МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - РОҲИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
Коррупсия дар ҷаҳони муосир ба унвони як падидаи иҷтимоӣ – ҳуқуқии печидае баррасӣ мешавад, ки тариқи назаррас ба пойдории рушди давлатӣ, самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, инчунин сатҳи эътимоди ҷамъиятӣ таъсиргузор мебошад.
Ин падидаи номатлуб алалхусус дар шароити ҷаҳонишавӣ аз миқёси дохилӣ ба сатҳи байналмилалӣ баромада, ба масоили амнияти иқтисодӣ, ҷаззобияти сармоягузорӣ ва устувории сиёсии на танҳо кишварҳои дар ҳоли тараққӣ қарордошта, балки давлатҳои нисбатан пуриқтидор низ таъсири манфӣ мерасонад. Барои кишвари мо ин масъала, махсусан дар заминаи таҳкими давлатдорӣ, мукаммалгардонии системаи идоракунии давлат ва таъмини амнияти миллӣ аҳамияти хосро дорад.
Баррасии коррупсия аз манзари таърихӣ барои дарки амиқи моҳият ва хусусиятҳои зоҳиршавии он дар шароити муосир заминаи мусоидро фароҳам оварда, ақида дар мавриди нав набудани ин падидаи номатлуб ва мавҷудияти он дар марҳилаҳои мухталифи рушди инсониятро тасдиқ мекунад. Ҳатто дар ҷомеъаи бостонӣ сӯиистифода аз ҳокимият ҳамчун инҳироф аз меъёрҳои идоракунии одилона арзёбӣ мешуд ва рушди минбаъдаи ниҳодҳои давлатӣ барои маҳдуд намудани чунин амал ташаккули механизмҳои ҳуқуқиро талаб мекард. Дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили идоракунии одилонаи давлат ва масъулияти мақомдорон дар системаи сиёсӣ – ҳуқуқӣ ҷойгоҳи хосае дошт.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он ин падидаи номатлуб нисбатан камтар ба назар мерасид, системаи маъмурӣ бо ташаккули модели идоракунии комилан мутамарказ бо принсипҳои баробарӣ ва волоияти қонун амал карда, низоми хизмати давлатию назорати риояи меъёрҳои муқарраргардида таҳти назорати қатъӣ қарор доштанд. Таҷрибаи идоракунии дар замони шӯравӣ андӯхта ва ниҳодҳои шаклгирифтаи назорати давлатии он замон, ба рушди минбаъдаи низоми мудирияти миллӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол таъсири худро расониданд.
Мавриди тазаккур аст, ки кишвари мо пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба шаклдиҳии низоми идоракунии давлатии худ, ки дар хати муқаддами он принсипҳои соҳибихтиёрӣ, волоияти қонун ва рушди ниҳодӣ меистоданд, оғоз намуд. Маҳз дар ин давра таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва таъсиси механизмҳои самараноки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳамияти махсус пайдо карда, шаклдиҳии заминаи ҷадиди ҳуқуқӣ ва рушди ниҳодҳои давлатӣ ба шарти зарурии таъмини рушди устувори кишвар табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки дар доираи илмӣ, коррупсия ба унвони сӯиистифода аз вазифаи хизматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ, ки дар ашколи мухталиф аз ришвагирӣ то амалҳои дигари ғайрирасмие, ки принсипҳои қонун ва адолатро нақз мекунанд, тавсиф мешавад. Дар чаҳорчӯби таҳқиқоти муосир ақидаи пойдоре вуҷуд дорад, ки коррупсия метавонад ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ таъсири системавӣ расонида, самаранокии қарорҳои давлатиро коҳиш диҳад ва ба тақсимоти оқилонаи захираҳо монеа эҷод намояду, барои рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ низ монеаҳои иловагӣ эҷод кунад. Аз ин лиҳоз, мубориза бо ин падидаи номатлуб бояд ба унвони самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ баррасӣ гардад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклгирии стратегияи мубориза бо коррупсия бар асоси рӯйкарди фарогир, шомили тадобири ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ниҳодӣ анҷом мешавад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи хоса ба такмили асоси ҳуқуқии танзимкунандаи масъулият барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсинӣдошта, инчунин ба тавсеаи механизмҳои назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ зоҳир карда мешавад. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии дахлдор ба таҳкими принсипҳои қонуният, шаффофият ва ҷавобгарӣ дар низоми идоракунии давлатӣ равона шудаанд.
Дар раванди мубориза бо коррупсия ниҳодҳои давлатии дорои ваколатҳои назорат ва санҷиши молиявӣ, ки фаъолияти онҳо барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷавӣ, таҳкими интизоми молиявӣ ва таъмини риояи меъёрҳои муқаррагардида мусоидат мекунанд, нақши вижаро мебозанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунӣ, аз ҷумла рақамикунонии расмиёти маъмурӣ, ба коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ва коста гардонидани эҳтимолияти хавфҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Дар сиёсати давлатии мубориза бо коррупсия ҷойгоҳи хосро тавсеаи потенсиали захираҳои инсонӣ касб мекугад. Барои мустаҳкам намудани пойдории ниҳодӣ ва баланд бардоштани сифати қабули қарорҳои идорӣ, диққати хоса бояд ба сайқал додани сатҳи касбияти хизматчиёни давлатӣ, тавсеаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулиятпазирӣ, инчунин татбиқи амалии принсипи шоистасолорӣ (меритократия) дода шавад. Дар ин замина, масоили ахлоқи хизмати давлатӣ ва таҳияи стандартҳои рафтори расмӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Нақши роҳбарияти олии давлат дар таҳия ва татбиқи сиёсати муқовимат ба коррупсия низ хеле муҳим мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд, ки мубориза бо коррупсия бояд хусусияти системавӣ ва ҳамоҳанг дошта бошад, зеро ин падидаи номатлуб эътимоди мардумро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад ва ба рушди устувори ҷомеа монеа эҷод мекунад. Ин мавқеъ нишондиҳандаи дарки стратегии аҳамияти масъала ва таъсири он ба равандҳои калидии рушди миллӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар доираи сиёсати амалкунанда, ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, ба афзоиши саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими принсипҳои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат ва мониторинги фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамкории байналмилалӣ дар стратегияи муқовимат ба коррупсия низ нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилот ва шарикони байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва такмили низоми миллии муқовимат ба коррупсия фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Иштирок дар ташаббусҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки равишҳои муосири мубориза бо коррупсия бо шароити миллӣ ва афзалиятҳои рушди кишвар мутобиқ гардонида шаванд.
Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ба низоми идоракунии давлатӣ ҳам ба қатори яке аз самтҳои муҳими рушд дохил мешавад. Хизматрасониҳои давлатии электронӣ, автоматикунонии расмиёти маъмурӣ ва рушди низомҳои иттилоотӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ мусоидат менамоянд. Ин тадбирҳо на танҳо ҳамкории шаҳрвандонро бо мақомоти давлатӣ соддатар мегардонанд, балки механизмҳои иловагии назоратиро низ фароҳам меоранд, ки аз пайдоиши амалҳои коррупсионӣ пешгирӣ менамоянд. Роҳбари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшрн инчунин ба зарурати масъулияти шахсии ҳар як хизматчии давлатӣ таъкид намуда, зикр мекунанд: «Дар мубориза бо коррупсия набояд бетарафӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳар як хизматчии давлатӣ бояд масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк намояд». Ин равиш ба ташаккули фарҳанги хизмат ба давлат ва ҷомеа дар асоси принсипҳои ростқавлӣ, касбият ва масъулиятнокӣ равона гардидааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҳолати иҷро намудани тамоми супоришҳои роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муборизаи беамон бар зидди коррупсия ҷомеаи имрӯзаи мо метавонад низоми давлатиро тавсеа дода, эътимоди мардум низ нисбат ба ҳукумат боло хоҳад рафт, зеро такмили муттасили расмиёти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди механизмҳои назорати ҷамъиятӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоидро фароҳам меорад. Дар ин замина, мубориза бо коррупсия на танҳо ба унвони абзори таъмини волоияти қонун, балки ҳамчун омили навсозии идоракунии давлатӣ низ амал мекунад.
Мавриди тазаккур аст, ки мубориза бо коррупсия ниёз ба рӯйкарди дарозмуддат ва низомманд дорад, ки такмили доимии механизмҳои идоракунӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими заминаҳои ниҳодиро дар бар мегирад. Дар кишвари мо ин раванд дар доираи як барномаи стратегӣ бо ҳадафи таҳкими давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардад.
Дар дурнамо, тавсеаи минбаъдаи сиёсати зиддикоррупсионӣ бо таъмиқи ислоҳоти ниҳодӣ, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд хоҳад буд. Рушди ин самтҳо метавонад самаранокии тадбирҳои амалишударо баланд бардошта, эътимод ба ниҳодҳои давлатиро таҳким бахшанд ва низоми устувори идоракуниро, ки ба талаботи муосир мутобиқ аст, ташаккул диҳанд.
Таҳлили анҷомшуда хулосаеро ба миён меорад, ки коррупсия як падидаи иҷтимоӣ - ҳуқуқии низомманд буда, ба идоракунии давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ таъсири маҷмуавӣ мерасонад. Вижагии он дар қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити ниҳодӣ аст, ки такмили муттасили иқдомоти мутақобили мубориза дар асоси равишҳои илмӣ ва роҳҳалҳои амалмеҳварро ба миён меорад.
Вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инро бояд таъкид намуд, мубориза бо коррупсия як ҷузъи ҷудонашавандаи стратегия оид ба таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувор мебошад. Сиёсати давлатии амалишаванда тамаркузи пайвастаро ба таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ташаккули фарҳанги таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ин падидаи номатлубро инъикос менамояд. Ниҳодинасозии механизмҳои мубориза бо коррупсия дар ин раванд нақши муҳим бозида, рушди чораҳои пешгирикунанда, ки ба коҳиш додани заминаҳои пайдоиши хавфҳои коррупсионӣ равона шудаанд, аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳамгироии фановариҳои мудирият ва роҳҳалҳои рақамӣ, ки ба афзоиши шаффофияти расмиёти маъмурӣ ва таҳкими назорат аз болои қарорҳои идорӣ мусоидат мекунанд, аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Ин иқдомот дар якҷоягӣ бо тавсеаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва афзоиши сатҳи масъулияти касбӣ дар байни хизматчиёни давлатӣ, заминаи коҳиши дарозмуддати коррупсияро ташкил медиҳанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, бояд қайд кард, ки самаранокии тадобири зиддикоррупсионӣ на танҳо бо мавҷудияти заминаи меъёрӣ – ҳуқуқӣ, балки бо дараҷаи ҳамоҳангии иқдомот байни ниҳодҳои давлатӣ, сатҳи иштироки ҷамъиятӣ ва устувории амалияҳои ташаккулёфтаи идоракунӣ таъйин мешаванд. Дурнамои рушди минбаъдаи сиёсати зиддикоррупсионӣ бо амиқгардонии ислоҳоти институтсионалӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани рӯйкардҳои навоварона дар мудирият алоқаманд буда, дар маҷмӯъ таҳкими амнияти миллӣ ва баланд бардоштани сифати идоракунии давлатиро таъмин менамояд.
Шозедов Х. Н. ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФС-и АМИТ
