҳод мегардид. Ин гузоришҳо на танҳо воситаи муҳими иттилоотӣ буданд, балки ҳамчун механизми таъсиргузор барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи тоҷикон хизмат мекарданд.

Гузоришҳои пешниҳодшуда инчунин шароити заруриро барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли низоъ фароҳам месохтанд. Дар асоси ин гузоришҳо, қарорҳо ва қатъномаҳои муҳиме қабул мегардиданд, ки барои рушди минбаъдаи раванди сулҳофарӣ, дастгирии музокироти сиёсӣ ва татбиқи тадбирҳои посдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти назаррас доштанд.

.Дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нақши калидӣ ва муассирро иҷро намуд. Ин созмон дар якчанд самт фаъолияти ҳамаҷониба анҷом дод, ки муҳимтаринашон чунинанд:

  1. Кӯмак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими сиёсӣ
    СММ дар шеваи танзими сиёсӣ ва мусолиҳаи дохилии низоъ миёни гурӯҳҳои мухталифи тоҷик мусоидат намуд.
  2. Миёнарави асосӣ дар раванди музокирот
    Дар ҷараёни гуфтушунидҳои расмӣ миёни ҳукумати қонунӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ), СММ ба ҳайси миёнарави асосӣ амал карда, тавозуни манфиатҳоро ҳифз менамуд.
  3. Ҳузур дар ҷаласаҳои ИНОТ ба сифати нозир
    Намояндагони СММ дар ҷаласаҳои ИНОТ ҳамчун нозир ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои мавриди баҳс ба ҷонибҳо кумак мерасониданд.
  4. Кӯмак ба баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ
    СММ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба барқарорсозии ҳаёти иҷтимоии гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, инчунин бозгардони онҳо ба макони зисташон мусоидат намуд.
  5. Таҳқиқи риоя нашудани оташбас
    Созмон иттилоотро дар мавриди поймолкунии Созишномаи оташбас ҷамъоварӣ ва таҳқиқ карда, онро ба Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ва дигар сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод менамуд.
  6. Ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи кишварҳои кафил
    СММ фаъолияти гурӯҳи робитаи намояндагони кишварҳои кафилро ҳамоҳанг сохта, аз ҳамкории онҳо дар пуштибонӣ аз сулҳ ва суботи дохилӣ назорат мебурд.
  7. Ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башардӯстона
    Кӯмакҳои башардӯстона, ки тавассути 16 бахши СММ дар давраи гузариш ба Тоҷикистон расонида шуданд, зери ҳамоҳангсозии ҳамин созмон амалӣ мегардиданд.

Яке аз созмонҳои байналмилалии муҳиме, ки дар раванди гуфтушунидҳои байни тоҷикон нақши назаррас бозид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мебошад. Ин созмон аз 19 феврали соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти расмии худро оғоз намуда, яке аз аввалин иқдомоти он барқарорсозии робита бо ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар буд.

Минбаъд, САҲА дар самти таҳкими институтҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин рушди раванди демократиясозии ҷомеаи Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ва лоиҳаҳоро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар таҳияи Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмон маслиҳатҳои ҳуқуқии муҳим пешниҳод кард.

Ҳамзамон, САҲА як силсила семинарҳои минтақавиро оид ба таҳкими боварӣ ва эътимоди байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор намуд. Ин созмон инчунин иҷрои ӯҳдадориҳо дар самти риояи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳуқуқи муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезаҳо, низ зери назорат қарор медод.

САҲА ба масъалаҳои таъмини амният, пешгирии низоъҳо, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва рушди ниҳодҳои демократӣ диққати махсус зоҳир мекард. Ба доираи ваколатҳои он ҳамчунин кӯмак дар амалӣ кардани ислоҳоти қонунгузорӣ ва иқтисодӣ, инчунин дастгирии воситаҳои ахбори омма дар марҳалаи пасоихтилофии Тоҷикистон дохил мешуд.

Ин созмон дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар Тоҷикистон ҳамчун як шарики муҳим дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таҳкими сулҳу субот шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо барқарор намуд. Аммо аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 як қатор монеаҳо ба миён омаданд, ки рушди ин равобитро ба қафо андохтанд. Новобаста аз ин, Иттиҳоди Аврупо барои густариши муносибатҳои худ бо Тоҷикистон иқдомҳои муассирро пеш гирифт. Аз ҷумла, соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи барномаи ТАСИС (TACIS) амалан шурӯъ гардид, ки ҳадафи асосии он барқарории сулҳ ва суботи сиёсӣ дар кишвар буд.Ин барнома барои истиқрори мусолиҳа ва эҳёи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда буд. То соли 1997 се тарҳи бузург дар бахшҳои кишоварзию энергетикӣ ва ду лоиҳа дар соҳаи маориф амалӣ шуд. Мақсади асосии аз лоиҳа бахши энергетика, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба сохтмони неругоҳи обию барқии Сангтуда буд. Раёсати башардустонаи Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зиёде барои амалӣ гардидани тарҳҳо пешниҳод кард.

Бо мақсали рушди ҳамкориҳо аз тарафи Иттиҳоди Аврупо миллион евро барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ, гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ кумаки башардустона пешниҳод кард.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва махсусан дар давраи баъди низои аз тарафи як қатор ташкилотҳои иқтисодии байнанмиллалии, ба монанди Бунёди байнанимиллали асъор,  Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд, Бонки исломии Рушд дастгирӣ ёфт. 10 миллион доллар қарзи Бонки ҷаҳонӣ дар барқарор кардани иншоотҳои харобгардида  хеле самаранок истифода шуд. Дар барқарорсозии  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Исломии Рушд саҳми босазо гузоштанд Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди роҳҳо, таъмиру сохтумони мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, обёрӣ ва ободонии заминҳо ва беҳтаргардонии хизматрасонии обтаъминкуни гаранту қарзҳо пешниҳод кардааст.

Созмонҳои ғайри ҳукумати байнанмиллалии, ки дар гуфтушуниди байни тоҷикон саҳми худро гузоштанд, зиёданд. Аз ҷумлаи ин ташкилотҳо, Кумитаи байнанмилалии Салиби Сурх ва Бунёди Оғохон фаъолтар буданд Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх дар татбиқи созишномаи иваз кардани асирони ҳарбӣ ва маҳбусон нақши муҳим дорад. Бунёди Оғохон бошад дар ҷараёни сулҳофари фаъолияти худро аз дастгири равандҳои барқарорсозӣ ва пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ оғоз кард. Аз ҷониби он дар доираи барномаи рушди ҷаъмоатҳои кӯҳистон кӯмакҳои зарурӣ расонда шуд.

Чорабиниҳои Бунёди Оғохон барои коҳиши буҳрони иҷтимоӣ, хусусан дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард.

Дигар созмонҳои ғайриҳукуматии байналмиллалӣ ба монанди Табибони бидуни марз, Гурӯҳи Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон низ дар раванди гуфтушунидҳо фаъолона иштирок карданд.

Фаъолияти созмонҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона шуда буданд.

Аксари лоиҳаҳои ин созмонҳо ба ҳалли мушкилоти ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дастгирии шаҳрвандони оддӣ равона гардида буданд. Ҳадафи асосии чунин ташаббусҳо тарғиб ва густариши фарҳанги сулҳ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба сабабҳо ва оқибатҳои ихтилофҳо, инчунин тарғиби усулҳои ғайризӯроваронаи пешгирии низоъҳо маҳсуб меёфт. Ин созмонҳо, бо роҳандозии барномаҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишҳои мавзӯӣ ва чорабиниҳои ҷомеа-мехвар, нақши муҳим дар таҳкими субот ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳои иҷтимоӣ ва этникӣ бозиданд. Илова бар ин, тавассути ҷалби фаъолонаи ҷавонон, занон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин барномаҳо ба ташаккули низоми самараноки ҳамзистии иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои сулҳу амният дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат карданд. Дар баробари ин, ҳамкории ин созмонҳо бо ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ ба беҳтар намудани ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳофаринӣ ва таҳияи стратегияи муосири ҳалли низоъҳо мусоидат намуд.

Дар фарҷом метавон зикр намуд, ки аҳамияти таърихии Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки он заминаҳои мусоиди бедории миллӣ, таҳкими ҳисси хештаншиносӣ ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии давлати тоҷиконро фароҳам овард. Ин дастоварди сулҳ ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони муосир шароити устувори таъмини амният дар саросари кишварро муҳайё намуда, таҳкими қонуният, рушди демократия ва дунявиятро мусоидат кард. Илова бар ин, Созишнома ба густариши равобити хориҷӣ, ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ, шинохти фарҳанги миллӣ ва болоравии нуфузу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ, он ҳамчун санади бунёдӣ на танҳо пояҳои сулҳу суботро дар кишвар устувор гардонд, балки заминаи пешрафт ва рушди устувори давлатдории миллиро низ муҳайё сохт.

Бедилзода Ҳ.К-мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови НАНТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123